Барномаи мукаммал ба сӯйи мақсад роҳи васеъ мекушояд

Барномаи мукаммал ба сӯйи мақсад роҳи васеъ мекушояд

Ба интихоботи Палатаи қонунгузории Олий Мажлис ва Шӯроҳои маҳаллии намояндагони халқ, ки 22-юми декабри соли ҷорӣ дар мамлакатамон баргузор мегардад, тамоми ҳизбҳои сиёсӣ омодагии қатъӣ мебинанд. Албатта, имрӯз дар кишварамон фаъолият нишон додани якчанд қувваи сиёсӣ дар ҷамъиятамон рақобати солимро ба вуҷуд оварда, онҳоро ба қувваозмоии ҳақиқӣ даъват менамояд.
Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ» низ дар ин ҷараён фаъолона иштирок намуда, барои дар назари халқ будан, ба маънои аслиаш ба ҳизби халқӣ табдил ёфтан аз таҳти дил ҳаракат дорад. Барои ба ин ноил шудан, аввалан, бояд мувофиқи шиддати даврии ҳизбҳо ва талаби рӯз корро пеш бурд. Табиист, ки дар ин ҷараён барномаи пухта ва мукаммал мавқеи алоҳида дорад. Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ» низ аз ҳамин нуқтаи назар платформаашро дар асоси ғояву мақсадҳои наҷиб нав кард. Барои ин дар ҷойҳо дебатҳо ташкил карда, пешниҳодҳои намояндагон, фаъолон ва электорати ҳизб омӯхта шуд.
Дар дебате, ки дар шаҳри Самарқанд гузаронида шуд, аъзои фраксияи ҳизб дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, намояндагони шӯроҳои маҳаллӣ ва фаъолони шӯроҳои ҳизб дар вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Навоӣ, Қашқадарё, Сурхондарё ва Ҷиззах иштирок карда, барномаи ҳизбро ҳарҷониба баррасӣ карданд. Ҳамин гуна музокираҳо (дебатҳо) дар шаҳри Каттақӯрғон, ноҳияи Пайариқ низ ташкил гардида, дар хусуси боз ҳам такмил додани барномаи ҳизб пешниҳодҳои фаъолон, фикру мулоҳизаҳои электорат шунида шуд.
Меҳмонон қабл аз оғози музокираҳо дар шаҳри Самарқанд мақбараи Соҳибқирон Амир Темур ва темурзодагон, инчунин ёдгории меъмории Ашратхонаро аз назар гузарониданд. Ҳолати имрӯзаи объектҳои мероси маданӣ ҳарҷониба таҳлил гардида, барои ҳалли муаммоҳои мавҷуд мубодилаи афкор карда шуд. Ба хусус, зарурати таъмир, реставратсия ва консерватсия кардани ёдгории меъмории Ашратхонаро, ки дар ҳолати хароб қарор дорад, таъкид карданд. Доир ба ин масъала ба вазорат ва идораҳои дахлдор таклифҳо омода гардид.
Ҷараёни истеҳсолоти ба технологияҳои навтарин асосёфтаи корхонаи “Amonov Mebel Tex” ба меҳмонон таассуроти калон гузошт. Ҷараёни кори тадбиркор, ки маҳсулоташро зери бренди “Дар Ӯзбекистон истеҳсол шудааст” ба хориҷа содирот менамояд ва дар давоми кор захираи энергия низ сарфа мегардад, ҳарҷониба дастгирӣ ёфт. Ба он эътибор нигаронида шуд, ки чунин технологияи сарфакор дар тамоми шабакаҳо васеъ ҷорӣ карда шавад.
Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизб дар театри вилоятии лӯхтакҳо, ҷараёни кори ҳизб, ҷиҳозонидани хонаҳо, тартиби ҳуҷҷатҳои меъёрӣ аз назар гузаронида шуданд.
Дар ҷараёни мулоқоти кушоде, ки бо ҳунармандон гузарониданд, дар бораи баъзе муаммоҳои ба чашм намоёни соҳа ва бартараф намудани онҳо фикрҳо баён гардид.
Хуллас, дар асоси фикру пешниҳод ва тавсияҳое, ки дар музокираҳои дар миқёси ҷумҳуриятамон гузаронидашуда баён гардиданд. Барномаи пешазинтихоботии барои солҳои 2020-2025 муқарраргардидаи Шӯрои Марказии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон таҳия ва дар анҷумани навбатии 1-уми ноябри соли ҷорӣ баргузоршуда тасдиқ гардид.
