Беш аз 800 нафар интихобкунанда

Беш аз 800 нафар интихобкунанда

овоз доданд

Дар вилоятамон то имрӯз шумораи интихобкунандагони пеш аз мӯҳлат овоз дода беш аз 800 нафарро ташкил менамояд.
То ин вақт 802 нафар шаҳрванде, ки рӯзи интихобот дар манзилашон намешаванд, ба номзади маъқулкардаашон пешакӣ овоз доданд.
Дар ин бора раиси Комиссияи интихоботи вилоят С. Нуриев дар брифинге, ки парирӯз бо иштироки фаъолони ҳизбҳои сиёсӣ ва вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ дар Шӯъбаи вилоятии Маркази байналхалқии матбуоти интихобот баргузор гардид, хабар дод.
С. Нуриев қайд кард, ки дар 161 қитъаи интихоботии ноҳиявию шаҳрии вилоятамон (аз 1051 қитъаи интихоботӣ) 802 ариза аз рӯйи пеш аз мӯҳлат овоз додан қабул карда шудааст. Аз ҷумла, танҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис дар 5 қитъаи интихоботии ҳавзаи интихоботии Тайлоқ – 69 беш аз 220 нафар (223) интихобкунанда пеш аз мӯҳлат овоз додаанд.
Бар асоси рӯйхати ягонаи электронии интихобкунандагон дар вилоятамон 2048100 нафар ҳуқуқи овоздиҳиро доранд.

Ҷамшед ОБИДОВ.