Ба муроҷиати аҳли маҳаллаҳо чаро эътибор надоданд?

Ба муроҷиати аҳли маҳаллаҳо чаро эътибор надоданд?

Санаи 27-уми ноябр дар маҳаллаи «Иброҳим Хӯҷа»-и шаҳри Самарқанд бо ташаббуси кормандони рӯзномаи «Овози Самарқанд» ва иштироки аҳли маҳалла вохӯрӣ барпо гардид.
Тадбирро раиси маҳалла Ф. Исмоилов оғоз намуд. Сипас, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» Т. Азимзода дар хусуси мавқеи маҳалла ва матбуот, камхарҷ гузаронидани тӯю маъракаҳо, таълиму тарбияи ҷавонон сухан ронд. Ӯ таъкид кард, ки ҳар як шахс бояд ҳаққу ҳуқуқи худро хуб донад, барои ин бисёртар рӯзнома, журнал ва китоб хонад, ҷаҳонбиниашро васеъ созад.
Чанд нафар аз иштирокдорони ҷамъомад арз карданд, ки аз маҳалла партовҳоро сари вақт гирифта намебаранд. Раиси маҳалла низ муаммои қудуқи оббарориро пеш оварда гуфт, ки ба идораи шаҳрии «Сувоқова» чанд маротиба бо хат муроҷиат кардем, вале ягон натиҷа нашуд. Дар охир кормандони рӯзнома ба саволу дархостҳои сокинони маҳалла посух доданд.


Чунин тадбир дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қир»-и шаҳри Самарқанд низ баргузор гардид. Фаъолони маҳалла, кормандони мактаби таълими умумии рақами 70-и шаҳр ва вакилони рӯзнома иштирокдорони тадбир буданд. Вохӯриро раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қир» Комил Носиров кушода, оиди мақсади ташкили тадбир сухан кард. Сипас, мухбири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд З. Ҳасанзода ва котиби масъули рӯзномаи «Овози Самарқанд» Ф. Юлдошев дар бораи як қатор масъалаҳо ҳарф заданд.

Н.БОБОАҲМАДОВ.