Мо барои оянда масъулем!

Мо барои оянда масъулем!

Дар интихоботе, ки моҳи декабри соли равон ба Палатаи қонунгузорӣ ва шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии намояндагони халқ баргузор мегардад, 5 ҳизби сиёсӣ иштирок мекунад. Дар ин санҷиш Ҳизби экологии Ӯзбекистон ба сифати қувваи сиёсии нав ба майдон мебарояд.
Ҳизби экологии Ӯзбекистон 8-уми январи соли 2019 ташкил шуд ва Вазорати адлия онро 22-юми январ аз рӯйхат гузаронд.
Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ки синнали ба 18 расидааст, метавонад узви ҳизб шавад, мақсад ва манфиатҳои онро дастгирӣ кунад, низоми ҳизбро эътироф намуда, дар фаъолияти он иштирок намояд.
Самтҳои устувори фаъолияти Ҳизби экологии Ӯзбекис­тон:
– беҳдошти ҳолати муҳити атроф дар мамлакат ва амалӣ намудани сиёсати давлатие, ки ба ҳалли муаммоҳои экологӣ нигаронида шудааст;
– такмил додани қонунмандии миллӣ дар соҳаи экология ва тандурустӣ;
– таъмин кардани бехатарии экологии аҳолӣ ва баланд бардоштани масъулияти риоят ба талаботи идораҳои экологӣ – санитарӣ;
– ҳамаҷониба ёрӣ расондан барои гузаштан ба «иқтисодиёти сабз» дар мамлакат;
– ташкил кардани тадбирҳо роҷеъ ба муҳофизати идораи муҳити атроф, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди зиндагӣ;
– зиёд кардани дараҷаи саводи экологии аҳолӣ, шаклдиҳии ҷаҳонбинӣ ва тарзи зисти солими онҳо, таъмин намудани истифода аз ахбори экологӣ;
– ривоҷи ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои муҳофизати муҳити атроф ва тандурустии аҳолӣ.
Ҳизби экологии Ӯзбекистон барои дар ҳаёт татбиқ кардани ин вазифаҳо тадбирҳои зеринро амалӣ мегардонад:
– шаклдиҳии сиёсати экологии мамлакат, иҷрои ташаббусҳои сиёсӣ роҷеъ ба амалӣ кардани онҳо;
– ёрӣ расондан ба ҳалли масъалаҳо дар бораи воридсозии мамлакатамон ба конвенсия ва шартномаҳои байналмилалӣ, ки аз манфиатҳои миллии давлатамон бармеоянд;
– беҳдошти босуръати таъмини аҳолии мамлакат, пеш аз ҳама сокинони деҳот бо оби нӯшидании босифат ва ба зимма гирифтани масъулият дар истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои об;
– ба роҳ мондани навъҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи хизмати нақлиётӣ;
– ҷорӣ кардани технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва бе партов;
– истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт;
– истифодаи босамар аз захираҳои энергия;
– баланд бардоштани маданияти зиндагӣ дар деҳот, ба ҷиҳатҳои санитарӣ – экологии он нигаронидани эътибори бештар;
– ривоҷдиҳии туризми экологӣ;
Ҳизби экологии Ӯзбекистон ба инкишофи ҳамкорӣ дар муҳофизати муҳити атроф ва тандурустии аҳолӣ эътибори алоҳида медиҳад.
Дар ин самт ба ташаббускор шудан дар пурзӯр кардани фаъолияти ҷамоатӣ дар соҳаи экология;
– ба дастгирии ташаббусҳои экологии ҷавонон;
– ба ҳалли муаммоҳои истифодаи самаранок ва оқилона аз захираҳои замин ва оби мамлакат боз ҳам бештар кардани иштироки ходимони ҳизб ва соҳаи кишоварзӣ;
– ба мустаҳкам кардани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои таълими халқ ва ҳифзи тандурустӣ, зан, духтарон ва ҷавонон, органҳои худидораи шаҳрвандон ва воситаҳои ахбори оммавӣ дар ташаккули муносибатҳои бомасъулият ҳангоми ҳифзи тандурустии аҳолӣ, тарғиботи тарзи зисти солим даъват мекунад.
Яке аз мақсадҳои асосии ҳизби мо истифодаи самаранок аз неъматҳои табиат – оби табиӣ, сарватҳои зеризаминӣ, рӯизаминӣ ва заминҳои ҳосилхез аст.
Аз ҳамин сабаб, ҳоло дар ҳаёти ҷамъият экотуризм дар қатори дигар навъҳои туризм босуръат ривоҷ ёфта, ба яке аз самтҳое, ки даромади калон меоранд, табдил меёбад.
Одамон ба таври доимӣ дар шаҳрҳои калон, ки урбанизатсия, саноат бо суръат ривоҷ ёфтааст зиндагӣ карда наметавонанд. Барои инсон гӯшаҳои хушҳавои табиат – кӯҳҳо, дарёҳо, бешаҳо, олами ҳайвонот ва растаниҳо ниҳоят заруранд, ки вай дар ин ҷойҳо истироҳат карда, қувва ва саломатии худро барқарор мекунад. Бинобар ин дар Ӯзбекистон як қатор навъҳои туризми миллӣ, инчунин туризми рекреатсионӣ, туризми экскурсионӣ, туризми саргузаштӣ, туризми экзотикӣ, туризми экстремиалӣ ва туризми экологӣ бо суръат ривоҷ меёбад.
Ҳоло чор навъи экотуризм мавҷуд аст:

