Мусобиқаи пазандагии «World Plov Сhampionship»

Мусобиқаи пазандагии «World Plov Сhampionship»

анҷом ёфт

Департаменти рушди туризми вилоят дар маскани истироҳатии «Боғишамол Гарден»-и шаҳри Самарқанд дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи ошпазони Ӯзбекистон мусобиқаи пазандагии «World Plov Сhampionship»-ро ташкил кард.
Дар мусобиқа ошпазҳои ботаҷрибаи турк, уйғур ва ошпазоне, ки аз 8 вилояти мамлакат омадаанд, доир ба услубҳои тайёр кардани оши палав рақобат карданд.
Ҳайати доварон аз рӯйи тоза нигоҳ доштани атрофи оташдон, тартиби кори ошпазҳо, таркиби маҳсулот, тарзи дурусти омодасозӣ, эҷодкорӣ ва пешкаши таом, сифати он баҳо гузоштанд.
Тибқи натиҷаҳои ниҳоӣ ошпаз аз шаҳри Тошканд – Файзулло Абдуллоев барои палави идонаи худ мақоми аввалро ба даст овард. Мақоми дуввум ба ошпази моҳири самарқандӣ Исматулло Исломов ва ҷойи сеюм ба ошпази ҷавони тошкандӣ Акром Обидов насиб гардид.
– Дар мусобиқа аз биринҷи «Аланга» палави идона тайёр карда, ғолиб шудам, – гуфт ошпази тошкандӣ Ф. Абдуллоев. – Рақибони ман ошпазони ботаҷриба буданд. Ман дар бисёр озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, палав, манту, самбӯса, барак тайёр карда, барои муаррифии таомҳои миллии кишвар дар ҷаҳон саҳми худро гузоштам. Хурсандам, ки таоми ман писанди меҳмонон гардид. Тавассути тарғиби таомҳои миллии мамлакат барои ривоҷдиҳии туризми гастраномӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Аз ҷумла, дар ин ошхона ташкил гардидани чемпионат қисме аз ин чорабиниҳо ба шумор меравад.
Дар тадбир аз тарафи Садорати маданияти вилоят баромади бадеии сароянда ва раққосаҳои ансамбли миллии суруд ва рақс, инчунин, намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ ва либосҳои таърихии миллии давраи Амир Темур ташкил гардид.

Мухбири худамон