Устувории рушди иҷтимоӣ – асоси мавқеи сиёсии ҳизб

Устувории рушди иҷтимоӣ – асоси мавқеи сиёсии ҳизб

Дар Ӯзбекистон, ки ба сӯйи зинаи тараққиёти нави демократӣ қадам гузоштааст, маъракаи нави интихобот барои интихоби депутатҳо ба парламент ва шӯроҳои маҳаллӣ оғоз ёфт. Интихоботи имсола ифодаи амалии ғояҳои демократии пешқадами панҷ равияи устувори муҳими Стратегияи ҳаракатҳои ривоҷёбии мамлакатамон мебошад. Дар айни ҳол интихоботи мазкур қисми узвии ислоҳоти васеъмиқёси дар Ӯзбекистон босуръат амалишавандаи тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, равияҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ, маънавиву маърифӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳизби халқиву демократии (ҲХД) Ӯзбекистон, ки дар ин муборизаи сиёсӣ фаъолона иштирок дорад, мақсадҳои барномавии худро, нахуст, дар асоси муҳофизат ва мус­таҳкамнамоии истиқлолияти Ӯзбекистон, гулгулшукуфии Ватанамон, устувории манфиатҳои умумимиллӣ, ба мисли ноил гардидан ба барқарории иҷтимоӣ дар мамлакат, ҳусни тафоҳуми байни шаҳрвандон ва миллатҳо, фаровонии ҳар як оила ва халқамон муайян менамояд.
Мақсади асосии стратегияи тараққиёти Ӯзбекистон – ба қатори давлатҳои демократии рушдёфтаи дараҷаи зиндагии аҳолиашон баланд дохил гардидан, мавқеи муносиб ба даст овардан дар ҳамзистии ҷаҳонӣ ба манфиатҳои мазкур мувофиқ меоянд.
Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон ба маъракаи интихобот ворид гардида, дар органҳои вакилӣ ба даст овардани ҷойҳои зиёдтари депутатӣ, ба ин восита соҳиб шудан ба имкониятҳои қабулнамоии қонунҳо, ташаккул додани органҳои иҷроияи ҳокимияти давлат муайян намудани равияҳои устувори рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва самаранок ба амал баровардани онҳоро мақсад намуд.
ҲХД Ӯзбекистон чунин меҳисобад, ки салоҳияти иқтисодии торафт баландшавандаи мамлакат бояд барои афзудани дараҷаи зист ва сифати ҳаёти гурӯҳи камбизоати аҳолӣ хизмат намояд. Ин дар мамлакат омили асосии боз ҳам мустаҳкамнамоии муттаҳидии шаҳрвандон ва барқарории иҷтимоӣ, инчунин, шарти муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодии барқарор ба шумор меравад.
Бинобар устувории мазкур, ҳизб ба воситаи депутатҳои худ афзудани самаранокии иҷтимоии ислоҳоти иҷтисодӣ, дар ҷамъият ташаккулдиҳии мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, рушди муносибатҳои ҳамкории иҷтимоиро дар назар дорад.
Дар ҳалли масъалаҳое, ки ба эҳтиёҷоти ҳаётии шахсони ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ вобастаанд, ҳизб ба кӯмаки тамоми шахсоне, ки тарафдори ривоҷи иҷтимоиву иқтисодии барқарорӣ мебошанд, такя менамояд.
Дараҷаи таъмини баланди иҷтимоии гурӯҳи эҳтиёҷманди аҳолӣ – пойдевори мустаҳками барқарории ҷамъият ба шумор хоҳад рафт.
Ҳизб чунин мешуморад, ки барои нафақахӯрон, шахсони ногиро, падару модароне, ки бачагони ногироро тарбия мекунанд, пиронсолони танҳо, бачагони аз парастории падару модар маҳрумгашта, инчунин, табақаҳои дигари заифи аҳолӣ муайяннамоии нафақаҳо бояд ба мизонҳои мақсад ва вазифаҳо оид ба ривоҷи барқарор то соли 2030 асос дошта бошад.
