Мушоҳидони байналмиллӣ дар Самарқанд

Мушоҳидони байналмиллӣ дар Самарқанд

Интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллии намояндагони халқ 22-юми декабри соли равон баргузор мегардад. Барои ин ҷараёни муҳими сиёсиро, ки зери шиори «Ӯзбекистони нав – интихоботи нав мегузарад», мушоҳида кардан миссияи мушоҳидони байналмиллӣ ба Ӯзбекистон меоянд.
Ҳоло гурӯҳи мушоҳидони Шӯрои давлатҳои туркизабон дар Самарқанд бо фаъолияти қитъаи интихоботии 66-ум шаҳр шинос шуданд. Масъулони комиссияи интихоботӣ ба онҳо роҷеъ ба рафти тайёрӣ ба интихобот ва фаъолияти комиссия батафсил маълумот доданд.
– Бо рафти тайёрӣ ба интихобот шинос шуда, боварӣ ҳосил кардам, ки шиори «Ӯзбекистони нав – интихоботи нав»-ро бе сабаб интихоб накарда будаед, – гуфт вакили туркиягии миссия Узге хадиче. – Тайёрии қитъаи интихоботӣ ба талаботи муайяншуда пурра мувофиқ аст. Ҷойҳои барои фаъолияти комиссияи интихоботӣ, мушоҳидони ҳизбҳо, вакилони ВАО муайяншуда ҳозир карда шудаанд. Аз ҳама беш дар қитъа имкониятҳои барои шахсҳои ногиро фароҳам оварда, диққати маро ба худ кашид. Барои ҳар як шаҳрванд, ҳизби сиёсӣ ва номзадҳо фароҳам оварда шудани имкониятҳои баробар бешубҳа, дар асоси тамоюлҳои демократӣ гузаштани интихобот асос шуда метавонад.
Сипас, мушоҳидон ба фаъолияти комиссияи вилоятии интихобот мароқ зоҳир карданд. Раиси комиссияи вилоятии интихобот С. Нуриев ба меҳмонон роҷеъ ба ҷараёни тайёрӣ ба интихобот дар вилоят маълумоти муфассал ва ба саволҳояшон посух дод.

Ҷамшеди АСРОР.