Дурнамои табобати кардиологӣ дар Самарқанд

Дурнамои табобати кардиологӣ дар Самарқанд

Маълум аст, ки 20-уми июни соли 2017 Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи чора ва тадбирҳои боз ҳам такмил додани хидматрасонии тахассусии тиббӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул карда шуда буд.
Рӯзноманигор Ӯктам ИБРОҲИМ дар мавриди иҷрои қарор бо саркардиологи вилояти Самарқанд Фирӯза Имомова сӯҳбат орост, ки пешкаши муштариёни «Овози Самарқанд» мешавад.
Дар оғози сӯҳбат Фирӯза Акбаровна чунин гуфт:
– Барои баланд бардоштани кайфият (сифат)-и табобат мутахассисони хуби баландмалака лозим аст.Маҳз бо ҳамин мақсад 1 нафар табиби диспансери кардиологии вилоят дар услуби эхокардиографияи Маркази ҷарроҳии кардиологияи ба номи А. Вишневскии Русия таҳсил намуд. 2 нафар табиб дар Маркази тахассусии кардиологияи ҷумҳурӣ дар иртибот ба коронография ва кардиология дар курси шашмоҳа таҳсил карданд
– Дар шаҳру вилоят, ноҳияҳо барои беҳтаргардонии табобати бемориҳои дил ва рагҳои хунгузар чӣ гуна шароит фароҳам оварда шудааст?
– Алҳол дар ҳамаи ноҳияҳо, Иттиҳодияи табобатии Каттақӯрғон ҷамъ барои 280 нафар шӯъбаҳо кушода шуда, онҳо бо асбоб ва таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардида истодаанд. Ҳамаи Иттиҳодияҳои тиббии ноҳияҳо велоэгрометр, монитори холтери ЭКГ, ки мушоҳидаи дили беморро шабу рӯз назорат мекунад, мониторҳои эхокардиограмма, монитори фишори артериалӣ муҷаҳҳаз гардида, табибони диспансер дар донишгоҳи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Тошканд таҳсил карданд. Дар назди диспансер 25 нафар табибон аз сари нав омода гардиданд.Аз онҳо 18 нафар табибони табобати умумӣ, 4 нафар табибони «Ёрии таъҷилӣ» мебошанд.
Қариб 500 нафар сокинони вилоят аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Дар тӯли 6 моҳ 2967 нафар беморон табобат карда шуданд.
Барои боз ҳам беҳтар ба мардум расондани кӯмаки замонавӣ ва технологии кардиологӣ мувофиқи қарор Президентамон дар соли равон бунёди шӯъбаи ҷарроҳии эндоваскулярӣ ва поликлиника, ки барои 100 нафар муқаррар гардидааст, реконструксияи он давом дорад.
– Акнун рӯ биоварем ба омори бемориҳои дилу рагҳои хунгузар. Дар ин хусус чӣ гуфта метавонед?
– Афсӯс, ки дар ин маврид санадҳои суруроварро гуфта наметавонем. Масалан, дар соли 2018 дар миёни аҳолии Самарқанд чунин бемориҳо 9,6 дарсад (фоиз) ташкил кардааст. Марги умумии беморон дар таносуб бо дигар бемориҳо 63 дарсадро нишон дод. Нишондиҳанда дар се соли охир 4,9 дарсад афзудааст.
– Барои пешгирӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз ин бемориҳо чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?
– Аз ҷониби Вазорати нигаҳдории тандурустӣ фармоишҳои рақамҳои 106 ва 422 соли 2014 интишор ёфтаанд. Мувофиқи ин фармоишҳо такмил додани табобати бемориҳои синдром (аломат)-и шоҳраги тез ва гипертонияи артериалӣ доштаро дар сари вақт ошкор сохтан аст. Барои амалӣ кардани фармонҳо зинаҳои муттаҳид кардани муассисаҳои тиббӣ алалхусус, хидмати патронажиро беҳтар кардан лозим аст. Саривақт ошкор кардани бемориҳои дил ва рагҳои хунгузар, гипертонияи артериалӣ, ба назорати диспансерӣ гирифтани онҳо, табобати беморон ва ғайра ба кам шудани шумораи беморон мусоидат мекунад.
– Пас чаро ин корҳо сари вақт анҷом намеёбанд? Масъалаи бемориҳои ишемия ҳамоно ҳал нашудааст?
– Дар соҳаи мо ҳам бисёр масъалаҳо мавҷуданд. Иттиҳодияҳои тиббӣ, ки дар онҳо шӯъбаҳои кардиологӣ мавҷуданд, комил муҷаҳҳаз ва мутахассисҳо дар сатҳи дилхоҳ таҳия карда нашудаанд. Фақат дар 6-то ноҳия ферментҳои кардиоихтисосӣ дар хун муайян карда мешаванд. Масъалаи таъмин кардани корпуси ҷарроҳии эндоваскулярӣ, ки барои истифодабарӣ дар соли 2020 ба нақша гирифта шудааст, муаммои мутахассисҳо то ҳол ҳалли худро наёфтаанд. Таҳсили мутахассисҳои бригадаҳои мудохиловии кардиологӣ дар тӯли якчанд сол ва даъват кардани мутахассисҳои давлатҳои хориҷӣ маблағи калонро талаб мекунад. Боз як масъала: аз буҷет ҷудо кардани маблағ барои аҳолии камбизоати мӯҳтоҷ ба ҷарроҳии эндоваскулярӣ аст.
– Акнун бигӯед, ки киҳо имтиёзи табобат доранд?
– Маюбони гурӯҳҳои якум ва дуюм, иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва Ҷабҳаи меҳнат, ҷанговарони байналмилалӣ, нафақагирҳое, ки мувофиқи синну сол кор намекунанд, инчунин, онҳое, ки ордер барои табобат доранд, беморони аз ҷойи зист дар бобати камбизоатӣ ҳуҷҷат дошта ва ғайра дар табобат соҳиби имтиёзҳо мебошанд.
– Бо вуҷуди он ки дар бисёр ҷойҳо, масалан, интернет дар хусуси бемориҳои ишемия маълумотро дарёфт кардан мумкин аст, мардумро боз як бор огоҳ кардани Шумо аз фоида холӣ нест.
– Сабабҳои беморӣ инҳо: камҳаракатӣ (гиподинамия), фарбеҳии аз ҳад зиёд, вазни барзиёд, хӯрокхӯрии нодуруст, тамокукашӣ, сӯистеъмол аз машрубот, баланд шудани фишори артериалӣ, риоя накардан ба тарзи ҳаёти солим ва ғайра мебошанд.