Барои ин амалӣ намудани зеринҳо зарур аст:
– таҳия ва қабули лоиҳаи Қонун «Дар бораи стандартҳои давлатии иҷтимоии минималӣ», ки тақдими хизматҳои иҷтимоии бепул ба табақаҳои камбизоат ва дигари заифи аҳолиро таъмин менамояд;
– дар муайяннамоии дараҷаи зисти аҳолӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои сиёсати иҷтимоӣ ва иҷтимоии давлатӣ, инчунин, пардохти музди меҳнат, муайяннамоии пенсияҳо, стипендияҳо, нафақаҳо, ва пардохтҳои дигари иҷтимоӣ нишондиҳандаҳои дар ҳамҷамъияти байналхалқӣ умумӣ қабулгардида, яъне сабадчаи минимуми зист ва истеъмол, ҳамчунин, тартиби истифодаи онро бояд ба амалиёт дохил намуд.
Ҳизб ба ин мақсад мувофиқи ташаббуси қонунмандӣ ба воситаи фраксияи парламентии худ таҳияи таклифҳо оид ба даровардани дигаргуниҳои зарурӣ ба лоиҳаи қонунҳои дахлдор ва ҳуҷҷатҳои қонунҳои дахлдорро ба нақша гирифтааст.
Ҳизб, инчунин, ба он ноил мегардад, ки вақти таътили занон барои парвариши бача то 3-сола шудани вай ба стажи зарурии таъиннамоии пенсияи онҳо илова карда шавад.
Бо ин мақсад ҳизб ба нақша гирифтааст, ки барои даровардани дигаргуниҳои дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи таъминоти нафақаи давлатии шаҳрвандон» таклифҳо таҳия кунад.
Ба ғайр аз ин:
– ба воситаи гузоштани назорати депутатӣ ва ҷамоатӣ омӯхтани шароити зисти пиронсолони танҳо, бачагони аз парастории падару модар маҳрумгардида, инчунин, ногироёни ба парвариши дигарон мӯҳтоҷ, ки дар хонаҳои «Мурувват», «Саховат» ва «Меҳрубонӣ» истиқомат мекунанд;
– доир ба хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони танҳо, бачагони аз парастории падару модар маҳрумгардида, инчунин, ногироёни ба парвариши дигарон мӯҳтоҷ аз механизмҳои шарикии давлативу хусусӣ истифода бурдан ва омӯхтани таҷрибаи давлатҳои пешқадам оиди тадбиркории иҷтимоӣ;
– бинобар омӯзишҳо ва натиҷаҳои мулоқотҳои баргузоргардида бо гурӯҳҳои иҷтимоӣ, дар асоси шарикии давлативу хусусии қонунмандии дар амалбуда ва тадбиркории иҷтимоӣ таҳияи таклифҳо, ки даровардани механизмҳои аниқи протсессуалии хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолиро дар назар доранд, инчунин, ба воситаи фраксияи дар парламент будаи ҳизб ба сифати ташаббуси қонунмандӣ пеш бурдани он ба нақша гирифта шудааст.
Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон барои аз меъёр зиёд нашудани нархҳои маҳсулот ва хизматҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ тарафдори вогузории назорати қатъии давлатӣ ва ҷамоатӣ аз болои ташаккулдиҳии нархҳои мазкур мебошад.
Бо ин мақсад ҳизб таклифҳои зеринро пешниход мекунад:
– мустаҳкамсозии ҷиҳатҳои қонунии ба тартибоварии нархҳо, рӯйхати маҳсулот ва хизматҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ;
– дар мамлакатамон барои маҳсулоти дорои аҳамияти муҳими иҷтимоии ба дараҷаи кофӣ истеҳсолнашаванда бо ставкаҳои имтиёзнок вогузоштани боҷ ва пардохти боҷхона.
Баъд аз қабул гардидани қарори Президентамон Шавкат Мирзиёев аз 5-уми июни соли 2018 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оиди дар муассисаи таълими олӣ афзудани сифати таълим ва таъминнамоии иштироки фаъоли онҳо дар ислоҳоти васеъмиқёси амалишавандаи мамлакатамон», инчунин, фармоишҳои дигар доир ба соҳаи таълим, нишондодҳои пурқимати дар вохӯриҳо бо вакилони соҳаи таълим изҳорнамуда дар пурра азнавсозии сохтори таълими олӣ корҳои васеъмиқёс оғоз ёфт.
