Мушовири Президент дар вилояти Самарқанд

Мушовири Президент дар вилояти Самарқанд

  • Запись опубликована:13 декабря, 2019
  • Рубрика записиСиёсат

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо сарварии мушовири Президент Т. Худойберганов қабули сайёр баргузор гардид.
Дар қабул, ки маъмурияти Президент, роҳбар-­ходимони вазорат ва идораҳои масъул, ҳокими вилоят ва шаҳр, роҳбарони шӯъбаҳо иштирок карданд, муроҷиати шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардид.
Бо мақсади омӯзиши муроҷиатҳо, фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба шаҳрвандон барои вакили мутасаддии ҳар як идора хонаи алоҳида ҷудо карда шуд.
– Ҳафт сол муқаддам барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ ба яке аз шиносонам ба миқдори зиёд пул дода будам, – гуфт шаҳрванди ноҳияи Самарқанд Умирзоқ Ҳасанов. – Аммо варишкаст (банкрот) шудани корашро баҳона карда, пуламро барнагардонд. Дар суде, ки соли 2014 гузаронида шуд, дар бораи ба ман бозгардондани маблағи қарз ҳукм бароварданд. Афсӯс, ки 5 сол боз ҳеҷ кас иҷрои ин ҳукмро таъмин карда наметавонад.
Т. Худойбергенов омӯзиш ва ҳалли ин масъаларо ба ҷонишини Сарпрокурори Ҷумҳурияти Ӯзбекистон С. Саидкаримов вогузор кард. Вай зикр кард, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи муроҷиат ва даъвои шаҳрвандро омӯхта, иҷрои онро назорат мекунад.
Аксари муроҷиатҳо дар рафти қабули сайёр ҳалли худ­ро ёфтанд.
Инчунин ба шаҳрвандон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуданд.
Дар доираи тадбир дар шаҳри Самарқанд ҷонишини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Р. Ҳотамов ба 21 нафар ҷавонон, ки ба синни балоғат расидаанд, шиносномаҳои биометрикӣ супурд.


Чунин қабули сайёр дар ноҳияи Ургут низ барпо гардид. Дар он шаҳрвандони ноҳияҳои Ургут, Булунғур, Тайлоқ, Ҷомбой аз рӯйи масъала ва мушкилоти худ ба мутасаддиён муроҷиат карданд.

Мухбири рӯзнома.