Барнома аз пештарааш фарқ карда 8 вазифаи муҳими устуворро фаро гирифтааст. Инҳо:
Равияҳои устувори боз ҳам демократӣ кардани ҳокимият ва идораи давлат, рушди ҷамъияти шаҳрвандии дорои маънавияти баланд.
Равияҳои устувори таъминнамоии устувории қонун дар мамлакат ва боз ҳам ислоҳсозии сохтори додгоҳу (суд) ҳуқуқ.
Равияҳои устувори рушди барқарори иқтисодиёти миллӣ.
Равияҳои устувори боз ҳам ривоҷ додани соҳаи иҷтимоӣ, дар мамлакат ислоҳсозии таълиму тарбия.
Равияҳои устувори таъмини сиёсати берунӣ, бехатарӣ, тафоҳуми байнимиллӣ ва фарохдилии динӣ.
Равияҳои устувори соҳаи маънавӣ – маърифӣ.
Равияҳои устувори муҳофизати объектҳои мероси маданӣ ва рушди туризм.
Равияҳои устувори рушди макони ахбори миллӣ ва соҳаи таъминоти ахбор.
Аз ҷониби Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекис­тон ва намояндагони он ба барнома нақшаи амалисозии назорати ҷамоатӣ, депутатӣ ва парламентӣ аз болои иҷрои босифат ва саривақтии қонунҳо, стратегияҳо ва лоиҳаи барномаҳо дар солҳои 2020-2025 илова карда шуд. Шахсе, ки бо он аз наздик шинос мешавад, роҷеъ ба ҳизб тасаввур ва таассуроти гарм пайдо карда, хоҳиши дастгирии ғояву мақсадҳои наҷиб ба вуҷуд меояд.
Ҳизб бо мақсади аз наздик шиносонидани аҳолӣ бо барномаи худ, боз ҳам афзудани шумораи хайрхоҳону тарафдоронаш тарғиботи васеъмиқёс бурд. Имсол дар шакли митинг, яъне намоиш ташкил намудани тадбирҳои тарғиботӣ самарадории онро боз ҳам афзуд. Тадбирҳои тарғиботии зери шиори «Муттаҳидем! Дастро ба даст медиҳем!», ки бо ташаббуси Шӯрои Марказии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон оғоз ёфт, тамоми мамлакатамонро фаро гирифт.
24-уми октябри соли ҷорӣ яке аз чунин тадбирҳо дар майдони Регистони шаҳри Самарқанд гузаронида шуд. Дар он фаъолони Шӯроҳои Марказӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб, намояндагони шӯроҳои маҳаллӣ, ташкилоти ибтидоии ҳизб, хайрхоҳони ҳизб, ҷавонон ва вакилони ВАО иштирок доштанд. Дар тадбир раиси Шӯрои Марказии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ» Алишер Қодиров, маълум карда, ки маъракаи интихоботии имсола зери шиори «Ӯзбекистони нав – интихоботи нав» ташкил мегардад. Таъкид гардид, ки мақсади асосии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ» дар интихобот фаъол иштирок карда, ғалаба ба даст овардан мебошад. Ӯ бо ғояҳои ҳизб ва вазифаҳои устувори он ҳозиронро шиносонид.
Дар тадбирҳо ғоя ва мақсадҳои Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ», барномаи пешазинтихоботии он тарғиб карда шуданд. Таъкид гардид, ки дар интихобот фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намояндагии аз ҳама зиёдро ба даст овардан мақсади асосии ҲДЭМӮз мебошад ва даъват карда шуд, ки тамоми шаҳрвандон дастро ба дасти ҳам диҳанд ва бо якҷоягии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ» Ӯзбекистони навро созанд.
Дар ҳоли ба эътибор гирифтани он, ки дар ҷараёни сиёсӣ зиёда аз 2 миллион нафари интихобкунандагонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба шиносонидани онҳо бо қонунияти интихобот низ эътибори алоҳида дода мешавад. Бо ташаббуси «Боли ҷавонон»-и Шӯрои вилоятии ҳизб дар ҷойҳо таҳти унвони «Ман дар интихобот бори аввал иштирок мекунам», «Ман ба интихобот омодаам!» бо ҷавонон вохӯриҳо ташкил намуда, ба онҳо дар бораи барномаи пешазинтихоботии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2025 амиқ фаҳмонида мешавад.
Дар ҳамин гуна тадбири дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд баргузоргардида қайд гардид, ки иштироки шаҳрвандон дар ташкили тарзи демократии органҳои давлатӣ айнан ба воситаи интихобот намоён хоҳад шуд. Дар он донишҷӯёни ҷавон бо саволҳои худ дар хусуси ҷараёни интихобот ба фаъолони ҳизб муроҷиат намуда, ҷавобҳои дуруст гирифтанд.
