Беҳтарин маҳаллаҳои китобхон муайян гардиданд

Беҳтарин маҳаллаҳои китобхон муайян гардиданд

Сарвари давлатамон бинобар аз рӯи низоми нав ташкил кардани корҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, маънавиву маърифатӣ панҷ ташаббуси муҳимро пеш гузоштаанд, ки яке аз онҳо ба баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, дар байни онҳо васеъ тарғиб намудани китобхонӣ нигаронида шудааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои ин ташаббус дирӯз дар толори мактаби санъат ва мусиқии бачагонаи рақами 3-юми Самарқанд зинаи вилоятии озмуни “Беҳтарин маҳаллаи китобхон” шуда гузашт. Дар он аз 15 маҳалла ғолибони зинаҳои ҳудудӣ иштирок намуда, барои ғолибӣ қувва озмуданд.
Мувофиқи низом озмун аз рӯйи шартҳои “Заковатманди адабиёти мумтози ӯзбек”, “Ашъор”, “Вазъияти мушкилотдор” ва “Саҳми ман дар ҳаёти маҳалла” гузаронида шуд. Аъзои ҳайат И.Зубайдуллоев (раис), Ю.Салимов, Ф.Шокиров ва З.Эшонқулова ба ҳар як баромади иштирокдорон баҳогузорӣ карданд.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоии озмун ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Адаси ноҳияи Тайлоқ «Беҳтарин маҳаллаи китобхон» эътироф гардид ва бо тӯҳфаи ҳокими вилоят — 100 миллион сӯм мукофотонида шуд.
Дар озмун ҷойи дуввум ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Намунаи ноҳияи Иштихон, ҷойи сеюм ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Истиқлоли ноҳияи Пахтачӣ насиб гашт.

Н.БОБОАҲМАДОВ.