Конститутсия – кафолати озодӣ

Конститутсия – кафолати озодӣ

Бахшида ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар мактаби миёнаи таълими умумии рақами 24-и шаҳри Самарқанд байни хонандагони синфҳои 8-11-и мактабҳои ҳамагонӣ зинаи вилоятии озмуни «Конститутсия – кафолати озодӣ» гузаронида шуд.
Дар озмун 16 нафар ғолибони зинаҳои ҳудудии озмун иштирок намуданд. Хонандагон дар бораи аҳамияти сарқонун дар равнақи мамлакат, ҳаёти иҷтимоию сиёсии халқ иншо навиштанд.
Корҳои эҷодии онҳо аз тарафи мутахассисони Садорати адлияи вилоят ва омӯзгорони ботаҷрибаи Маркази ҳудудии такмили ихтисос ва бозомӯзии ходимони таълими халқи вилоят боадолатона ва холисона санҷида шуд.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоӣ, хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи таълими умумии рақами 21-и ноҳияи Самарқанд Рухшона Обидҷонова ҷойи якумро сазовор гашта, ба зинаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Инчунин, хонандаи синфи 11-уми мактаби миёнаи таълими умумии рақами 4-и ноҳияи Оқдарё Марҷона Сувонова ва хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи таълими умумии рақами 20-и ноҳияи Пайариқ Фарида Михлибоева ҷойи дуюмро ноил гаштанд.
Ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи таълими умумии рақами 12-и ноҳияи Пахтачӣ Ӯғилой Эламонова ва хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи таълими умумии рақами 8-и шаҳри Каттақӯрғон Муниса Очилова насиб кард.
Ғолибони озмун ва устодони онҳо бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Садорати таълими халқи вилоят сарфароз гардиданд.

Ҳ.СУЛАЙМОНӢ.