  1. Туризми илмӣ.
  2. Навъҳои табии туризми таърихшиносӣ.
  3. Туризми саргузаштӣ.
  4. Туризми муҳофизат.
    Дар ҳамаи ҳудудҳои вилояти Самарқанд барои ривоҷ додани ин намуди экотуризм шароити мусоид ва имкониятҳо мавҷуданд. Хусусан, дар туризми илмӣ туристҳо саҳроро мушоҳида мекунанд ва табиатро илман меомӯзанд.
    Сайёҳон тадқиқоти табии таърихиро дар мамнӯъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ мебаранд. Дар туризми муҳофизат ба ҳудудҳои табиӣ саёҳат ташкил карда мешавад ва ин туризм навъи асосии экотуризм ба ҳисоб меравад.
    Ӯзбекистон дар соҳаи сайёҳӣ салоҳияти бузург дорад. Дар мамлакатамон беш аз 7 300-то объекти мероси маданӣ мавҷуд буда, аксарияти онҳо ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил карда шудаанд. Баробари ҳамин, аз имкониятҳои табиати нотакрори диёрамон ва масканҳои зебои истироҳатӣ истифода бурда, самтҳои нави сайёҳӣ кушодан мумкин аст. Бо иштироки фаъолонаи брендҳои глобалии ин соҳа ба инкишофи туризми экологӣ, таълимӣ, этнографикӣ, гастрономӣ ва ғайра эътибори алоҳида додан лозим. Ҳоло бисёр навъҳои туризм соле 5 дарсад, экотуризм бошад 20-30 дарсад меафзояд.
    Маданияти экологӣ – пойдевори мустаҳками тарзи зисти солим.
    Тарғиботи тарзи солими зиндагӣ, шаклдиҳӣ ва такмили маданияти экологӣ – яке аз вазифаҳои барномавии Ҳизби экологии Ӯзбекистон аст.
    Маданияти экологӣ, аввалан аз тарбия дар хонадон сар мешавад. Муҳити хонадон аз таъсири муҳити хонавода ва тарбияи ахлоқӣ дар шуури бачаҳо, эҳтиром нисбат ба муҳити атроф, меҳру муҳаббат ба табиат, ҳисси баҳодиҳӣ ба ҳар некӣ шакл мегирад.

