Шароити зиндагӣ дар Тим беҳтар мешавад

Шароити зиндагӣ дар Тим беҳтар мешавад

Замон дигар шуд. Чунонки роҳбари давлатамон қайд намуд, «одамон ба идораҳои давлатӣ не, балки идораҳои давлатӣ ба халқамон хизмат карданашон лозим аст». Кору фаъолияти органҳои роҳбарикунанда ҳоло аз рӯйи ҳамин тамоил ташкил карда мешаванд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар мавзеъҳои дурдаст шуда, бо рӯҳияи мардуми он ҷо ва тарзи ҳаёти онҳо шинос мешавад. Барои ҳалли масоилҳое, ки онҳоро азоб медиҳанд, барои фаровонии ҳаёти онҳо чораҳои зарурӣ меандешад.
Яке аз чунин вохӯриҳо бо аҳолӣ дар маҳаллаи Тими ноҳияи Нуробод гузаронида шуд. Дар ин деҳа, ки аз маркази ноҳия дур, гуфтан мумкин аст, ки аз эътибор дар канор мондааст, масъалаҳои зиёди ҳалталаб ҷамъ гардидаанд. Аз ҷумла, роҳҳои деҳа 25-30 сол боз рӯйи таъмирро надидаанд. Бар замми ин, аз хуб набудани ҳаракати нақлиёти мусофиркашон ба маркази маъмурии ноҳия ва ба ноҳияҳои дигар рафтани аҳолӣ душвориҳоро ба миён меоранд.
Бинобар ҳамин, ҳокими вилоят дар рафти вохӯрӣ бо аҳолӣ барои бартараф кардани масъалаҳои деҳа ба мутасаддиёни соҳа тавсияҳои зарурӣ дод. Аз ҷумла, қисми асосии кӯчаҳои дохили маҳалларо асфалтпӯш карданӣ шуданд. Аз ҳама асосиаш, ҳамаи кӯчаҳои пурхоки маҳалла то соли нав сангфарш карда мешаванд.
Масъалаи бо оби ошомиданӣ таъмин кардани ин деҳаи кӯҳӣ ҳал мегардад. Дар вохӯрӣ то охири моҳи марти соли 2020 бо оби нӯшиданӣ таъмин кардани аҳолӣ таъкид гардид. То кашидани шабакаи об барои бо об таъмин кардани мардум нақлиётҳои махсуси обкашон ҷудо карда мешаванд.
Ҳокими вилоят аҳолии деҳаро боз аз як кори хайр хабардор кард: дар ҳудуди деҳаи Тим барои ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Нурафшон бинои нав сохта мешавад. Он бо технологияҳои замонавии бинокорӣ – панелҳои сендвичӣ бунёд мегардад. Сохтмони он дар давоми ҳамин ҳафта оғоз ёфтанаш низ маълум гардид.
Дар мулоқот сардори Сарсадорати вилоятии Бонки марказӣ Қаюм Собиров маълум намуд, ки бонкҳои тиҷоратӣ барои аҳолии қишлоқи Тим як миллиард сӯм захира ҷудо карданд. Бо гирифтани то 30 миллион сӯм воми (кредит) имтиёзнок 40-50 хонадони деҳа баробари ба фаъолияти тадбиркорӣ сар кардан, бо кори фоиданок машғул шудан, имконияти беҳтар гардондани шароити зиндагониашон мусоидат менамояд.
Пас аз анҷоми мулоқот ҳокими вилоят бо фаъолияти мактаби таълими умумии рақами 56-и ноҳияи Нуробод шинос шуда, корҳои дар амал иҷрокардашудаи омодагӣ ба тирамоҳу зимистонро аз назар гузаронд. Дар ҳудуди мактаб биноҳои бекорхобидаро таъмир карда, таъсис додани ташкилоти томактабӣ барои 100 нафар кӯдакон пешбинӣ гардид. Супориш дода шуд, ки ин кор то 1-уми сентябри соли оянда ба охир расонида шавад.
Худи ҳамон рӯз ҳокими вилоят дар деҳаи Аработа шуда, бо шароити зиндагонии сокинони ҳамин маҳалла Гуласал Бекназарова ва Матлуба Умарова аз наздик шинос шуд. Беҳтар кардани шароити хонаводагии ин ду нафар мӯҳтоҷон ёрии иҷтимоӣ ва ба роҳ мондани имконияти молиявии онҳо андешидани чораҳои зарурии кӯмакрасонӣ дақиқ карда шуд.

Ё.ГАДОЕВ.