Самарқанд чӣ қадар замини кишт дорад?

Самарқанд чӣ қадар замини кишт дорад?

Дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки ҷонишини ҳокими вилоят аз рӯйи масъалаҳои хоҷагии қишлоқ А. Нурқулов, мутахассисони соҳаи хоҷагии қишлоқ ва вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ бахшида ба мас­ъалаҳои нишондодҳои хоҷагии қиш­лоқи вилоят дар соли 2019, нақшаи соҳа дар соли оянда, ривоҷи услуби кластери хоҷагии қишлоқ анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
А. Нурқулов дар суханронии худ дар бораи танзими муносибат ба замин, сербориш омадани моҳҳои апрелу майи соли ҷорӣ, меҳнати пурмашаққати ғаллаю пахтакорони вилоят, афзалиятҳои маҳсулотрасонӣ бо услуби кластер, бе техникаҳои замонавӣ инкишоф наёфтани соҳаи хоҷагии қишлоқ, захираи об дар анборхонаҳои обии вилоят, тадбирҳои мелоратсияи амалигардида, истгоҳҳои насосҳои оби вилоят, муваффақият ва камбудиҳои соҳа ҳарф зад.
Таъкид гардид, ки замин бойигарии асосии мо буда, вилоят 1 миллиону 677000 гектар (га) замин дорад. Аз ин 429000 га замини киштшаванда, 246,9 га замини обёришаванда, 182,1 га замини лалмӣ мебошад. 68066 га дарахт­ҳои бисёрсола (аз ин 29656 га боғот, 30022 га токзор, 8111 га тутзор, 277 га дарахтҳои дигар), 5178 га замини аҷриқзор (бӯз), 797162 га саҳроро ташкил менамояд.
Аз рӯйи таъмини иҷрои қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 9-уми январи соли 2019 «Дар бораи чораю тадбирҳои иловагӣ роҷеъ ба мақбулгардонии замини хоҷагиҳои фермерӣ ва дигар корхонаҳои кишоварзӣ» ширкатҳои фермерӣ ба 50 дарсад ихтисор карда шуданд. Шумораи кишоварзии мавҷуда 21750-то буд. Баъди ихтисор кардан 11740-то шуд. Аз ин ширкатҳои ғаллаю пахтарасонӣ 5179- то, сабзавоту полизӣ 447-то; сабзавоту ғалладона 5679-то, боғдорию ангурпарварӣ 7939-то, чорводорӣ 745-то, ғалладона 2346-то ва дигар равияҳо 1975-торо ташкил мекунанд. Кирмакпарварони вилоят соли ҷорӣ нақшаи пилларасониро ба 100,4 дарсад (2655 тонна) иҷро карданд. Дар натиҷа, то чоряки дуюми соли 2020 ба миқдори 10 миллион доллари ИМА пилла ва маҳсулоти пилла содирот мешавад. Соли оянда дар 100 га замин тутзор бунёд карда мешавад. Соли гузашта дар 103930 га замини вилоят тухми ғалла кишта шуд ва 664930 тонна ғалла расонда шуд, ки ҳосилдорӣ аз ҳар га ба ҳисоби миёна 63,1 сентнерро ташкил намуд.
Дар вилоят бо услуби кластер расондани маҳсулоти кишоварзӣ хуб ба роҳ монда мешавад. Соли 2020 15 кластери ғаллапарварӣ ташкил мегардад. Дар вилоят бо технологияи усули чакрагӣ парвариши пахта аз тарафи пахтакорони ноҳияҳои Каттақӯрғон ва Иштихон васеъ ба роҳ монда мешавад. Вилояти мо дар расондани гӯшти парранда ва тухми мурғ дар мамлакат пешсаф мебошад. Дар нимсолаи соли ҷорӣ 623 миллиону 900 ҳазор дона тухми мурғ расонда шуд. Дар 23,1 ҳазор га боғ 111,7 ҳазор тонна меваи тар расонда шуд, ки аз нақша якчанд маротиба зиёд аст.
Аҳолии вилоят аз замини наздиҳавлигии худ босамар истифода мебаранд. Дар 538540 хонавода 61840 га замин мавҷуд аст. Маҳсулоти замини наздиҳавлигии мардум барои мӯътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозорҳои деҳқонӣ кор меояд.

Ҷ.ОБИДОВ.