Бойсун ё Бойшин?

Бойсун ё Бойшин?

  • Post category:Ҷамъият

Бойсун яке аз қадимтарин мавзеъҳои Ватанамон аст. Вақте, ки мо барои чӣ ин манзили ҷаннатмаконро Бойсун номидаанд, аз мардум пурсон шудем, аксарият ҷавоб доданд, ки дар қадим ин мавзеъро Бойшин мегуфтанд. Дар ин макони ободу хуррам мардуми сарватманд манзил доштанд.
Аз Самарқанд то ноҳияи ғарбии воҳаи Сурхон расо 300 км. масофа аст. Роҳи саросар аз кӯҳтеппа ва доманаҳои он ҷо-ҷо тахту ҳамвору ҷо-ҷо хароб аст. Хурсандиовараш он аст, ки дар ин роҳҳо корҳои таъмир рафта истодаанд.
Ин ноҳияи машҳур аз шимоли шарқӣ бо ноҳияҳои Шеробод ва Қамашии вилояти Қашқадарё ва аз ғарб бо Қумқӯрғон ҳамсарҳад аст. Масоҳати заминаш 3,72 ҳазор километри мураббаъ мебошад. Нуфузи аҳолиаш зиёда аз 120000 нафар аст.
Ҳоло Бойсун аз 7 маҳалла иборат аст. Инҳо Авлод, Бойсун, Дарбанд, Мачаӣ, Работ, Сайроб, Қӯрғонча мебошанд. Ноҳияи мазкур бо кӯҳҳои Беловтӣ, Хӯҷабузбарак, Чолтоғ, Хоҷағирғурота, Контеппа, Кетмончоптӣ, Саримас, Сувсизтоғ, Кулбатоғи Ҳисор иҳота шудааст. Марказаш шаҳраки Бойсун мебошад.
Бойсун бо осори атиқаҳои археологиаш машҳур аст. Зеро дар ҳудуди он Пойқӯрғон, Қозимуллотеппа, Сарибандтеппа, Ялангтуштеппа, Дарбанд, Мунчоқтеппа, Буйрогӣ, Муллотеппа, Каллақӯрғон ва дигар боқимандаҳои қалъашаҳрҳо мавҷуд аст. Бойсун яке аз мавзеъҳоест, ки дар он бо одамҳои ибтидоӣ зиндагӣ карданаш машҳури дунё аст.
Яке аз муаррихони машҳур профессор С.Турсонов дар китоби «Сурхондарё тарихи» меоварад, ки дар асрҳои VI ва аввали асри XIII шаҳри Басанди давлати Чағониён мавҷуд буд. Чуноне, ки муаллиф таъкид мекунад, ибораи мазкур аз китоби «Китоб мисолик ва ал-­молик» (китоби «Роҳҳои мамлакат»)-и Абӯ Исҳоқ Истархӣ гирифта шудааст. Муаллиф номи ин ҷоро Басанд номидааст. Боз як маълумот дар китоби «Ҳудуд-­ул-­олам» низ оварда шудааст, ки номи Басанд чун «макони мустаҳками ҷамъомади аҳолии ҷангчиён» оварда шудааст.
Аҳолии Басанд то истилои муғулҳо зисту зиндагонии фаровон дошта, баъди истило як чанд вақт ба вайрона мубаддал гаштааст. Дар байни даҳсолаҳо шаҳр аз нав эҳё гардид.
Дар китоби Тӯхтаҳоҷӣ ва Орифҷон Алланов «Омонхона мӯжизалар манзили» оиди ҷойҳои муқаддас ва зиёратгоҳҳои Бойсун сухан меравад. Аз он маълум мегардад, ки дар ноҳияи мазкур мақбараи Хоҷа Сурхпӯши Валӣ, зиёратгоҳи Хоҷа Сиддиқ Саҳоба, Бибиширин, Саримазор, мадрасаи «Ҳудудия» (ҳоло вайрон гашта, дар ҷояш кинотеатри «Само» сохта шудааст), ки хеле ҷолиби диққат будааст.
Мо ходимони Музей-­мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд бо роҳбарии Илҳомҷон Ҳакимов бо мақсади ҷамъоварии либос ва ашёи ҳунармандӣ ба ноҳияи Бойсун экспедитсия ташкил кардем. Баробари он, мо кӯшиш намудем, ки оиди намунаҳои эҷодиёти даҳанакии халқ, маълумотҳои этнографӣ, географӣ, урфу одатҳо ва мероси таърихӣ ва имрӯза ҳаёти Бойсун, табиат ва иқлим, дастовардҳои ҳунармандон ва ходимони маданияти ноҳияро ба даст оварда, фондҳои музей-­мамнӯъгоҳро ғанӣ гардонем.