Кушод ва шаффоф гузаштани ҷараёни сиёсӣ дар рӯзи интихобот ба он вобаста аст, ки мушоҳидон ва вакилони ваколатдори аз ҷониби ҳизб нишондодашуда боадолатона гузаштани онро сидқидилона назорат намоянд. Аз ин боис, аз ҷониби шӯрои вилоятии ҳизб барои мушоҳидон ва вакилони ваколатдори ҳизб хониши дурӯза ташкил гардида, дониш ва маҳорати онҳо боз ҳам такмил дода шуданд. Фаҳмониданд, ки мушоҳидон ва вакилони ваколатдори ҳизб бояд ба вазифаи худ бомасъулиятона нигариста, корро мувофиқи нишондоди қонун пеш баранд.
Рӯзи 18-уми ноябр ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳои ба Палатаи қонунгузории Олий Мажлис ва шӯроҳои маҳаллии намояндагони халқ нишондодашуда оғоз ёфт. Барои номзадҳои ба депутатии Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз ҷониби Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон нишондодашуда рӯзҳои 19-20-уми ноябр аз ҷониби шӯрои вилоятии ҳизб дар мавзӯи «Масъалаҳои пурдолузарби ташкилнамоии самаранокии ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба депутатӣ» семинар-­тренинг баргузор шуд. Дар он дар бораи мазмуну моҳияти Кодекси нави интихоботи дар мамлакатамон қабулгардида, талабҳои ба номзадҳо гузошташуда, вазифаҳои муҳими дар наздашон гузошташуда сухан рафт.
Фаъолони ҳизб бо мақсади аз наздик шиносонидани аҳолӣ бо барномаи ҳизб ва корҳои тарғиботии пешазинтихоботӣ аз матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ, инчунин, шабакаҳои иҷтимоӣ босамар истифода мебаранд. Бар замми ин, фаъолони шӯрои вилоятии ҳизб брифингҳо гузаронида, ба вакилони ВАО маълумоти дахлдорро мерасонанд. Яке аз чунин брифинг­ҳо дар шӯъбаи вилоятии маркази матбуоти байналхалқии Комиссияи марказии интихобот баргузор гардид. Дар он оиди аҳамияти барномаи барои панҷ соли оянда муқаррарнамудаи ҳизб ва мазмуну моҳияти он дар наздик кардани ҳизб бо аҳолӣ ва афзудани нуфузи ташкилот сухан рафт.
Дар брифинг оиди номзадҳои ба Палатаи Олий Мажлис ва шӯроҳои маҳаллии намояндагони халқ низ маълумот дода шуданд. Боварӣ изҳор карда шуд, ки номзадҳои аз байни фаъолони ҳизб ва электорат интихобкардашуда барои истиқболи тараққиёти мамлакатамон ва фаровонии он ташаббус нишон дода, корро пеш хоҳанд бурд.
Дар ҷараёни интихобот ҳимоят намудани нуфуз ва шаъни ҳизб, дар шӯроҳои намояндагони маҳаллӣ аз ҳама зиёд ҷойҳои депутатиро ишғол намудан, ба он вобаста аст, ки корҳои тарғиботиву ташвиқотии номзадҳо бо интихобкунандагон самаранок ташкил карда шавад. Дар семинар-­тренинг дар хусуси пухта таҳия кардани барномаи пешазинтихоботии номзад ба депутатӣ, хусусиятҳои нутқ кардан дар назди интихобкунандагон, дар муборизаи пешазинтихоботӣ ба хатоиҳо роҳ надодан фикру мулоҳизаҳо баён гардида, тавсия ва нишондодҳои зарурӣ дода шуданд.
Дар семинар фаҳмониданд, ки ҳангоми гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба номзадҳо ба депутатӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар як ҳаҷм вақти эфир ва майдони нашри бепул тақдим гардида, барои истифода аз ВАО имкониятҳои баробар фароҳам оварда шудааст. Ба номзадҳо ба депутатӣ ва вакилони боэътимоди онҳо зарур аст, ки ҳангоми бурдани ташвиқоти пешазинтихоботӣ ва гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон аз чунин имкониятҳо васеъ истифода баранд. Дар давоми семинар ба саволҳои номзадҳо муфассал ҷавоб гардонида шуданд.

Азим СОЛИЕВ,
роҳбари девони Кумитаи иҷроияи Шӯрои вилоятии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон
.