Гуноҳи афвнопазир

Гуноҳи афвнопазир

  • Post category:Фарҳанг

Диловар дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд мехонд. Дар давоми дарсҳо аз навигариҳои илмӣ хабардор мегардид ва ба усули таълимдиҳии омӯзгорон ва хулқу рафтори онҳо ҳавас намуда, орзу мекард, то дар оянда муаллим шавад.
Диловар дар таътили тобистон ба деҳа рафт. Рӯзе барои дидорбинӣ ба хонаи бобояш роҳ пеш гирифт.
Дарвозаи ҳавлӣ боз буд. Диловар ба дарун нигоҳ карда, чашмаш ба бобояш афтод, ки дар болои чорпояи пеши хона, ҳамроҳи наберагон менишаст. Мӯйсафед бо овози баланд ҳарф мезад ва бачаҳо ором гӯш мекарданд. Азбаски пушт ба дарвоза менишастанд, меҳмонро надиданд. Диловар наздиктар рафта, ба сӯҳбати онҳо гӯш андохт. Пирамард дар бораи амалҳои савобу гуноҳ нақл мекард.
Писари амакаш Шодмон рӯй ба бобо оварда пурсид:
– Бобоҷон, чӣ гуна гуноҳҳо вазнинанд?
Мӯйсафед як лаҳза фикр карду гуфт:
– Дӯстрӯяконам, ман ба шумо дар бораи панҷ гуноҳи вазнин мегӯям. Бодиққат гӯш андозед ва ин гуфтаҳои маро ҳалқа бар гӯш кунед, ки дар пасту баланди зиндагӣ лозим хоҳад шуд. Гуноҳи аз ҳама вазнинтарин ин исрофи нозу неъматҳо мебошад, ки ҳоло аксар одамон ба ин гуноҳ даст мезананд.
Дуввум, ношукрӣ ба замонаи тинҷу осуда ва нерӯи корӣ доштаву дастнигарони дигарон будан аст. Гуноҳи сеюм, ба дигарон бо назари паст нигоҳ кардан ва ба дили одамон озор додан мебошад. Гуноҳи дигар ин бемеҳрии байни ёру дӯстон, бародару хоҳар, инчунин, беоқибатии фарзандон бо падару модар ва бефарқии волидон ба тарбияи фарзандон мебошад.
Панҷумин гуноҳи вазнинтарин ин бефарқӣ ва хиёнат ба касбу ҳунари худ аст, ки аз он на танҳо ҷомеа, балки кишвар зарар мебинад.
Бачаҳо ором менишастанд. Диловар низ гуфтаҳои бобояшро бо мароқ гӯш мекард. Бобо пас аз сукути кӯтоҳ илова кард:
– Дар байни соҳибони касбу кори гуногун аз ҳама гуноҳи вазнин аз тарафи муаллимони нодон содир карда мешавад, ки афвнопазир аст.
– Чӣ хел? – бо тааҷҷуб пурсид Шодмон, ки дар синну сол аз дигарон калонтар буд.
– Муаллимони бесавод аз асрори таълиму тарбияи насли наврас бехабаранд. Ҳеҷ кас дузд ё ноқобил ба дунё намеояд. Дар натиҷаи тарбияи нодурусти волидон, таълими бесамари омӯзгорон ва таъсири муҳит дар тинати ҷавонон хислатҳои зишт ривоҷ меёбад. Ҳар гуноҳе, ки аз тарафи ин ё он шахс сар мезанад, оқибати бесаводист. Агар одам соҳиби донишу хирад бошад, дар ҳаёт роҳгум намезанад. Беҳуда нагуфтаанд:
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Агар муаллим соҳиби хиради воло, ҷаҳонбинии васеъ ва аз рӯйи ихтисос дониши кофӣ дошта бошад, донишомӯзонро таълиму тарбияи хуб медиҳад. Шогирдони чунин омӯзгор дар пасту баланди рӯзгор ҳамеша роҳ ёфта метавонанд ва аз вазъи мушкил осон бадар мераванд. Муаллими ботаҷриба ва аз асрори касб огоҳ қаҳрамони давру замон аст. Чунки маҳз зери парастории ӯ олиму мутафаккирон, шоиру нависандагон, ихтироъкору муаррихон ва пешқадамони соҳаҳои дигар камол меёбанд. Зи нури хиради онҳо ҷаҳон мунаввар мешавад, давлат рушд мекунад, оянда дурахшон мегардад.
Аз ҳамин сабаб, шумо дарсҳоро хуб аз худ кунед, пастӣ ва баландии зиндагиро мушоҳида карда, аз онҳо хулоса бароред ва таҷриба андӯхта, аҷри амалҳои гуноҳу савобро донед.
Ҳамин лаҳза аз кӯча садои гудоки мошин баланд шуд. Бачаҳо ҳама ҷониби дарвоза нигоҳ карда, амакашон Диловарро диданд, ки дар даромадгоҳ меистод. Онҳо ба пеши амакашон давиданд. Пас аз андак аз дарвоза амаки Диловар – Дилшод дар даст борхалта намоён шуд…
Таътил тамом шуда, Диловар дубора ба донишгоҳ омад. Акнун ӯ ба хондан бештар эътибор медод. Чунки андарзҳои падарбузургаш ба ӯ асар карда, пеши худ мақсад гузошта буд, ки дар оянда албатта омӯзгори хуб, қаҳрамони мамлакат мешавад…

Додомаҳмуди ҲАСАНЗОД,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, шогирди «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»-и назди рӯзнома
.