Муносибатҳои дӯстона

Муносибатҳои дӯстона

мустаҳкам мегарданд

Солҳои охир дар мамлакати биҳиштосои мо доир ба таъмин сохтани ҳамдилӣ ва кушодадилии байнимиллӣ дар ҷамъият, мустаҳкам намудани муҳити дӯстӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ривоҷдиҳии робитаҳои маданиву маърифатӣ бо кишварҳои хориҷӣ корҳои васеъмиқёс иҷро мегарданд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар мамлакат намояндагони зиёда аз 130 миллат ва халқият зиндагӣ карда, дар моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон муносибати боэҳтиромона ба забонҳо, фароҳам овардани шароит барои рушд ва посдошти урфу одати халқият ва миллатҳое, ки дар ҳудуди кишвар зисту зиндагӣ мекунанд, кафолатнок карда шудааст.
Вакилони халқу миллатҳо аз ҳуқуқ ва имкониятҳои баробаре, ки дар Сарқонун ва қонунҳои Ҷумҳурияти Ӯзбекистон пешниҳод гардидааст, истифода бурда, дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, ҷабҳаҳои илму фарҳанг пурмаҳсул кор мекунанд, ба шукуфоии Ватан ва баланд шудани нуфузу обрӯи он дар арсаи байналхалқӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ таъсис ёфтааст, ки сиёсати давлатиро бобати таъмин сохтани ҳамдиливу кушодадилии байнимиллӣ дар ҷомеа мунтазам назорат мекунад.
Имзо гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 15-уми ноябри соли ҷорӣ «Дар бораи тасдиқ кардани консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ» корҳоеро, ки дар ин самт иҷро мегарданд, ба зинаи нав баровард гӯем, хато нахоҳад шуд.
Фармон бо мақсади мустақимона татбиқ кардан ва минбаъд такмил додани сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ ва рушди робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамчунин мувофиқи Стратегияи ҳаракатҳо доир ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 қабул гардида, дар он иҷрои чорабиниҳои муҳим оиди мустаҳкамсозии муносибатҳои байнимиллӣ ва ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ пешниҳод гардидааст ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ муайян карда шудааст.
Дар асоси фармон «Харитаи амалиёт» бинобар татбиқ намудани Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ дар солҳои 2019-2021 тасдиқ карда шуд.
Инчунин, дар назди Кумитаи оид ба муносибатҳои миллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Маркази тадқиқоти илмиву амалӣ оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ташкил гардид.
Мунтазам баргузор кардани тадқиқотҳои илмӣ, тайёр ва чоп кардани мақолаҳои илмӣ, китобҳо, маводи илмиву тадқиқотӣ, ташкил ва баргузор намудани конфронсҳои илмиву назарӣ ва илмиву амалӣ, симпозиумҳо ва чорабиниҳои дигар дар соҳаи муносибатҳои байнимиллӣ, омӯхтан ва таҳлил кардани таҷрибаи хориҷӣ бобати ҳаллу фасли мушкилот дар ин самт чун вазифаҳои асосии марказ муайян карда шуд.
Албатта, ин ҳама чорабиниҳо на танҳо барои мустаҳкам гардидани мавқеи ватанамон – Ӯзбекистон дар майдони ҷаҳонӣ, балки пурзӯршавии робитаҳои байни кишварҳо хизмат мекунад. Кишваре, ки мардуми он ҳамдаму ҳамдил шуда, ҷониби мақсадҳои нек ҳаракат мекунанд, ояндааш дурахшон ва ҳаёти мардуми чунин мамлакат ҳамеша хушу фаровон мешавад.

Парвина АБДУРАҲИМОВА,
хонандаи синфи X мактаби таълими умумии рақами 77-и шаҳри Самарқанд
.