Экспедитсияи мо аз 5 кас иборат буд. С. Рӯзимуродова ҳамчун мутахассиси этнограф-­санъатшинос буд. Камина Беҳрӯз Маруфӣ, санъатшинос Гулбаҳор Абдурозиқова, рассом Баҳром Йӯлдошев дар самтҳои худ кор карданд. Дар натиҷаи ин экспедитсияи кӯтоҳмуддат бисёр маълумотҳои аниқ ва ашёҳои ҳунармандӣ ҷамъ оварда шуд.
Экспедитсияи вилоятҳо пас аз 30 соли танаффус аз нав барқарор гашт. Охирин экспедитсия ба вилояти Сурхондарё соли 1989 ташкил шуда буд.
Дар он ходимони илмии Музей-­мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд У. Содиқова, А. Воҳидов, О. Мирзоев, Е. Ерофеева, Ш. Рӯзимуродовҳо иштирок доштанд.
Дар ноҳияҳои Нишон, Косон, Касбӣ ва дигар ҷойҳо шуда, ашёҳои нодири музейҳоро оварда буданд. Ҳоло ӯтов, сӯзаниҳо, қолин, асбобҳои кулолӣ ва ғайра дар фондҳои музей мавҷудаанд.
Ҳамроҳи иштирокчиёни экспедитсия мо дар деҳаҳои Сариосиё, Авлод ва ғайра шуда, бо тарзи ҳаёти сокинони онҳо шинос шудем. Сурат гирифта, бозёфту лаҳзаҳои нотакрорро ба навор бардоштем.
30 адад асбобу анҷом ва ашёи нодирро ба фонди музей супоридем.
Аъзои Академияи бадеии рассомони Ӯзбекистон Баҳром Йӯлдошев аз таассуротҳои Бойсун сарфароз гашт.
– Сафар кардан ҷаҳон дидан аст, – мегӯяд ӯ. – Ман чун рассом аз манзараҳои табии нотакрор ва нафиси Бойсуни Сурхондарё таассуроти калон гирифтам. Ин таассуротҳо ба кори эҷодии ман илҳом бахшид. Онҳо характер ва образнокии ба худ хос доранд. Яке сафедрӯ, дигаре гандумгун, аксар малламӯй, чашмкабуд, биниҳояшон тез (уқоббинӣ), кушодчеҳраву бисёр зебо. Ман рассоми машҳури сурхонзамин Рӯзӣ Чориевро ба хотир овардам. Ин рассоми ҳассос дар корҳои мӯйқалами худ лаҳзаҳои нотакрори табиат, портретҳои ҷолибро акс мекард, ки онҳо ба таври худ хосу беҳамто буданд. Баъди сафар, сарфаҳм рафтам, ки аксари қаҳрамонҳои устод Рӯзӣ Чориев ҳамватанашон будааст. Боз як ҷиҳати ба худ хоси устод ин аст, ки дар асарҳои мӯйқаламӣ бештар рангҳои сурхро истифода мебурд. Ин, албатта, таъсири муҳиту табиати мавзеъҳои Бойсун аст. Умуман, Сурхондарё номидани ин мавзеъ дар сурх будани хоку кӯҳҳои он роли асосӣ бозидааст.
Бо вуҷуди он, ки мо ба мақсади асосии экспедитсияи Бойсун расидем, дилҳо дарак медод, ки ҳоло бисёр масъ­алаҳои илмиву тадқиқотӣ дар пеш аст.
Рӯзи охирин бо коркунони меҳмонхонаи «Фирдавс», ки 3 рӯз дар он зисту зиндагонӣ доштем, инчунин ба кормандони шӯъбаи маданияти ноҳия Ҳамза Бозоров, Ҳаким Каримов ва Абдулло Мирзоев сипосгузорӣ ва хайр хуш карда, роҳи Тирмизро пеш гирифтем. Мошини «Дамас» роҳи маркази вилоятро тай мекарду ҳама хомӯш будем. Сарвари экспедитсияи С. Рӯзимуродова оҳиста ханда карда гуфт, ки баъди сафари зиёрати Ҳаким ат-­Тирмизӣ, ба Бойсун боз мегардем. Кайфияти ҳама бардош­та шуд. Аз раҳ бозгашта, аввал зиёрати Амонхона ва нӯшидани оби шифобахши онро кардем ва дар музей ба ташкили намоишгоҳи «Бойсун: имрӯз ва фардо» қарор додем.

Беҳрӯз МАЪРУФӢ,
ходими илмии Музей-­мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд.