Ба ҳазор дарояд!

Ба ҳазор дарояд!

«Овози Самарқанд» – овози дӯстдош­таи мо, овози гузаштагони машҳури мо, овози ширини маликулшуаро-­Рӯдакии бузург аст. Рӯзнома ба синни мубораки сисолагӣ қадам мегузорад. Илоҳо ба ҳазор дарояд ва қалби халқи илму маърифатдӯсти моро шод гардонад.
Ман, ки ним аср сарвари даргоҳи муқаддаси устод Садриддин Айнӣ будам, аз ташкили он хурсанд шуда, то ҳол ҳар як шумораи онро бо мароқ мутолиа мекунам.
Пештар дар Хона-­музейи Садриддин Айнӣ қабулхонаи ҷамъиятии рӯзномаи «Овози тоҷик» вуҷуд дошту маҳфили адабӣ низ гузаронида мешуд. Ҳамаи асарҳои навқаламони маҳфил якҷоя бо маводҳои рӯзнома таҳлил мегардид. Саҳифаҳои ба адабиёт ва санъати Самарқанд бахшидашуда низ, дар ҳамин маҳфил дида шуда, баъд дар рӯзнома чоп мешуд.
Нависандаи шинохтаи Самарқанд шодравон Болта Ортиқов асарҳои насрӣ – очерку ҳикоя ва қиссаҳоро бо диққат аз назар мегузаронд, муваффақияту норасоиҳои онҳоро мегуфт. Ба аъзои маҳфил ҳам сухан дода, фикри ҳар кадомеро мешунид. Ба муаллифи асар навишта гирифтани эродҳои рафиқонро мефармуд. Ҳамин тавр, таҳлилҳо холисона ва хуб мегузаштанд.
Худи Болта Ортиқов ҳам асарҳои худ­ро ба аҳли маҳфил хонда медод. Фикру мулоҳизаҳое, ки аз тарафи аъзои маҳфил гуфта мешуд, ба дафтараш қайд мекард. Агар эродҳо қобили қабул бошанд, миннатдорӣ изҳор менамуд. Аъзои маҳфил аз шунидани норасоиҳои асарашон хафа не, балки хурсанд мешуданд. Ҳамин тавр, шеъру ҳикояҳо, мақолаю очеркҳо ва қиссаҳо пухтаю хонданибоб мегаштанд. Аз ҷумла, силсилаи шеърҳои ба осорхонаи устод Садриддин Айнӣ бахшида навиштаам, «Кошонаи Айнӣ», «Токи Айнӣ», «Шукри сандалӣ», «Манзили устод», «Зиёратхона», «Хомаи Айнӣ» дар ҳамин маҳфил муҳокима гардиданд ва маъқул дониста шуданд. Сонитар, дар ҷамъомадҳое, ки дар идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд»гузаронида мешуданд, маводи китоб муҳокима ва ба шакли маҷмӯаи «Меҳрнома» чоп гардид. Ҳамин хел тақриз бо номи «Кошонаи бахти адиб» чоп шуд. Ғайр аз ин, дар давоми кори нимасраам рӯзномаи дӯстдоштаам «Овози Самарқанд» бисёр мақолаҳоеро аз ҳаёти осорхонаи устод Садриддин Айнӣ, аз ҷумлаи «Хонадони устод», «Экспонатҳои даргоҳи муқаддас», «Маҳзани илм», «Фарзанди содиқи диёр», «Лаҳзаҳои рангини умр» ва ғайраҳоро чоп намуда, ба боз ҳам баланд бардоштани обрӯю эътибори устод Садриддин Айнӣ ва манзили муқаддаси ӯ хизмати шоён намуд. Бо ташаббуси рӯзнома китоби пурарзиши илмӣ-­бадеӣ «Айнишиносӣ дар Самарқанд» рӯйи чоп­ро дид. Барои ҳамаи ин ман аз рӯзнома хеле миннатдорам ва аз таҳти дилу ҷон эҳтиром мекунам.

Абдукарим ҒАНИЗОДА.