Дар бораи буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2020

Дар бораи буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд барои соли 2020

Мувофиқи қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои соли 2020» дар соли оянда ваколати Шӯроҳои намояндагони халқ роҷеъ ба идораи буҷетҳои маҳаллӣ, хусусан, тасдиқ кардани хароҷотҳои буҷети маҳаллӣ аз рӯйи тақсимоти маблағҳои буҷети ҳудудӣ ва муайян намудани ҳисобдории онҳо дар назди шӯро васеъ карда шуд.
Мувофиқи моддаи 18-уми Қонун Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд лоиҳаи буҷети маҳаллии вилоятро барои соли 2020 баррасӣ намуда, ҚАРОР МЕКУНАД:

  1. Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои соли 2020» барои иҷро қабул карда шавад.
  2. Мувофиқи қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои соли 2020» (дар давоми матн қонун гуфта мешавад) барои маълумот қабул карда шавад, ки миқдори трансферти байнибуҷетии ба тартибоваранда, ки ба буҷети маҳаллии вилояти Самарқанд (дар давоми матн вилоят гуфта мешавад) аз буҷети ҷумҳуриятии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ҷудо карда мешавад, ба миқдори 321,8 миллиард сӯм тасдиқ карда шудааст.
  3. Мувофиқи моддаи 19-и Қонун дар соли 2020:
    а) навъҳои зерини андоз ва пардохтҳои дигар дар байни буҷети вилоят ва буҷетҳои шаҳр ва ноҳияҳои вилоят тақсим карда мешавад:
    андози молу мулке, ки аз шахсони ҳуқуқӣ гирифта мешавад;
    андози замине, ки аз шахсони ҳуқуқӣ гирифта мешавад;
    андози аксиз аз фурӯши бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ ба истеъмолчиёни ниҳоӣ;
    пардохтҳо барои додани ҳуқуқи савдои чакана барои баъзе маҳсулотҳо;
    пардохтҳои дигар ба миқдорҳои дар ҳуҷҷатҳои қонунмандӣ пешбинишуда ба Буҷети давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон (ғайр аз пардохтҳо ба боҷхона);
    – пардохтҳои соҳибон (истифодабарандагон)-и автонақлиёт, ки ҳангоми аз рӯйхат гузарондани онҳо дар идораҳои корҳои дохилӣ барои он ки воситаҳои автонақлиётиро харидаанд, медиҳанд.

Баробари ҳамин, пардохт аз андози даромад, ки мувофиқи қонун шахсони ҷисмонӣ ба миқдори 100 фоиз ба буҷети маҳаллии вилоят медиҳанд (ғайр аз андозҳои даромад, ки шахсони ҷисмонӣ мувофиқи даромади солонаи аз додани молу мулк ба иҷора бар асоси декларатсия ва тадбиркорони тартиби якка медиҳанд, инчунин, пардохтҳои андоз аз фоида (мувофиқи рӯйхати бо қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тасдиқшуда онҳое, ки андози калон медиҳанд, норезидентҳои Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ки ба воситаи муассисаи дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба таври доимӣ фаъолиятбаранда фаъолият пеш мебаранд, инчунин ғайр аз андози фоидае, ки аз даромади дар манбаи пардохти норезидентҳо боздошташуда) дар байни шаҳр ва ноҳияҳо тақсим карда шаванд.
б) навъҳои зерини андоз ва пардохтҳои дигар ба буҷети вилоят пурра гузаронда шаванд:
андоз барои истифода аз захираҳои об, ки стансияҳои барқӣ медиҳанд;
боҷҳои давлатӣ ба миқдори дар ҳуҷҷатҳои қонунмандӣ муайяншуда (ғайр аз боҷи патент ва боҷҳои давлатӣ барои додани литсензия);
ҷаримаҳое, ки ба миқдори дар ҳуҷҷатҳои қонунмандӣ муайяншуда ба Буҷети давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон супурда мешаванд;
молу мулке, ки ба тартиби дар ҳуҷҷатҳои қонунмандӣ муайяншуда ба даромади давлат гузаронда мешаванд, дивидентҳо аз рӯйи активҳои идораҳои ҳокимияти маҳаллии давлатӣ;
навъҳои зерини андоз ба буҷети шаҳр ва ноҳияҳо пурра гузаронда мешаванд:
андози молу мулке, ки аз шахсони ҷисмонӣ гирифта мешаванд;
андози замине, ки аз шахсони ҷисмонӣ гирифта мешаванд;
андози даромаде, ки бар асоси декларатсия аз даромади солонаи шахсони ҷисмонӣ аз молу мулки ба иҷора дода мегиранд ва тадбиркорони тартиби якка мепардозанд;
андоз аз масолеҳи бинокорӣ барои истифода аз қаъри замин, аз ин ашёи хоми семент ва санги оҳаке, ки дар истеҳсоли семент истифода бурда мешаванд, мустасно аст;
андоз барои истифода аз захираҳои об, аз ин андозе, ки стансияҳои барқӣ мепардозанд, мустасно аст;
андоз аз гардиш;
даромадҳое, ки ба миқдори дар ҳуҷҷатҳои қонунмандӣ муайяншуда аз активҳои давлатии ба иҷора додашуда ва аз хусусӣ кардан гирифта мешаванд;
г) пардохтҳо барои андози аксиз аз хизмати алоқаи мобилӣ ва маҳсулоти алкоголӣ, аз ҷумла, пиво ба таври дахлдор аз рӯйи ҳолати 1-уми июли соли 2019 мувофиқи ҳиссаи аҳолии шаҳр ва ноҳияҳо дар аҳолии вилоят гузаронда мешаванд.

