Маҳсулоти арзону хушсифат  пешкаши мардум мегарданд

Маҳсулоти арзону хушсифат пешкаши мардум мегарданд

Ҳар сол дар арафаи Иди Соли нав дар бозорҳои деҳқонӣ ва марказҳои савдои вилоят ярмаркаҳои солинавӣ ташкил мешавад. Дар онҳо нархи маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ арзонтар аст.
Дар Самарқанд якчанд бозорҳои калони деҳқонӣ мавҷуд буда, имрӯзҳо деҳқонон бо маҳсулоти босифату арзони худ растаҳои онро пур кардаанд. Аҳолӣ бо хушнудӣ барои оростани дастархони солинавӣ аз ин маҳсулот мехаранд.
Имрӯзҳо дар калонтарин бозори шаҳри Самарқанд-Ҷамъияти маҳдудмасъулияти «Сиёб деҳқон бозори» низ ярмарка фаъолият дорад. Дар растаҳои бозор деҳқонони ноҳияҳои Булунғур, Ургут ва Самарқанд маҳсулоти худро мефурӯшанд.
– Маҳсулоти ярмарка арзон ва ҳам хушсифат аст. Килограмми гӯшти гов 40000 сӯм, гӯшти мурғ 18-20 ҳазор сӯм, мева ва сабзавотро ҳам аз нархи бозор арзонтар мефурӯшанд, – гуфт харидор аз шаҳри Самарқанд Ӯлмас Ҷабборов.
Ҷамъияти маҳдудмасъулияти «Темирйӯл деҳқон бозори» низ имрӯзҳо серодам аст. Дар ярмамаркаи ин бозор кишоварзони ноҳияҳои Оқдарё, Тайлоқ ва Пастдарғам маҳсулоти деҳқонии худро мефурӯшанд. Маъмурияти бозор барои хариду фурӯши маҳсулот шароитҳои хуб фароҳам овардаанд.
Агар дар ҷамъияти маҳдудмасъулияти «Мармар деҳқон бозори» дигар вақтҳо харидорон кам бошанд ҳам, имрӯзҳо серодам аст. Дар ин ҷо деҳқонони ноҳияҳои Нарпай ва Пайариқ бо нархи арзон маҳсулоти босифат мефурӯшанд. Дар ярмарка килограмми картошка 2,0-2,5 ҳазор сӯм, сабзию шалғам 1,0-1,5 ҳазор сӯм ва лаблабуқанд 2,0 ҳазор сӯм аст.
Дар ярмаркаҳо савдои ҳасиб, панир, нӯшокиҳои гуногун, маҳсулоти қаннодӣ ва ғайраро низ ба роҳ мондаанд.
Хулоса, дар арафаи Соли нав дар растаҳои ярмаркаҳои бозорҳои деҳқонии вилоят савдо дар авҷ аст. Мардум бо шодмонӣ, аз нозу ниёз баҳравар мегарданд.
Ин нишонаи замони ободу озод мебошад.

Ҷамшеди АСРОР.