Ислоҳоти дар соҳаи таълим оғозёфтаро бе иштироки муаллим наметавон амалӣ намуд. Аз даргоҳҳои поёнии илм – боғча, мактаб, литсею коллеҷҳо то муассисаҳои таълими олӣ муаллимоне заруранд, ки донишманд, таҷрибанок, дорои маданияти баланд, меҳрубон, ғамхор, зарур бошад, дар мавқеаш сахтгир, бо технологияҳои педагогии замонавӣ ҷиддӣ муҷаҳҳаз бошанд.
Бо ин мақсад Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон дар соҳаи таълим эътибор нигаронидан ба амалинамоии вазифаҳои устувори дорои аҳамияти иҷтимоии зеринро муҳим мешуморад:
– васеънамоии шабакаҳои ташкилоти таълимии томактабии давлатиеро, ки бепул ва дар асоси пардохтҳои бепул ва имтиёзнок фаъолият нишон медиҳанд ва дар оянда маҷбуран фаро гирифтани таълими томактабии бачагони синни 3-6, дар ташкилоти таълимии томактабӣ барои бачагони синни то 3-сола ташкил кардани гурӯҳҳои махсуси тарбиявӣ;
– барои заноне, ки маълумоти дахлдори педагогӣ доранд, вале аз боиси машғул будан бо тарбияи бачаи синни томактабӣ кор намекунанд, ташкил намудани меҳнати хонагӣ ба сифати тарбиятгари таълими томактабии оилавӣ дар сохтори органҳои ҳудудии таълими томактабӣ, аз ҷумла, таъмини ба хонаи бачагони синни томактабӣ рафта, дар расондани хизматҳои таълими томактабӣ ба тариқи барномаи хизматрасонии таълими томактабии – «Homevisits» иштирок намудани онҳо.
Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон барои ба кор ҷойгирнамоии занони дар ин кор ба душворӣ дучоргардида, хатмкардагони «Хонаҳои меҳрубонӣ» ва табақаҳои дигари ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷи аҳолӣ мекӯшад, ки кафолатҳои ҳуқуқиро афзун намояд ва ба тамоюли «Барои кори баробар – музди кори баробар» қатъӣ риоя намояд.
Қатъӣ амал намудан ба таъмини мақбули механизмҳои судӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, боз ҳам мустаҳкамсозии устувории қонун, баробарии ҳама дар назди қонун – баробарии ҳуқуқҳо, маҷбуриятҳо ва имкониятҳо яке аз равияҳои устувори ҳизб оиди ислоҳсозии соҳаи суду ҳуқуқ ба шумор меравад.
Ҳизб ба ҳимояи шаън, қадру қимат, обрӯи касбӣ ва бехавфии ходимони ҳифзи тандурустӣ ва таълим аҳамияти алоҳида нигаронида, амалисозии зеринҳоро лозим ҳисоб мекунад:
– ба воситаи фраксияи дар парламент будааш бо роҳи инвентаризатсия санҷидани мавҷудияти меъёрҳои дахлдор дар қонунҳо «Дар бораи ҳифзи тандурустии шаҳрвандон», «Дар бораи таълим» ва дастгирии амалиёти ҳуқуқӣ;
– омӯхтани таҷрибаи хориҷӣ барои батартибоварии ҳуқуқии масъалаҳои ҳимояи шаън, қадру қимат, обрӯи касбӣ ва бехавфии ходимони ҳифзи тандурустӣ ва таълим;
– дар асоси натиҷаҳои омӯзиш тайёр намудани таклифҳо дар бораи даровардани дигаргуниҳои зарурӣ ба Қонунҳо «Дар бораи ҳифзи тандурустии шаҳрвандон», «Дар бораи таълим» ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдори қонунмандӣ.
Ин барои иштирок намудани ҳизб дар фаъолияти органҳои интихобии ҳокимияти давлатӣ ва амалинамоии мақсадҳои барномавии он шароити зарурӣ фароҳам меоварад.
Мо – тарафдори таъмини фаровонии ҳар як инсонем! Ин гарави равнақи диёрамон аст!

Маҷидхон УСМОНОВ,
раиси Шӯрои Ҳизби халқии демократии
Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд
.