Мушоҳидони байналмилалӣ

Мушоҳидони байналмилалӣ

бо омодагӣ ба интихобот шинос мешаванд

Ба мамлакатамон барои мушоҳида кардани интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва шӯроҳои маҳаллӣ, ки рӯзи 22 – юми декабри соли ҷорӣ барпо мегардад, мушоҳидони хориҷӣ ташриф мефармоянд.
Ба вилояти мо мушоҳидони Ташкилоти амният ва ҳамкории Аврупо аз рӯйи интихоботи парламентӣ омаданд. Мушоҳидони байналмилалӣ – Говарт Найт ва хонум Ирен Фелманн то ин вақт бо фаъолияти ҳавзаҳои интихоботи барои намояндагии Олий Маҷлис шинос гардида, бо раисони шӯрои вилоятии ҳизбҳои сиёсӣ вохӯрданд.
Меҳмонони хориҷӣ рӯзи панҷшанбе дар Хонаи матбуоти вилоят меҳмон шуданд. Онҳо бо маводе, ки роҷеъ ба ҳизбҳои сиёсӣ, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба намояндагӣ, ба кадом дараҷа тарғиб шудани ғоя ва мақсадҳои ҳизбҳо, ки дар рӯзномаҳои вилоятии «Зарафшон», «Самаркандский вестник» ва «Овози Самарқанд» дода мешаванд, шинос шуданд.
Онҳо инчунин, бо мақола ва хабарҳое, ки дар барои рафти интихобот дода мешаванд, амал намудан ба кодекси оинномаи нави интихобот мароқ зоҳир намуданд.
Меҳмонон дар бораи омодагӣ ба интихобот фикрҳо баён карда, ба он баҳои баланд доданд.

Мухбири худамон.