Аз рӯи меҳр, меҳр

Аз рӯи меҳр, меҳр

Дилро ба дил раҳест…
Журналистикаи тоҷик таърихи бою ибратангезе дорад. Аввалин хиштҳои онро устодон Садриддин Айнӣ, Мирҷалол Юсуфзода, Саидризо Ализода, Абдувоҳиди Мунзим, Ҳоҷӣ Муъин, Абдулқаюми Қурбӣ, Обид Исматӣ, Ҳасан Ирфон ва дигар фидоиён бо навиштани осори публитсистии худ ниҳодаанд. Пас аз таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» ин соҳа то имрӯз дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол бо заҳмату навиштаҳои пурбори қаламкашони шинохтаву пуристеъдод ба таври мунтазам рушду нумӯъ меёбад. Яъне қариб як аср аст, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» бори журналистикаи миллиро сарбаландона ба манзили умед мерасонад.
Ман аз он сарфарозам, ки бо тақозои сарнавишт дар солҳои 1977-1980 дар идораи рӯзномаи мазкур иҷрои вазифа намудам ва дар таҳияву нашри он чун аъзои котибот, ба сифати ходими адабӣ ва тарҷумон ба қадри ҳол саҳм гузоштам. Барои камина бахти бузург буд, ки бо сармуҳаррир Шавкат Ниёзӣ ва ҷонишини ӯ марди хирадманд Мӯҳсин Умарзода, котиби масъул Раҳматҷон Норов, собиқадорони матбуот Қамариддин Шамсиев, Ҳамид Қиличев, мудири шӯъбаи адабиёту санъат – шоири зиндаёд Ҷонибек Қувноқ, рӯзноманигор ва адиби хушбин Хӯҷамурод Қӯлдошев, мудири шӯъбаи ахбор Тоҳир Олимбоев, мудири шӯъбаи саноат Турсунбой Раҳимҷонов, рассом-­ретушёр Аҳмадҷон Изомов (равонашон шод бод!) ва дигарон аз наздикӣ ҳамкорӣ намоям, ҳамдилу ҳамнафас бошам. Ба ман барин навқалам ҳамкорӣ бо адиб ва рӯзноманигорони бомаҳорат Муайяна Хӯҷаева, Маъруф Отахонзода, Бекназари Тӯйназар, Ҳисомиддин Абдувалиев, Норқул Шукуров, мусаҳҳеҳону ҳуруфчинҳои нуктадону масъулиятшинос шодиафрӯзу шавқангез буду боиси ифтихор.
Воқеан, солҳои фаъолият дар идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» барои худам низ аз назари фаъолияти эҷодӣ бобаракат буд. Барои рӯзномаи ҳамдилу ҳамнафасам ва дигар нашрияҳо, радио лавҳаю очеркҳо менавиштам, ҳикояҳои адибони ӯзбекро тарҷума мекардам. Ҳайати эҷодии рӯзнома басо пуркору заҳматкаш буд, ки ҳамкорони собиқи худро бо самимият ёдоварӣ менамоям.
Имрӯз ҳам ҳайати эҷодӣ бо кӯшиши пурсамару заҳмати боровар рӯзномаро гӯётару шевотар менамоянд, мақому мавқеи онро дар байни расонаю нашрияҳои ҷумҳурият мустаҳкаму устувор нигоҳ медоранд. Ба хусус, навиштаҳои Абдулло Субҳон, Тоҷибой Икромов, Тӯхтамиш Тӯхтаев (Паймон), Муҳаммад Шодӣ, Хусрав Ҳамидов, Саодат Бекназарова, Зоҳир Ҳасанзода, Амрулло Авезов, Мирасрор Аҳроров ва дигарон дар зеҳну мафкураи хонанда таъсир мегузорад, ки натиҷаи огоҳӣ аз осори адабиёти ҳазорсола ва шиносоӣ бо таърихи тамаддуни аҷдодӣ аст.
