Мӯҳри хомӯшӣ ба лаб то кай занем?

Мӯҳри хомӯшӣ ба лаб то кай занем?

Имрӯз ҳаёт ба куллӣ пеш меравад. Ватани азизи мо низ рӯ ба шукуфоӣ ниҳодааст. Ва барои мо ҷавонон шароити хуб муҳайёст. Ҳар як инсон метавонад дар пешрафти маънавияти худ ҷидду ҷаҳд намуда, аз технологияи нав истифода барад. Номгӯи рӯзномаву маҷаллаҳое, ки нашр мешаванд, беҳисобанд. Дар нашриётҳои ватанамон садҳо китобҳо рӯйи чопро мебинанд. Инсоне, ки китоб мутолиа мекунад, аз аҳли илму маърифат буда, барои боз ҳам мус­таҳкам намудани дониши худ хизмат мекунад.
Инсонҳои соҳибмаърифат ҳаёти худро бе ки­тоб тасаввур карда наметавонанд. Ва сӯҳбат бо ин гуна инсонҳо пурмаъно, дилкаш, ҷолибу пурмӯҳтаво аст. Ин гуна инсонҳо сухани тозаву бадеъ гуфтанро, тоза нигоҳ доштани забони адабиро шараф медонанд. Вале сад таассуф, ки имрӯзҳо сафи онҳое, ки китобу рӯзнома намехонанд, зиёд аст. Аксар асоси зиндагиро дар пулу мол медонанд. Шабу рӯз медаванд, то сарват ҷамъ намоянд, мошин харанд, иморатҳои боҳашам созанд, хонаҳояшонро ба мебелу қолинҳои қиматбаҳо оро диҳанд, назди дӯсту душман аз лиҳози моддӣ дастболо бошанд.
Албатта, барои беҳбудии зиндагӣ кору меҳнат кардан хуб аст. Аммо рӯ ба қашшоқии маънавӣ овардан мусибати сангинест ва он инсонро ба манқуртӣ мерасонад. Дилам бар онҳое месӯзад, ки аз ашъори рангину бетакрори шоирони адабиёти мумтоз байте намедонанд. Ё худ савол аз адибони машҳур чун Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Усмон Азим, Саттор Турсун, Усмон Носир ва дигарон диҳед, мӯҳри хомӯшӣ ба лаб мезананду сар хам меистанд.
Президенти кишварамон Ш. Мирзиёев баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавии шаҳрвандон қариб дар ҳар як баромад ҳарф мезананд. Албатта, ин ташвиқот беҳуда нест, зеро оне, ки китоб мехонад, ба ҷаҳонбинии васеъ соҳиб мегардад, ба ҷиноят даст намезанад, ҳавобаланду мағрур намешавад, порахӯрӣ намекунад. Ватан ва халқашро дӯст медорад, ҳастиашро ба корҳои хайр мебахшад. Китоб ҷаҳони маънавии инсонро мунаввар месозад. Ин аст, ки одамушшуаро Рӯдакӣ илму донишро аз ҳама ганҷҳои рӯйи дунё болотар эътироф намудааст:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Аз ин рӯ, чун як нафар донишҷӯ мехостам пеш аз ҳама хазинаи китобхонаҳои мактабҳои миёна ва олӣ бо адабиётҳои илмиву бадеӣ бой гардонида шуда, фаъолияти онҳо ба таври замонавӣ ба роҳ монда шавад.
Дар шабакаҳои оинаи нилгун мавод ва маҳсулотҳои гуногунро ба таври фаровон эълон мекунанд. Хуб мегардид, ки агар видеонаворҳоро дар бораи аҳамияти китобхонӣ мунтазам пахш намоянд ва ҳар шабака ақаллан якто бошад ҳам, дар бораи китобҳои тозанашр маълумот пешкаш гардад.

Дилафрӯз МУРОДҚУЛОВА,
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, шогирди Мактаби маҳорати журналистони ҷавони назди рӯзнома
.