Президенти Татаристон ба Самарқанд омад

Президенти Татаристон ба Самарқанд омад

Рӯзи 25-уми ноябр Президенти Ҷумҳурияти Татаристон Рустам Миннихонов бо сафари корӣ ба мамлакатамон ташриф овард.
Меҳмони соҳибқадрро дар фурудгоҳи (аэропорт) байналмилалии Самарқанд ҳокими вилоят Э. Турдимов пешвоз гирифт.
Тибқи гузориши Хизмати матбуоти ҳокимияти вилоят дар доираи ташриф вохӯрии Р. Миннихонов бо шаҳрвандони татарзабони мамлакат барпо гардид.
Бояд гуфт, ки Р. Миннихонов ташрифи пешинаи худро, ки моҳи сентябри соли 2017 ба амал омад, аз Самарқанд сар карда, обидаҳои меъморӣ-­фарҳангӣ ва қадамҷойҳои мубораки шаҳрро зиёрат карда буд.
Дирӯз ҳайати намояндагони Ҷумҳурияти Татаристон бо сарварии президенти кишвар Р. Миннихонов бо фаъолияти ширкати «UzAuto Trailer»-и Самарқанд шинос шуданд ва хатти василаи шасси барои мошинҳои «КамАЗ»-и навро, ки дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳҳомии истеҳсолии «КАМАЗ»-и Русия амалӣ гардид, расман ба кор андохтанд.
Дар тадбири мутантане, ки ба ин муносибат ташкил гардид, Президенти Ҷумҳурияти Татаристон Р. Миннихонов, ҳокими вилоят Э. Турдимов, сардиректори Ҷамъияти саҳҳомии истеҳсолии «КАМАЗ» С. Когогин ва дигарон дар бораи сол то сол мустаҳкам гардидани муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия ҳарф зада, таъкид карданд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур маҳсули ҳамин робитаҳо мебошад.
Хатти василавии нав дар бинои истеҳсолии дорои майдони 7,4 ҳазор метри мукааб ташкил гардида, линия бо технологияҳои замонавӣ ва таҷҳизоти ёрирасон таъмин карда шудааст. Инчунин, дар бино истеҳсоли баллони газӣ ва нуқтаи васлсозии шассии «КАМАЗ» ташкил гардидааст.
Инчунин, дар доираи ташриф Президенти Ҷумҳурияти Татаристон дар тақдимоти фарҳангӣ-­этнографии «Лаҳзаҳои абадият», ки дар театри «Эл мероси» барпо гашт, иштирок намуд.
Дар тақдимот беш аз 200 навъи либосҳои таърихӣ, ки аз матоъҳои абрешимӣ, бахмал ва пӯсту чармҳо дӯхта шудаанд ба намоиш гузошта шуд.
Дирӯз Президенти Татаристон Р.Миннихонов аз Самарқанд ба Тошқанд рафт ва бо Президенти Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев вохӯрд.