Амри тақдир
Ноябри соли 1977. Бо хизмате ҳамроҳи ҳамдеҳаи худ, ронандаи таксӣ Тӯхтаака ба нашриёти муттаҳидаи рӯзномаҳои вилоятӣ омадем. Директори он, рӯзноманигори шинохта Шодӣ Мардиев, ки бо Тӯхтаака шиносоӣ дошт, гарму ҷӯшон қабул кард. Зодгоҳи Шодиака аслан – қӯрғони Чархини ноҳияи Пастдарғам бошад ҳам, забони тоҷикиро нағз медонист. Солҳо дар рӯзномаи вилоятии «Зарафшон» ба сифати ходими адабӣ фаъолият дошт. Дар омади гап арз кардам, ки баъди хатми университет бекор гаштаам. Мақолаю лавҳаҳоям дар рӯзномаҳои «Шарқ тонги», «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп шудаанд ва инак, имрӯзҳо дар ҷустуҷӯи кор ҳастам…
Шодиака Мардиев, ки бо таҳририятҳо алоқаи хуб дошт, ба кӯмак расонидан розӣ шуд. Ҳамроҳ бо мошини таксии Тӯхтаака ба ноҳияи Самарқанд, ба идораи рӯзномаи «Шарқ тонги» (ҳоло «Гулобод тонги») назди муҳаррир Насриддин Зайниев рафтем. Он кас маро мешинохтанд. Дигар ин ки се албоми мақолаю лавҳаҳои чопшудаам ҷойшударо ба воситаи хешамон Мус­тафақулака Собиров – собиқ мудири шӯъбаи ташкилии комитети ҳизбии ноҳия пешкаши таҳририят карда будам, то ки шиносанду ба кор гиранд. Аммо имрӯз ҳам муҳаррир узру баҳонаи зиёд карданд, ки ҷои холӣ нест.
Субҳи рӯзи дигар ҳамроҳи Шодиака бо ҳавопаймо ба Тошканд рафтем. Бегоҳӣ дар хонаи дӯсташон ходими адабии маҷаллаи «Муштум», шоир Олим Қӯчқорбеков меҳмон шудем ва шаб­ро бо сӯҳбатҳои ширин гузаронида, пагоҳӣ ба идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» омадем.
Сармуҳаррир Шавкат Ниёзӣ, марди босалобате, ки чеҳраи гарм дошт, аз зери абрӯҳои ғафси сиёҳ ба ман нигариста гуфтанд:
– Шуморо мухбирамон дар вилояти Самарқанд Саъдуллохон Солеев ба кор тавсия карданд, мо розӣ ҳастем, фақат ҷои зистро худатон ёбед. Инчунин, шиносномаи худро дар қайд гузоштан лозим ва афзуданд, ки аз кормандони идора Ҳисомиддин Абдувалиев метавонад дар ин кор ба ман дасти ёрӣ дароз кунад.
Ҳамин тавр, бо амри тақдир дар идораи рӯзнома ба кор шурӯъ кардам…
Қадамҳои аввалин
Он солҳо идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар ошёнаи ҳаштуми бинои бистошёнаи пурҳашамати рӯзномаву маҷаллаҳо дар маркази Тошканд, паҳлӯи Театри академии ба номи Алишер Навоӣ, назди меҳмонхонаи «Тошканд» ҷой дошт. Ман 1-уми ноябри соли 1977 фаъолияти кориамро барои санҷиш дар шӯъбаи мактубҳои рӯзнома зери сарварии Ҳамид Қиличев, ки мӯйсафеди ҳалиму фурӯтан ва камгапу батамкин буд, оғоз кардаму ба ин коргоҳи мӯътабари рӯзноманигорӣ шогирд шудам. Он рӯзҳо баробари ба мухбирон аз қисмати хабару мақола ва арзу шикоятҳояшон ҷавоб навиштан, аз ҳаёти мактабу маориф, муассисаҳои пешқадам лавҳаю мақолаҳо менавиштам.
