Тӯҳфаҳои Президент ба Самарқанд омад

Тӯҳфаҳои Президент ба Самарқанд омад

Дирӯз дар Аэропорти байналмилалии Самарқанд намояндагони ҳокимияти вилоят, Садорати таълими халқи вилоят, Бобои барфӣ ва Барфак самолёте, ки “Тӯҳфаи Президент”-ро овард, тантнавор пешвоз гирифтанд.
Тӯҳфаҳо ба 930 нафар тарбиятгирандагони хонаҳои меҳрубонӣ, мактаб-интернатҳои махсус, маҳаллаи бачагон – SOS, бачагони маҳрум аз парастории волидайн, фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки барои таъмини бехатарии сарҳад ва осоиштагии кишвар дар вақти адои вазифа аз олам чашм пӯшидаанд, супорида мешавад.
Тӯҳфаҳои солинавии Президент мамлакатамон рӯзи 29-уми декбари соли ҷорӣ дар тадбирҳои идона, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар атрофи «Арчаҳои Президентӣ» ташкил мегарданд, ба бачагон тантанавор пешкаш карда мешаванд.

Б.МУСТАНОВ.