Зиндагӣ бе орзу ширин набуд…

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд…

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд.

Ҳаёти рангини инсонро бе орзу тасаввур кардан нашояд. Ва ана ҳамин таманно кас­ро ба роҳи фарогирии илму дониш ва бозомӯзии ҳунар ҳидоят мекунад. Наврасон бо орзуи зиёд ба омӯзиши илм машғул мегарданд, то фардо дар зиндагӣ азият накашанд. Дар ҳақиқат, танҳо хиради инсон қодир аст, ки мушкилоти зиндагиро ба роҳи осон бартараф намояд. Набояд фаромӯш кард, ки то расидан ба меваи шохи зиндагӣ роҳи душворро мебояд тай намуд. На ҳар кас қодир аст, ки ба орзуяш бирасад ва ташнагиашро аз дарёи таманно бишканад. Барои ин бедорхобӣ, заҳмату талоши мунтазам, меҳнатдӯстӣ ва хислатҳои шоистаи инсонӣ зарур аст.
Бе ранҷ ҷустани ганҷ суд надорад. Ганҷи бе ранҷро умри дароз набошад. Лаззати нон он вақт аён мегардад, ки ҳосили ранҷ бошад.
Барои дарки ширинии зиндагӣ ақлу фаросот, одаму одамгарӣ, ҳимматбаланду хоксорӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ шарти аввал аст. Аммо набояд ғаму кулфати замонро нолида гирифт. Дар ҳаёт ҳодисаҳои гуногуни хурсандиовар ва нороҳаткунанда ба амал меоянд. Ҳар кас бояд тоқатпазир бошад.
Зеро, хушбахттарин инсони сайёра аз дарду ғам эмин нест. Вале чӣ бояд кард? Ҳаёт имтиҳон аст. Новобаста ба мушкилот ва дарду алам ҳаёт ширин аст. Касе намехоҳад, зуд саҳнаи ин дунёро тарк намояд. Пири садсола боз зиндагӣ кардан хоста, умри гузаштаро беш аз лаҳзае намедонад. Хулоса, зиндагиро танҳо орзуи сабзи инсон ширин мекунад. Пас биштобед, ба сӯйи дунёи орзуҳо ва ба қуллаҳои мурод бирасед. Шукуфтани гули орзу гувоҳи зиндагии ибратбахш аст.

Шодия МИРОВА,
донишҷӯ, шогирди Мактаби маҳорати журналистони ҷавони назди рӯзнома
.