Раванди овоздиҳиро дар чор қитъаи интихоботӣ  ба тариқи онлайн дидан мумкин аст

Раванди овоздиҳиро дар чор қитъаи интихоботӣ ба тариқи онлайн дидан мумкин аст

Мувофиқи маълумоти Комиссияи вилоятии интихобот, ки барои Шӯрои намояндагони халқи вилоят интихобот баргузор менамояд, барои дар асоси талаботи демократӣ, шаффоф гузаронидани чунин маъракаи сиёсӣ чанд чорабинӣ иҷро мегарданд.
Бахусус, дар 2 қитъаи интихоботии шаҳри Самарқанд ва 2 қитъаи интихоботии ноҳияи Каттақӯрғон овоздиҳиро тавассути интернет ба тариқи онлайн дидан мумкин аст.
Аз ҷумла, дар ҳавзаи интихоботии 66-ум, ки дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҷойгир аст, тавассути камераҳо рафти овоздиҳиро метавонанд ба таври мустақим мушоҳида кунед.
Инчунин, ҷараёни райъдиҳиро дар ҳавзаи интихоботии 92 (дар колеҷи ҳуқуқшиносии Самарқанд) шаҳрвандон метавонанд дар интернет бевосита назорат кунанд.
– Дар ҳудуд 1323 нафар интихобкунанда ба рӯйхат гирифта шудааст, – гуфт раиси комиссияи интихоботии қитъа Икром Бӯлишев. – Дар қитъа барои тамоми интихобкунандагон, аз ҷумла, 27 нафар ашхоси ногиро тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст. Барои ба тариқи онлайн назорат кардани раванди овоздиҳӣ 2 камера гузоштаанд.
Ғайр аз ин, дар қитъаҳои интихоботии 519 ва 534-и ноҳияи Каттақӯрғон низ камераҳои назоратӣ гузошта шудааст, ки тавассути онҳо ҷараёни овоздиҳӣ ба таври мустақим дар интернет пахш мегардад.