Баъди як моҳ маро ба вазифаи тарҷумонӣ таъин карданду ба котибот гузарониданд. Ба котиби масъул Раҳматака Норов шогирд таъин карданд. Меҳри ин марди ҳалими хушодоб, бофарҳанги болобаланд, ки мӯйи сарашро ба ақиб шона мезад, ҳанӯз рӯзи аввали ба кор омаданам ба дилам нишаста буд. Аз ин рӯ, бо рассом-­ретушёр Аҳмадҷон Изомови бухороӣ ҳамроҳ ба кори ӯ сидқидилона ёрдам медодем.
«Дил»-и рӯзнома
Солҳое, ки ман кор мекардам, рӯзнома ҳафтае се маротиба мебаромад. Ба кори масъулиятнок ва серташвиши котиби масъул мо, аъзоёни котибият кӯмак мерасондем. Аз рӯйи тақсимоти штатӣ ҳуруфчин, суратгир, ретушёр-­рассом, саҳифабанд ва мусаҳҳеҳон ба кори котибот ёрдам медоданд. Одатан роҳбарияти рӯзнома мавзӯъ медиҳад ва ё масъала мегузошт. Иҷрои бечунучарои онро бояд котиби масъул таъмин кунад. Кори аз ҳама душвор, масъулиятнок ва серташвишу серҷанҷол ба дӯши котиби масъул бор буд. Ҳар як шумораи рӯзнома хубу хонданбоб чоп шавад, ҳама хурсанд буд, вале ҳамин, ки саҳл камбудие роҳ ёбад, тамом, гунаҳкори асосӣ – котиби масъул.
Кормандон қариб рӯзи истироҳат надоштанд. Дар рӯзҳои иду айём кор карда, шумораи навбатиро ба муштариён мерасондем. Баъзан чопи шумораи идонаю ҷашнии рӯзнома то субҳ тӯл мекашид. Дар ин рӯзҳо ҷузъбандҳои газетаро зери сар монда, болои мизҳои кори сахт ғанаб бурда, шабро рӯз ҳам мекардем. Ҳама ид мекарданд, вале мо – кор.
Ҳамин тавр, котибиятро «дил»-и пурҷӯшу хурӯш ва ё штаби рӯзнома меноманд, ки ҳақ асту рост. Ба котибот котиби масъул раҳбарӣ мекунад.
Ростӣ, редаксияи рӯзнома он вақтҳо як маркази маърифату адаб буд. Ба шароити ин муассисаи зиёкор як зумра қаламкашони шинохта ба камол расидаанд. Ба ин идора бисёр шоирону нависандагон, тарҷумонҳо, ходимони ҳизбию давлатӣ ва қаламкашон сарукор дошта, гоҳ-­гоҳ омада мерафтанд. Ҳатто дар ҷашну шабнишиниҳои ходимон иштирок мекарданд. Яъне ба туфайли акаи Ҷонибек идораи рӯзнома бо шоиру нависандагони маъруф, қаламкашони соҳибзавқи ӯзбеку тоҷик файзбор буд. Маҳз он солҳо ман ба сӯҳбатҳои адабии шоиру нависандагон Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Назир Сафаров, Барот Бойқобилов, Абдулло Орифов, Ӯткур Ҳошимов ва дигарҳо шарафёб гашта будам.


Ҳамин тавр, рӯзномаи дӯстдоштаам «Овози тоҷик» аз рӯзи дар Самарқанд таъсис ёфтанаш (1924) то имрӯз, дар баланд бардоштани сатҳи маънавияту маърифати ҷомеа мақоми хоса дорад. Ифтихор дорам, ки дар ин идораи бонуфуз бо намояндагони беҳтарини зиёии тоҷики кишвар баҳри таълиму тарбияи мардум ба ҳоли қудрат адои вазифа намудам. «Бе талхӣ набошад айш ширин», гӯён машаққатҳои мусофириро чашидам. Рӯзнома барои ман мактаби бузурге гардидааст, дар он бисёр чизҳоро омӯхтам ва онро остонаи пуршарафи мактаби рӯзноманигорӣ меҳисобам.

Абдусалом САМАДОВ,
номзади илмҳои филология, дотсент, узви Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон
.