Бунёди китобхонаи нав дар маҳалла

Бунёди китобхонаи нав дар маҳалла

Рӯзи шанбе дар маҳаллаи ба номи Ибни Синои шаҳри Самарқанд вохӯрии навбатии эҷодкорони таҳририят бо қариб бист нафар аҳолии маҳалла баргузор гардид.
Нахуст мухбири ҷамоатии рӯзнома, собиқ муҳаррири бахши тоҷикии телерадиокомпанияи вилоятии «Самарқанд» Ҳамза Ҷӯра дар бораи ҷашн гирифтани 30 – солагии таъсиси рӯзнома, таърихи чопшавии шумораи аввалин, вақтҳои охир аз рӯзномаю китобхонӣ каме дур шудани одамон, нури маънавият будани китобу рӯзномаҳо, аз ҷониби фаъолони маҳалла дар байни аҳолӣ тарғибу ташвиқ намудани рӯзномахонӣ ва ғайра ҳарф зад.
Сипас, мухбири рӯзнома Ҷамшед Обидов роҷеъ ба қонуну фармонҳое, ки дар соҳаҳои гуногун қабул мегарданд, бахусус, мазмун ва моҳияти низом «Дар бораи ба тартиб овардани тӯйҳо, тантанаҳои хонавода, маърака ва маросимҳо», ки бо қарори муштараки Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон қабул шудааст, баланд бардоштани савияи дониши насли наврас, соҳиби маънавияту маърифат шудани онҳо, мустаҳкам намудани ҳамкории байни матбуоту маҳалла ва ба ин восита бартараф намудани масъалаҳою мушкилиҳои мардум ва ғайра гап зад.
Баъди ҳамин, сокинони маҳалла Сӯҳроб Бозоров, Маҳмуд Мавлонов ва Фаррух Сафаров дар бораи саривақт қабул гардидани низом, ба тартиб андохтани тӯю маъракаҳо, пешгирии хароҷоти бефоида, бештар эътибор додан ба тарбияи ҷавонон, тарғиб намудани китобхонӣ дар байни наврасон ва ғайра ҳарф заданд.
– Дар маҳаллаи мо беш аз 2100 нафар сокинон дар 217 хонадон аҳлона зиндагӣ доранд. Маҳалла дар шафати роҳи калон ҷой гирифтааст. Аз ин рӯ, бо хурдсолон ба таври доимӣ аз рӯйи бехатарии ҳаракати роҳ кор мебаранд. Дар ҳудуди маҳалла 1- то поликлиникаи хонаводагӣ (рақами 6), 6-то дӯкони фурӯши молҳои гуногун дар хизмати мардум мебошанд, – гуфт фаъоли маҳалла С. Бозоров. – Бо мақсади тарғиби китобхонӣ байни аҳолӣ дар шафати чойхонаи нурониҳои маҳалла китобхонаи нав сохта шуд ва он дар рӯзҳои наздик ба кор оғоз мекунад.