Таълим барои адолат!

Таълим барои адолат!

Чунин ном дошт семинар-­тренинги дурӯзае, ки дар шаҳри Самарқанд бо ташаббуси Вазорати таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Садорати минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оиди мубориза алайҳи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ доир гардид.
Дар семинар тренери Садорати минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Индира Муқимова, сарвари Садорати ҳифз ва дастгирии иҷтимоии бачагони Вазорати таълими халқӣ Файзулло Аҳмадов, омӯзгорони мактабҳои таълими умумии вилоятҳои Ҷиззах, Бухоро ва Навоӣ иштирок карданд.
Дар рафти семинар-­тренинг ба иштирокчиён дар бораи корҳое, ки дар мамлакати мо оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва баландбардории маданияти ҳуқуқии онҳо амалӣ мегарданд, маълумот дода шуд.
– Мақсади мо кӯмак ба тарбияи авлоди аз ҳар ҷиҳат солим ва комил мебошад, – гуфт Индира Муқимова. – Дар ин самт мо мекӯшем таҷрибаи омӯзгорони мактабҳои ҳамагониро бобати фаҳмонидани муносибати падару модар дар оила, эътибору ғамхориҳои онҳо ба фарзанд, таъсири манфии телефонҳои мобилӣ ва интернет ба шуури кӯдакон, афзун созем. Мувофиқи завқу шавқи бачагон ба онҳо дастуруламалҳои гуногунро пешниҳод кунем. Масалан, намоиши видеонаворҳо дар бораи зарари бозиҳои компутерӣ ба саломатӣ барои аз технологияҳои ахборӣ дур шудани кӯдакон хизмат мекунад.
Дар семинар мутахассисон ба саволҳо ҷавоб доданд, инчунин машғулоти амалӣ ва бозиҳои интерфаъол гузаронданд.