Озмун шавқовар гузашт

Озмун шавқовар гузашт

  • Post category:Маориф

Дар мактаби таълими умумии рақами 122-и деҳаи Торинҷаки ноҳияи Ургут Рӯзи қабулшавии Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ботантана гузаронида шуд.
Тадбирро ҷонишини директор аз рӯйи корҳои маънавӣ ва маърифатӣ Маҳбуба Хурсандова ифтитоҳ бахшида, ҳозиронро бо ин санаи таърихӣ табрик кард.
Сипас, бо роҳбарии муаллимаи фанни таърих Марҳабо Мирзоева ҷамоаҳои «Адолат»-и синфи 9-»А» ва «Фемида»-и синфи 9-»Б» тадбири «Шумо қонунро медонед?»-ро гузарониданд.
Ҷамоаҳо аз рӯйи панҷ шарт дониш ва маҳорати худро санҷиданд. Онҳо дар бораи Сарқонун саволу ҷавоб карданд. Инчунин, дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ҷавонон саҳначаҳо гузоштанд. Бо баромадҳои мусиқӣ-­адабӣ табъи иштирокдоронро болида сохтанд.
Дар тадбир аз ҷамоаи «Адолат» Шоҳида Самеева, Рухшона Муродуллоева, Марҷона Умарова, Суғдиёна Илҳомова, Муниса Каримова, Нодир Амонов, Аваз Мавлонов, Элдор Матлабов, Ҷавлон Шокиров, Мафтуна Шерматова, аз ҷамоаи «Фемида» Фотима ва Зӯҳро Улашева, Рухшона Равшанова, Иқбол Одилов, Иззат Тоҳиров, Моҳинур Амонова, Меҳрубон Раҷаббоева, Сайфиддин Салоҳов, Севинч Ӯрунбоева ва Гулҳаё Ҳамроеваҳо фаъол иштирок карданд.
Дар анҷом дӯстӣ ғалаба кард. Ҳамаи аъзои ҷамоаҳо аз тарафи роҳбарияти даргоҳи дониш бо ифтихорнома ва китобҳои бадеӣ мукофотонида шуданд.

Шамсиддин ЭСАНОВ,
директори мактаб,
Салоҳиддин ИБРОҲИМЗОДА,
омӯзгори собиқадор.