Фаъолияти марказҳои реабилитатсионӣ такмил меёбад

Фаъолияти марказҳои реабилитатсионӣ такмил меёбад

Дирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят оиди таъмини қарори Президент аз 2-юми июли соли 2018 « Дар бораи чораву тадбирҳои такмилдиҳии офият (реабилитатсия)-и иҷтимоӣ ва мутобиқсозӣ, инчунин пешгирии зӯроварии маишӣ дар оила» анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Тадбирро сарвари Садорати ахбор ва комуникатсияҳои оммавии вилоят Манноб Ибодуллоев кушод. Сипас, ҷонишини ҳоким, раиси Кумитаи зан ва духтарони вилоят Г. Алимова дар хусуси ҳуқуқи занҳо дар ҷамъият дар ҷараёни кор ва оила ҳарф зад. Ӯ таъкид намуд, ки барои ҳимояи ҳуқуқи зан-­духтарон аз тарафи давлатамон чораҳои зарурӣ дида шудааст.
Дар ҳудуди вилоят 17-то маркази реабилитатсия фаъолият дошта, корбарии марказҳои шаҳри Самарқанд, Каттақӯрғон ва ноҳияҳои Пайариқ, Булунғур, Тайлоқ дуруст ба роҳ монда шуд. Таъмини иҷрои қарор дар ҳокимияти вилоят бо иштироки Э. Турдимов муҳокима гардида аз рӯи камбудиҳо супоришҳо доданд.
То санаи 1-уми ноябри соли равон ба марказ 668-то шаҳрванд муроҷиат намудааст. Аз онҳо ба 139-тоаш ёрии тиббии психологӣ, 113-тоаш ёрии ҳуқуқӣ расонида шуд. 66 нафар зан-­духтарон бо кор таъмин гардида, ба 46 –тояшон ёрдами амалӣ, ба 100 нафари онҳо ёрии иҷтимоӣ расониданд. Дар миқёси вилоят бошад 287-то оила оштӣ кунонида шуд.
Барои беҳсозии муҳити пешгирии оилаҳое, ки мунтазам ба арақнӯшӣ руҷӯъ кардаанду ба фарзандони худ тазъиқ мегузаронанд ва ба ҳолатҳои нохуш сабаб мешаванд, дар ноҳия ва шаҳрҳо, комиссия, гурӯҳи ҷамоатӣ ташкил карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.

Н.БОБОАХМАДОВ.