Сарчашмаи ҳаёт

Сарчашмаи ҳаёт

Дар мактаби таълими умумии рақами 62-и шаҳри Самарқанд бо иштироки хонандагони мактаб ва муаллифи китоби «Ватани бахт» Баҳодури Убайдуллоҳ тақдимоти китоб гузашт.
Сараввал, директори мактаб Нигора Салоҳиддинова муаллифи китоб ва дигар меҳмононро ба ҳозирон шиносонида, ҳамагонро бо Соли нав табрик намуд.
Сипас, хонандаҳои синфҳои 8 «А» ва 2 «А» – намунаҳо аз китоби шоир, олим ва журналисти моҳир Баҳодур Раҳмонов қироат намуданд. Ашъори шоир дорои мазмуни амиқ буда, аз таҷрибаи зиёди зиндагӣ сарчашма гирифтааст. Шеърҳои шоир бо забони содаи фаҳмо навишта шудааст. Мисраъҳо ба таври хос садо медиҳанд. Хонандаҳо ба маҳорати баланд аз шеърҳои шоир намунаҳо қироат карда, ба ҳозирон кайфияти хуш бахшиданд ва саҳначаҳо гузоштанд.
Маълум гардид, барои дар савияи баланд ташкил намудани тақдимоти китоб ҳиссаи роҳбарони синф Насиба Рофееева (8 «А») ва Дилшода Ҳамроқулова (2 «А») калон аст. Хонандаҳо бо иҷрои рақсҳо хотири ҳозиронро болида намуданд. Хусусан, шеърхонии хонандаҳои синфи 8 Шаҳло Фарҳодова, Амирҷон Ҳамроқулов, Нилуфар Додоева, Шоҳрух Умаров, Шаҳина Мансурова, синфи 2 Хосият Маматқулова, Сарвиноз Ҳамроқулова, Райҳона Убайдуллоева ба ҳозирон писанд омад.
Баъди ҳамин, муаллифи китоб Б. Убайдуллоҳ ҳозиронро бо Соли нав табрик кард ва гуфт, ки аз тадбири мазкур сараш ба осмон расид. Ӯ оиди аҳамияти китобхонӣ ҳарф зад ва таъкид кард, ки падару модар сарчашмаи ҳаётанд. Ба хонандаҳои фаъол тӯҳфаҳои солинавӣ супурд.
Дар поёни тадбир модари шоир Марҳабат Раҳмонова, собиқадори меҳнат, устоди шоир Шоира Маннонова, китобдори мактаб Мавлуда Рашидова ва дигарон фикри худро оиди тадбир баён карданд.

Ҷамшеди АСРОР.