Омӯзгор бояд чӣ гуна бошад?

Омӯзгор бояд чӣ гуна бошад?

чанд андешаи Форобӣ дар бораи хислатҳои омӯзгор ва тариқи тарбияи наврасон

Муаллими сонӣ, Арастуи Шарқ, Устоди сонӣ…инҳо ҳама лақабҳои Абӯнасри Форобӣ мебошанд. Ин донишманди маъруф аввалин касест, ки осори файласуфони мумтози Юнони Қадимро омӯхтаву бар онҳо шарҳҳо навиштааст ва дар рушди идеяҳои инсонпарварӣ ва тарбиявию ахлоқӣ саҳми арзандае гузоштааст. Ақидаҳои ахлоқии Форобӣ дар як қатор асарҳои ин олими варзида ифода ёфтаанд. Дар ин асарҳо Форобӣ ақлу хирад ва ахлоқу одобро аз беҳтарин сифатҳои инсонӣ мешуморад.
Дар таълимоти фалсафии Форобӣ ақидаҳои эстетикӣ мавқеи хос доранд. Зимни баёни ақидаҳои иҷтимоию сиёсӣ мутафаккир ба категорияҳои муҳими эстетикӣ аҳамият додааст. Файласуф дар рисолаи «Китоб-­ут-­танбеҳ ало сабили-­с-саодат» бахтро дараҷаи камолоти инсонӣ медонад, ки ҳар фард барои ба он расидан бояд кўшиш кунад.
Форобӣ дар ҷамъият то чӣ андоза аҳамияти бузург доштани илму донишро тарғиб намуда, зарурати ба хизмати халқ равона сохтани онро таъкид мекунад. Омӯзиши илм ба воситаи таълим сурат мегирад.
Тарбияи ахлоқии инсон аз оила ва мактаб сарчашма мегирад, зеро дар ин давраи ҳаёт омӯхтани донишу ҳунар осонтар аст. Форобӣ дар таълиму тарбияи насли наврас нақши муҳим бозидани устодро зикр месозад ва таъкид менамояд, ки фазилатҳои ахлоқии барои инсон лозим бо таъсири тарбияи устод ташаккул меёбанд.
Форобӣ мефармояд: «Агар муаллим аз толибилмон ростгӯӣ, поквиҷдонӣ, эҳтиром ва ҳақиқатро талабад, бояд аввал худи ӯ чунин фазилат дошта бошад». Ахлоқ роҳу рафтори инсонро нишон медиҳад. Форобӣ дар тарбияи насли наврас ду усули педагогиро ба инобат мегирад. Агар тарбиятгирандагон ба илму ҳунар мароқ зоҳир созанд, усули илмиро бояд ба кор бурд, агар худсарӣ ва бетартибӣ кунанд, усули танбеҳро истифода бурдан лозим аст.
Форобӣ мегӯяд, ки тарбиятгар бояд бадқаҳр, тундмизоҷу сахтмуомила набошад, зеро ин хислатҳо шогирд­ро бо устод зид мегардонанд. Муаллим бояд пуртоқат, боғайрат, суботкор бошад. Вазифаи асосии муаллим тарбияи хислатҳои хуб ва дур кардани хислатҳои манфии инсон аст.
Одами боақл, – менависад ӯ, – бояд бо худ баҳс намояд, худро назорат кунад, рафтори худро санҷад. Фақат ҳамин хислатҳои нек ба роҳи рост мебарад.
Ақидаҳои Форобӣ дар бораи тарбияи меҳнатӣ ва омӯхтани касбу ҳунар низ шоёни таҳсин аст. Дар назари олим ҳунар на танҳо омили ба даст овардани эҳтиёҷоти ҳаёт, балки воситаи тарбияи ахлоқ ҳам мебошад. Тамоми сифатҳои ахлоқӣ ва эстетикии инсон дар рафти заҳматкашӣ инкишоф меёбад. Ҳам инкишофи истеҳсолот, ҳам илму маданият, инчунин рушди инсон берун аз меҳнати эҷодӣ имконнопазир аст.
Дар маркази диққати Форобӣ масоили некахлоқӣ, саодат ва озодии одам меистад. Меҳвари асосии таълимоти ахлоқии файласуф таълимот дар бораи инсон буд. Ӯ чунин ақида дошт, ки таҳқиқи олам ва инсон ҳамчун заминаи ҳалли масъалаҳои ахлоқӣ хизмат хоҳад кард. Ба андешаи ӯ масъалаи хайр ва шарро фақат ақли инсон муайян карда метавонад. Бахту саодати одам ба дониш ва кӯшишу кори худи ӯ вобаста мебошад.
Форобӣ муҳитро тарбиятгари асосӣ, таъсири онро муҳимтарин омили инкишофу такомули одам мешумурд. Одам покахлоқ ё бадахлоқ таваллуд намешавад ва ӯ зотан накӯкор, ё бадкирдор набуда, балки ботадриҷ, дар натиҷаи таъсири омилҳои муайян дорои хулқу атвори хос мегардад. Табиист, ки муҳити хубу вазъияти солими иҷтимоӣ, рӯҳӣ ва ахлоқӣ муҳайё бошад, ба таълим ва тарбияи шахс таъсири хуб мерасонад. Дар чунин муҳит ҳар гуна рафтори ношоиста, беадолатӣ, бадахлоқӣ ва ғайра маҳкум ва фазилатҳои ахлоқи ҳамида таърифу тавсиф мешаванд. Агар муҳити иҷтимоӣ бад бошаду дар он рафторҳои зиддиҷамъиятӣ бошанд, бешубҳа, аз ин гуна муҳит таъсири мусбати тарбиявиро чашм доштан амри маҳол аст ва одаме, ки дар муҳити бад тарбия ёфтааст, разилу бадахлоқ мешавад. Ҳамин тариқ, ба гуфтаи Форобӣ, одамон аз рӯзи таваллуд бо ҳамдигар баробаранд, вале бо таъсири муҳит тарбияи яке бо роҳи нек ва дигаре бо роҳи бад сурат мегирад.

Насриддин ХӮҶАҚУЛОВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таълими
умумии рақами 56-и ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё
.