Мақсади асосӣ – тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватанпарварӣ

Мақсади асосӣ – тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватанпарварӣ

Ташкилоти «Ватанпарвар»-и ёрирасони мудофиаи Ӯзбекистон 23-юми ноябри соли 1991 таъсис ёфтааст. Мақсади асосии он қонеъ намудани манфиатҳои умумӣ оиди фаъолияти ҳарбии ватанпарварӣ ва техникӣ-­варзишӣ, оммавию мудофиавии шаҳрвандони ихтиёрии муташаккил мебошад. Ташкилот ба сифати ташкилоти нотиҷоративу нодавлатии шакли иттиҳоди ҷамоавии ҳуқуқӣ фаъолият мебарад.
Имрӯзҳо 1 мактаби техникии муттаҳида, 1 маркази намудҳои варзишии амалӣ ва техникии вилоят, 19 клуби техникӣ – варзишии хонишии шӯрои вилоятӣ, 13 клуби шӯроҳои ноҳиявӣ ва 1 клуби шӯрои шаҳрӣ дар асоси ҷамоатӣ амал мекунанд.
Дар қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 12-уми декабри соли 2018 таҳти рақами ҚП‑4061 самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти «Ватанпарвар»-и ёрирасони мудофиаи Ӯзбекистон нишон дода шудааст.
Бо мақсади дар рӯҳи ҳарбии ватанпарварӣ, ахлоқиву маънавӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва ҷавонон, ки яке аз вазифаҳои асосии ташкилот ба шумор меравад, зиёда аз 800 тадбирҳои ҳарбии ватанпарварӣ, маънавӣ-­маърифатӣ гузаронида шуда, дар онҳо зиёда аз 112000 нафар ҷавонон ва шаҳрвандон иштирок карданд. Аз ҷумла, дар доираи «Моҳонаи ватанпарварӣ» зери шиори «Ватан муқаддас, ҳимояи он вазифаи пуршараф», ба муносибати «Рӯзи хотира ва қадршиносӣ» – «Ба ёд овардани аҷдодон арзиши муқаддас аст», «Эътибор ва ғамхорӣ – вазифаи инсонӣ», «Автокорвони хотира» ва вохӯрии «Се авлод», дар арафаи иди истиқлол барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ, ки аснои иҷрои вазифа ҳалок шудаанд, оилаҳои камбизоат, шаҳрвандоне, ки муддати ҷазоро адо мекунанд ба ҷойҳои сазовори диққати шаҳр, «Мактаби Темурбекҳо» ва қисмҳои ҳарбӣ зери шиори «Мо Ватанпарваронем!» тадбирҳои маънавӣ-­марифатӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ гузаронида шуданд.
Яке аз самтҳои асосии ташкилот таъмини рушд ва оммавигардонии намудҳои техникӣ ва амалии варзиш мебошад.
Ташкилот дар корҳои афзунсозиву оммавигардонӣ, тарғиби намуд­ҳои техникӣ ва варзиш дар байни шаҳрвандон ва ҷавонони ноболиғ, гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, таъмини иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ҳиссаи муносиб мегузорад.
Имрӯзҳо аз ҷониби ташкилот намудҳои техникӣ ва амалии варзиш ба монанди картинг, автокросс, автораллӣ, пойгаҳои ҳалқаи автомобилӣ, мотокросс, триатлон, дуатлон, чавандозӣ, биатлони тобистона, тирандозӣ, авиамодел, ракетамодел, киштимодел, радиоалоқа тавассути телефони ултракӯтоҳ ва телеграф оммавӣ гардонида шудааст. Инчунин, оиди ривоҷдиҳии варзиши парашют (шари ҳавоӣ) корҳои ташкилӣ бурда мешавад.
Дар сохтори шӯрои вилоят 28 маҳфили варзишӣ амал намуда, дар онҳо зиёда аз 700 варзишгарон шуғл меварзанд. Дар байни ҷавонон оиди намудҳои техникӣ ва амалии варзиш дар асоси нақша мусобиқаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ (шаҳрӣ) гузаронида мешавад.
Дар шаҳри Самарқанд чемпионати ҷумҳурият доир ба автокросс, триатлон, авто ва киштимодел бо ҳамкории ҳокимияти вилоят дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
Дар натиҷаи ин сафи варзишгарони бомаҳорат афзуда, рақобат байни ҷамоаҳои миллӣ пурзӯр мешавад. Варзишгарон дар чемпионатҳои қитъа, ҷаҳон ва дигар мусобиқаҳои байналхалқӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Яке аз самтҳои фаъолияти ташкилот тайёр намудани ходимони касби оммавӣ буда, машғулотҳо бо истифодаи технологияҳои педагогии замонавӣ, воситаҳои техникӣ ва тренажёри махсус гузаронида мешаванд.
Дар 21 муассиса ва клубҳои варзишӣ-­техникии хонишии ташкилот соле дар 466 гурӯҳи хонишӣ беш аз 9500 нафар ронандагони воситаҳои автотранспорти тоифаи гуногун, радиотелеграфистҳо ва дигар мутахассисон тайёр карда мешаванд.
Ғайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи бехатарии ҳаракати роҳи Садорати корҳои дохилии вилоят дар муассисаҳои таълимии ташкилот зиёда аз 500 тадбирҳои тарғиботии «Қоидаи роҳ – фоидаи умр», «Диққат, пиёдагард» гузаронида шуданд. Дар онҳо 70000 нафар ҷавонону хонандагон иштирок кардаанд.
Ташкилоти «Ватанпарвар» дар корҳо бобати тарбияи ҷавонони мамлакат ба рӯҳи ҳарбии ватанпарварӣ ҳамаро ба фаъолӣ даъват менамояд. Чунки ватанпарварӣ яке аз арзишҳои олитарини халқи Ӯзбекистони бисёрмиллат аст.

Алишер ЭГАМБЕРДИЕВ,
раиси Шӯрои вилоятии ташкилоти «Ватанпарвар»
.