Меҳр бошад, ханда бошад дар ҷаҳон…

Меҳр бошад, ханда бошад дар ҷаҳон…

  • Post category:Ҷамъият

Дар коллеҷи касбиву ҳунарии автомобилӣ ва роҳсозии Самарқанд аксияи солинавӣ баргузор гардид. Тадбир бо ташаббуси Садорати ҳудудии рушд ва мувофиқгардонии таълими касбии вилоят дар ҳамкорӣ бо ҳокимият, прокуратура ва Садорати корҳои дохилии вилоят ташкил гардид.
Дар аксия қариб 100 нафар бачагони ятим, бачагони аз парастории волидайн маҳрум, ногиро ва фарзандони оилаҳои камбизоат, ки дар муассисаҳои таълими профессионалии вилоят таҳсил мегиранд, иштирок карданд.
Барои онҳо аз тарафи кормандони садорат, директор ва ҷонишинҳои директор доир ба корҳои маънавӣ-­маърифатии коллеҷҳои касбиву ҳунарии вилоят, омӯзгорони сохтор беш аз 300-то либосҳои гарми зимистона, қариб 120-то тӯҳфаи солинавӣ тақдим гардида, дастархони идона ороста шуд.
– Ман дар ин аксия тасодуфан иштирок кардам, – гуфт меҳмон аз шаҳраки Пайшанбеи ноҳияи Қаттақӯрғон М. Юнусова. – Ин амали ташкилотчиён шоёни таҳсину офарин аст. Мо бояд аз ҳоли кӯдакони дилшикаста ва ниёзманд на танҳо дар иду ҷашнвораҳо, балки доимо бохабар бошем. Ба онҳо аз рӯйи имкон ёрӣ расонда, шод гардонем, то дар дили онҳо эҳсосоти меҳр, муҳаббат ва ғамхорӣ пурзӯр гардида, дар ҷаҳон пойдор будани чунин хислатҳои ҳамидаро фаҳманд.
Сурудҳои дилкаш, рақсҳои ҷолиб ва баромадҳои рангини бачагон аксияро шукӯҳи идона бахшид. Қариб 100 нафар Бобои барфию Барфак ҳамроҳи бачагон рақсида, онҳоро хурсанд карданд.

Ф.ЮЛДОШЕВ.