Вазифаҳои асосии Ҳизби экологии Ӯзбекистон аз инҳо иборатанд:
Якум, муяссар шудан ба устувории сиёсати экологӣ дар сиёсати давлатӣ;

Дуюм, таъмин кардани иҷрои сиёсати давлатие, ки ба ривоҷи барқарори мамлакат, муяссар шудан ба бехавфии экологӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои насли имрӯза ва авлоди оянда, инчунин, ба муҳофизати захираҳои табиӣ нигаронида шудааст;

Саввӯм, расонидани ёрӣ ба давлат, ҷамъият ва мамлакат барои муваффақ шудани ҳар як шаҳрванди мамлакат ба иҷрои вазифаҳои худ роҷеъ ба муҳофизати муҳити атроф ва ҳифзи захираҳои табиӣ.

Ҳоло яке аз муаммоҳои пурдолузарб ҷалб кардани эътибори ҷамоатӣ ба муҳофизати муҳити атроф, биогуногунии олами растаниҳо ва ҳайвонот аст.
Дар мамлакатамон барои ба чунин мақсадҳо расидан дар қатори назорати давлатии экологӣ, назорати экологии корхонаҳо ва назорати экологии саноат, назорати экологии ҷамоатиро (мувофиқи қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи назорати экологӣ») пайваста амалӣ кардан даркор аст.
Дар ин самт эътибор ба табиат, барқарор намудани анъанаҳои кӯҳанамон, такмил додани тарбияи маънавӣ-­руҳии ҳар як шахс ва умуман ҷамъият аҳамияти муҳим дорад.
Замин, ҳаво, об ва оташ (Офтоб)-ро аз қадимулайём муқаддас шуморида, ҳамаи динҳои аҷдодонамон аз зардуштӣ то ислом онҳоро ба таври муносиб қадр кардаанд. Бинобар ин дар маданияти экологии аҳолӣ муносибати мусбӣ карданро на танҳо ба ҷамъият ё к иолами ҳайвонот ва растаниҳо, балки ба захираҳои замин ва об низ омӯхтан лозим аст.
Шаклдиҳии тарзи зиндагии солим ва ривоҷдиҳии онро маданияти экологиро шакл надода амалӣ кардан душвор аст. Чунки муносибати шахсро ба Ватан-модар, модар-табиат дуруст шакл надода, ба маданияти экологӣ муяссар шудан мумкин нест.
Маданияти экологӣ аз бисёр ҷиҳат ба шуури ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва бо мавқеи он дар ҷамъият вобаста аст. Бинобар ин, асосҳои ҳуқуқии тарбияи экологӣ дар қонун роҷеъ ба муҳофизати табиат, ҳуқуқ ва маҷбуриятҳои конститутсионии шаҳрвандон акси худро ёфтааст.
Мо ҳоло барои то ҳадди имкон ҳал кардани муаммоҳои экологии умумибашарӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ, инчунин, беҳдошти муҳити атроф ва пешгирии таназзули экологӣ аввалан, зарур аст, ки сатҳи маданияти экологиро баланд бардорем, дар қалби худ ба ин маданият ҷой диҳем ва дар амалиёт ҷорӣ кунем.
Ҳизби экологии Ӯзбекистон барои ба чунин мақсадҳои нек расидан ва ноил шудан ба корҳои амалӣ дар ин самт шиори хеле бомасъулияти «Мо барои оянда масъулем!»-ро қабул кард.
Аз ин рӯ, Шӯрои Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд ҳамдиёронамонро даъват мекунад, ки дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули ҳифзи захираҳои табиии бебаҳои мамлакатамон ва тандурустии шаҳрвандон фаъолона иштирок кунанд.
Фаромӯш накунед! Муҳофизати Модар – табиат вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аст.

Азамат КУРАХМЕДОВ,
раиси кумитаи иҷроияи ташкилоти вилоятии Ҳизби экологии Ӯзбекистон
.