Беҳтарин хислатҳои инсонӣ…

Беҳтарин хислатҳои инсонӣ…

Тарбияи хислатҳои ҳамида дар хонандагон дар оғӯши мактаб амали хеле муҳим аст ва ба ин, ба вижа, дар синфҳои поёнӣ диққати махсус бояд дод.
Фармудаи маълуму машҳурест, ки хонанда ҳар қадар боодобу хушрафтору хушгуфтор бошад, яъне ҳар қадар тарбияаш комил бошад, ҳамон қадар дар таҳсилу омӯзиш муваффақ хоҳад буд. Омӯзгорони зинаи аввали таҳсилот бояд бар он ҷидду ҷаҳд намоянд, ки шогирдонашон дорои беҳтарин хислатҳои инсонӣ – ватандӯстию садоқатмандӣ, башарпарварию дӯстию рафоқат ва шафқатмандию меҳрубонӣ бошанд. Дар рӯҳияи эҳтиром ба дӯстӣ парваридани шогирдон дар ҷараёни тарбия аҳамияти махсус дорад. Дӯстӣ аз муҳимтарин хислатҳои одамон буда, онҳоро якдилу якмаром ва комёб мекунад. Дӯстӣ тавъам бо шарафмандист. Дасти ҳам бигрифтан, ба ҳамдигар мадад расондан ва бо ҳам амал намудан аз умдатарин шартҳои дӯстист. Вақте ки одамон ба дӯстӣ арҷ мегузоранд, аҳлона рафтор менамоянд, хушбахту хушдил мешаванд, корҳояшон барор мегирад. Дӯстӣ банди ҳама гуна мушкилотро мекушояд ва роҳҳои зиндагиро ҳамвор месозад. Кулли ободиву шукуфоӣ ва пешрафту дастовардҳо иртибот бо дӯстӣ доранд. Чун одамон дӯст мешаванд, зиндагиашон мешукуфад, рангину ширин мешавад ва аз ин ҷост, ки шоири тавоно, устод Мирзо Турсунзода фармудаанд: «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт».
Дар адабиёти пурғановату овозадори тоҷик ба мавзӯи дӯстӣ ва тавсифу тарғиби он диққати хосса дода шудааст. Ин шоҳбайти Одамушшуаро, устод Рӯдакӣ садсолаҳост, ки ба шиори ашхоси дӯстпарвару ҳаводори дӯстӣ табдил ёфтааст:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Воқеан ҳам, дӯстӣ нишотовар асту гуворотар аз дидору суҳбату ҳамкории дӯстон амале дигар нест. Дӯстӣ дидаҳоро равшан ва ҷаҳонро пурнур месозад.
Шоири дигари маъруфи форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ, ки дар шеър доди сухан додааст ва каломи боэътимоду дилрас дорад, аз ҳамагон самимона даъват мекунад:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Дӯстӣ бо мурури замон қавитару пойдортар ва бештар самаровар мешавад ва баръакс, ҳар қадар душманӣ бештар шавад, ранҷу азоб, бебарорӣ меафзояд.
Дӯстӣ доираи васеъ дорад; одамон бо одамон, гурӯҳҳо бо гурӯҳҳо, шаҳру деҳот бо шаҳру деҳот, мамлакате бо мамлакате, халқу миллате бо халқу миллате… дӯст шуда метавонанд. Ҳар қадар доираи дӯстӣ васеъ шавад, ҳамон қадар иқтидори дӯстон меафзояд. Ин маврид дар мисоли дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, ки решаҳои таърихӣ дораду солҳои охир боз ҳам тақвият меёбад, ба хонандагон метавон нақли ҷолиб кард.
Тарғиби дӯстӣ дар дарс ва дар ҳама гуна машғулиятҳои мактабӣ бояд ба таври ҳамешагию таъсиргузор ҷараён ёбад.

Дилшод ЯРАШОВ, омӯзгори синфи умумии ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 56-и ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарë.