Булунғур: соҳаи саноат ва кишоварзӣ инкишоф меёбад

Булунғур: соҳаи саноат ва кишоварзӣ инкишоф меёбад

Аз аввали соли равон, бо ташаббуси ҳокимият бо мақсади шиносонидани мардум бо вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ (ВАО) бо ислоҳот ва бунёдкориҳои ноҳия ва шаҳрҳои вилоят пресс –турҳо гузаронида мешавад.
Пресс – тури навбатӣ дирӯз дар ноҳияи Булунғур баргузор гардид.
Вакилони ВАО – ро ҷонишини якуми ҳокими ноҳия Д. Шакарбоев ва ҷонишини ҳокими ноҳия аз рӯйи масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ, корҳои маънавию маърифатӣ Б. Элчиев ва дигар мутасаддиён пешвоз гирифта, оиди нақшаи саёҳат мухтасар маълумот доданд.
Вакилони ВАО дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Булунғур I» шуда, бо фаъолияти он шинос гардиданд. Дар ин ҷо ҷонишини ҳокими ноҳия аз рӯйи масъалаҳои инвеститсия, инноватсия, кӯмак ба корхонаҳои хусусӣ, минтақаҳои хурди саноатӣ ва рушди туризм А. Холиқулов оиди фаъолияти 10 корхонаи истеҳсолии ноҳия, аз ҷумла корхонаи муштараки «Bulungur – sandvik», «Agro food standart» маълумот пешкаш намуд.
Сипас, журналист дар корхонаи ««Samarkand garden plast» бо ҷараёни кори коргарон, ки аз гулкарам маҳсулоти хӯриш (газак) тайёр мекарданд, ошно шуданд. Роҳбарияти корхона ба ҳозирон дар бораи фаъолияти корхона маълумот доданд.
Дар ин ҷо бо иштироки ҳокими ноҳия Б. Баҳромов ва ҷонишини якуми ҳоким аз рӯйи масъалаҳои иқтисодиёт ва тадбиркорӣ Д. Шакарбоев ҷамъомад ташкил гардид. Онҳо дар бораи ислоҳот ва бунёдкориҳои солҳои охири ноҳия, иҷрои Барномаи давлатии «Қишлоқи обод», барномаҳои инвеститсия ва манзилнок дар соли ҷорӣ, барномаи ривоҷи иҷтимоӣ – иқтисодӣ, амалигардонии лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ноҳия, ривоҷи соҳаи кишоварзӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, салоҳияти сайёҳии ноҳия, корҳои амалигардида дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва ғайра маълумот доданд.
Дар анҷом роҳбарони ноҳия ба саволҳои журналистон посух доданд.
(Дар шумораҳои оянда оиди пресс –тур маълумоти муфассал хоҳем дод.)

Ҷамшеди АСРОР.