Забонро чӣ тавр бояд омӯхт?

Забонро чӣ тавр бояд омӯхт?

Оё шумо хоҳиши дар муддати хеле кӯтоҳ омӯхтани забони англисӣ ва ба воситаи он озод гуфтугӯ карданро доред?
Боварӣ дорам, ки шумо ҷавоби мусбӣ дода, мепурсед, ки чӣ хел, бо кадом роҳу усулҳо?
Барои ин андаке сабр карда, мақолаи зеринро то охир хонед, сипас забономӯзиро сар кунед.
Шумо медонед, ки замони мо даври мӯъҷизаҳою дигаргуниҳост.
Мақсади шумо ба ман мисли рӯз аён мешавад. Шумо забони англисии ин қадар машҳуршударо аз худ карда, ба майдони ҷаҳон бароед.
Барои ба ин мақсад расидан, шумо бояд ба се чиз эътибори калон диҳед:

  1. Шумо бо чӣ мақсад ин забони ҷаҳониро омӯхтанӣ ҳастед?
  2. Дар омӯхтани забон аз ҳама муҳим манбаъҳо, воситаҳои техникӣ, китобҳои дарсии замонавӣ ва луғатҳо (дузабона) мебошанд.
  3. Шумо ба ин кор дил бандед. Чӣ тавре, ки Низомии Ганҷавӣ мефармояд:
    Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
    Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
    Худи мо забони англисиро дар мактаби миёна ҳафтае 2 бор омӯхта будем. Пас дар донишгоҳ онро боз 5 соли расо омӯхтем, аммо ба забони зиндаи англисӣ озодона ҳарф зада наметавонистем. Зеро, ки гӯшҳои мо ба қабули забони зиндаи англисӣ «сӯрох» карда нашуда буданд. Мо бисёртар забони китобиро меомӯхтем, на зиндаро.
    Ба бахтамон замона тағйир ёфту дигар гаштем мо. Дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои забономӯзӣ кушода шуданд. Муносибат ба забономӯзӣ дигархелтар шуд. Аз Англия, Амрико, Россия мутахассисони забони англисӣ омада, бо худ манбаъҳо ва усулҳои нав ба нави забономӯзиро оварданд.
    Мо дар ин ҷо дар яке аз курсҳои лингофонӣ (лингофонӣ ба маънои омӯзиши забон ба воситаи техника), ки барои муаллимони мо хеле муҳим аст, батафсил истода мегузарем.
    Номи ин китоби дарсии лингофонӣ «BREAKTWZOUGN» (рахна карда гузаштан) буда, он аз як китобу шашто аудиокассета иборат аст. Ҳар як тарафи кассета 30 дақиқа овоз медиҳад. Курси лингафонии «рахна» ҳамагӣ аз 10 дарс иборат мебошад.
    Методологҳои амрикоӣ ба 50 нафар муаллимони финалист – иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявӣ аз забони англисӣ, «рахна»-ро тақдим карданд. Ба мо ҳам аз ин курс як «нусха» насиб кард. Ин курси «рахна» қариб ҳамаи дараҷаҳои омӯзиши забони англисиро дар бар мегирад.
    Гарчанд ин китоби дарсии муаллифон Б.А. Лапидус, Томас Гарза, А.А. Барченков ва С.Д. Толкачеваҳо барои мактабҳои русӣ таълиф шудаанд, онро дар синфҳои таълимашон ба забонҳои маҳаллӣ ҳам кор фармудан мумкин аст.
    Курсҳои лингофонӣ барои гӯши моро «сӯрох» карда, забони зиндаи англисиро фаҳмидан хеле мадад мерасонад. Баъд аз он, ки шумо аз курси лингофонӣ гузаштед, аз радио ё телевизор навигариҳои рӯз, филмҳои ҳунариро, ки ба забони англисӣ намоиш медиҳанд, бо осонӣ мефаҳмед. Чунки шумо аллакай ба забони англисӣ дуруст хонда, бо оҳангу задаю фосилаҳояш талаффуз карда, равон ҳарф мезанед, босаводона менависед ва мулоқот мекунед.
    Барои ҷомаи амал пӯшидани мақсади шумо ба яке аз марказҳои забономӯзии шаҳр рафта мақсади худро изҳор кунед. Ғайр аз курси аввалини «рахна» боз якчанд курсҳои лингофонӣ мавҷуданд, ки онҳоро шумо дертар хоҳед гузашт. Агар хониши шумо қаноатбахш бошад, шумо якбора аз курси «Садоҳои ИМ»-ро гӯш карда истода» сар карданатон мумкин. Агар дониши забонии шумо аз дараҷаи «қаноатбахш» ҳам баландтар бошад, он гаҳ шумо аз видеокурси «Албоми хонаводаи ИМА» таълим гирифтанатон мумкин. Боварӣ дорем, ки шумо дар бадали 6-7 моҳ ба мақсади худ хоҳед расид.
    Мабодо саволҳо пайдо шаванд, аз муаллимҳое, ки дар хориҷа такмили ихтисос кардаанд, ё аз муаллифи ин сатрҳо маслиҳат пурсиданатон мумкин аст.

Ҳамдам НЕЪМАТОВ.