Зеринҳо:
нишондиҳандаҳои пешбинишуда (прогноз)-и асосии иқтисодии вилоят барои соли 2020 мувофиқи иловаи 1-ум;
нишондиҳандаҳои пешбинишудаи даромадҳои буҷети вилоят барои соли 2020 мувофиқи иловаи 2-юм;
миқдорҳои маҳдуди хароҷотҳои умумӣ, ки дар соли 2020 аз буҷети вилоят барои тақсимкунандагон ҷудо карда шудаанд, мувофиқи иловаи 3-юм;
меъёрҳои аз андозҳои умумидавлатӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳо ҷудо кардани маблағ мувофиқи иловаи 4-ум;
Миқдори трансфертҳои байнибуҷетии ба тартибоваранда, ки дар соли 2020 барои буҷетҳои маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳо ҷудо карда шудаанд, мувофиқи иловаи 5-ум тасдиқ карда шаванд.
Садорати ғазначигии вилоят ва шӯъбаҳои ҳудудии он амалӣ кардани тақсимоти даромади байни буҷети вилоят ва буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳоро дар асоси меъёрҳои дар иловаи 4-ум муайяншуда таъмин намояд.

Муайян намудани ҳаҷмҳои сарҳадии даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳо мувофиқи иловаи 6-ум тавсия карда шавад.

Зеринҳо:
ҳаҷми хазинаи захиравии буҷети вилоят барои соли 2020 ба миқдори 16 миллиард сӯм;
миқдори камтарини маблағҳои буҷетии дар ҳисобварақаи шахсии ғазнавии буҷети вилоят буда, ки роҳ дода мешавад, ба миқдори 12,6 миллиард сӯм, миқдори камтарини маблағҳои дар ҳисобварақаи шахсии ғазнавии буҷети вилоят, буҷетҳои маҳаллии шаҳр ва ноҳияҳо буда, ки роҳ дода мешавад, мувофиқи иловаи 7-ум муайян карда шаванд.

Ҷонишини якуми ҳокими вилоят (Ӯроқов), роҳбари гурӯҳи ташкилӣ-­назоратӣ (Назаров), ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳо:
иҷрои нишондиҳандаҳои пешбинишудаи даромад ва хароҷотҳои буҷет;
васеъ кардани асос (база)-и андоз, муайян кардани чораҳои зарурӣ роҷеъ ба зиёд кардани салоҳияти иқтисодӣ, назорати қатъии истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷет;
дар асоси моддаи 24-уми қонун, истифодаи самараноки маблағҳои буҷети ҳудудии тақсимкунандагон ба таври дахлдор ва ба Шӯроҳои намояндагони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо дохил кардани ҳисоботи натиҷаҳои ба даст овардаро таъмин кунанд.

Ба ҳокимияти вилоят (Ӯроқов), сарсадорати молияи вилоят (Мирзоев), садорати андози давлатии вилоят (Аҳмадов), телевиденияи вилоят (Исматов), таҳририяти муштараки рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» (Тошев) дар воситаҳои ахбори оммавӣ васеъ равшан кардани миқдор (ставка)-ҳои дар қонун муайяншудаи баъзе андоз ва пардохтҳо, тартиботи муайян кардани андоз ва маълумотҳои дигар тавсия карда шавад.

Қарори мазкур аз рӯзи расман эълон карда шудан эътиборан ба қувва медарояд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят доир ба масъалаҳои шаклдиҳӣ ва иҷро кардани буҷети маҳаллӣ, амалӣ намудани ислоҳотҳои иқтисодӣ ва ривоҷдиҳии тадбиркорӣ (Бердиева) ва ҷонишинони ҳокими вилоят (Ӯроқов, Шукуров, Нурқулов, Қобилов, Хоҷаев, Нуруллоев) вогузошта шавад.

Раиси Шӯро  Э.ТУРДИМОВ
16-уми декабри соли 2019, № 419/68