Муроҷиати Комиссияи вилоятии интихобот, ки ба Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд интихобот мегузаронад, ба интихобкунандагони самарқандӣ

Муроҷиати Комиссияи вилоятии интихобот, ки ба Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд интихобот мегузаронад, ба интихобкунандагони самарқандӣ

Интихобкунандагони азиз!
Падарони мӯҳтарам ва модарони ғамхор! Такягоҳони ояндаи мамлакат – ҷавонон!
Мамлакати мо дар марҳалаи ҷараёнҳои бузурги сиёсӣ қарор дорад. Рӯзи 22-юми декабри соли 2019 интихоботи навбатӣ ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Шӯроҳои намояндагони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳия гузаронида мешавад.
Интихоботи имсола зери шиори «Ӯзбекистони нав – интихоботи нав!» бо кайфияти болида, дар таърихи мамлакат бори аввал дар асоси Кодекси интихоботи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ки 25-уми июни соли равон қабул шудааст, баргузор мегардад.
Дар ин интихобот дар миқёси ҷумҳурӣ беш аз 20 миллион нафар, аз ҷумла, дар вилоятамон зиёда аз 2 миллион нафар интихобкунанда иштирок мекунанд.
Ҷараёни овоздиҳӣ дар 1052 участкаи интихоботии дар ҳудуди вилоят ташкилгардида баргузор хоҳад шуд. Интихобкунандагоне, ки рӯзи интихобот дар манзили зисти доимӣ имкони ҳозир шуданро надоштанд, мувофиқи қонунмандии ҷорӣ дар участкаҳо пеш аз муддат овоз доданд. Ин саъю ҳаракатҳоро нозирони байналмилалӣ аз кишварҳои хориҷӣ низ эътироф мекунанд.
Тибқи моддаи 37-уми Кодекси интихобот шахсоне, ки ҳамчун номзад аз тарафи Ҳаракати соҳибкорон ва кордонҳо – Ҳизби либерал-­демократии Ӯзбекистон, Ҳизби сотсиал-­демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон, Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон, Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон ва Ҳизби экологии Ӯзбекистони мамлакат барои депутатӣ ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ ба рӯйхат гирифта шудаанд, дар байни мардум обрӯ ва эътибор доранд.
Халқи азизи Самарқанд!
Дар интихобот ҳар интихобкунанда ҳуқуқ дорад яке аз депутатҳоро, ки ҳамчун номзад аз қаламрави маҳалли зисти худ пешбарӣ шудааст, интихоб кунад. Овоздиҳӣ рӯзи 22-юми декабр аз соати 08:00 то соати 20:00 давом мекунад.
Бовар дорем, ки ҳар як интихобкунанда ба шиори некӯи «Ман барои ояндаи Ватан овоз медиҳам!» амал карда, шахсан ба участкаи интихоботии маҳаллӣ зист омада, аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода мебарад ва дар роҳи ояндаи дурахшони Ӯзбекистони ҷоноҷон ба номзади дилхоҳ ва муносиб овоз медиҳад!
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи шуморо бо фарорасии соли нави 2020 табрик мегӯем. Дар Соли нав ба шумо пирӯзиҳои нав ва хушбахтии оилавӣ таманно дорем!

Салоҳиддин НУРИЕВ,
раиси Комиссияи вилоятии интихобот, ки барои Шӯрои намояндагони халқи вилоят интихобот мегузаронад
.