Эркинҷон Турдимов: «Ба боварии халқ сазовор шудан, барои онҳо хизмат кардан шараф ва масъулияти бузург аст»

Эркинҷон Турдимов: «Ба боварии халқ сазовор шудан, барои онҳо хизмат кардан шараф ва масъулияти бузург аст»

  • Запись опубликована:3 января, 2020
  • Рубрика записиСиёсат

– Эркинҷон Оқбӯтаевич, соли 2019 ба охир расид. Ба сифати панҷ навигарии муҳими соли гузашта дар ҳаёти вилоят чиҳоро гуфтан мехоҳед?
– Дар давоми сол дар ҳаёти вилоятамон бисёр тағйирот ва навигариҳо рӯй доданд, албатта. Ҳамаи онҳоро гуфтан вақти бисёрро мегирад. Вале ба сифати панҷ навигарии муҳим мехостам зеринҳоро бигӯям.
Якум, Президентамон Шавкат Мирзиёев рӯзи 11-уми январ ҳангоми ташриф ба вилоят ба хонаву ҷой зиёд шудани талаботи аҳолиро ба ҳисоб гирифта, на танҳо дар шаҳри Самарқанд, балки дар шаҳру ноҳияҳои дигар низ фароҳам овардани сохтори замонавии коммуникатсиониро барои сохтмони биноҳои 12-16-қабата супориш доданд. Ва иҷрои ин кор оғоз шуд. Дар натиҷа, соли гузашта дар шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Тайлоқ ва Ургут беш аз 30 бинои истиқоматии бисёрқабата қад рост кард.
Дуюм, ин ҳам бо ташрифи сарвари давлатамон ба вилоятамон рӯзи 26-уми июл вобаста аст. Дар рафти ташрифи мазкур лоиҳаҳо барои сохтмони Маркази сайёҳии Самарқанд пешниҳод карда шуд. Ҳоло дар атрофи канали қаиқронӣ дар майдони масоҳаташ 360 гектар сохтмони объекти мазкур давом дорад. Дар ин ҷо бар асоси меъмории нав сохтмони қасри анҷуманҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар иншоотҳо ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, сохтмони терминали нави фурудгоҳи байналхалқии Самарқанд барои 600 нафар мусофир, тармим (реконструксия)-и парвозу фурудгоҳ давом дорад.
Умуман, дар соли 2019 барои истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии вилояти Самарқанд ва афзунсозии салоҳияти он дар миқёси мамлакат ва байналмиллӣ хеле корҳо амалӣ шуданд. Дар соли нави 2020 ин корҳо ба таври васеъ давом дода мешавад.
Ба сифати навигарии саввум, таҳияи сарнақшаи шаҳри Самарқанд то соли 2040 аз тарафи корхонаи давлатии унитарии «Тошкентбошплан ЛИТИ» ва «China Construction Engineering Design Group Corp. Ltd»-и Хитойро гуфтан мумкин аст. Сарнақша бо ҷамоатчигӣ муҳокима карда шуд. Ҳоло лоиҳаи мазкур дар ҷараёни тасдиқшавӣ аст. Бо он ба бисёр сохтмонҳои ғайриқонуние, ки вақтҳои охир дар шаҳри Самарқанд рӯй доданд, барҳам дода шуд.
Чорум, дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ сохтори кластер пурра ҷорӣ карда шуд.
Соли гузашта дар 75,5 ҳазор гектар майдон пахта бо усули кластер рӯёнида ва ҷамъоварӣ гардид.
Панҷум, дар мулоқот бо халқ ва гузарондани қабулҳои сайёри ҳокимони шаҳр ва ноҳияҳо, роҳбарони секторҳо, сардорони садорат ва шӯъбаҳо ба мунтазамӣ муяссар гардиданд. Худи ман дар давоми сол бо роҳбарони ташкилотҳои вилоятӣ ва мутасаддиён дар шаҳру ноҳияҳо 20 бор қабули сайёр гузарондам. Дар натиҷаи ин мулоқотҳо 5853 муаммои 5087 нафар шаҳрванд ҳал карда шуд.
– Ба мақсадҳое, ки дар оғози сол дар назди худ гузошта будед, расидед?
– Барои ба мақсадҳо расидан кӯшиш кардем. Нишондиҳандаҳои иқтисодии вилоят нисбати солҳои пешина ва ҳиссаи лоиҳаҳое, ки амалӣ шуданд, афзуданд. Вале гуфта наметавонам, ки ҳамаи нақшаҳо иҷро шуданд. Инҳо сабабҳои ба худ хоси объективӣ ва субъективӣ доранд. Вале аз соли гузашта хулоса карда, дар соли нав нақшаҳои нав таҳия кардем ва наздамон мақсадҳои нав гузоштем.Дар асл ҳар як инсонро, ӯ хоҳ роҳбар бошад, хоҳ шаҳрванди одӣ, солҳо ва худи ҳаёт пайваста тарбия мекунад. Тарбия мекунад гуфтанам, ҳар як сол хулосаи худро дорад ва одам ба он нигоҳ карда, нақшаҳои соли ояндаро муайян мекунад.
– То омадан ба Самарқанд ҳокими вилоятҳои Навоӣ ва Сурхондарё будед. Ҳангоми муқоиса кардан дар Самарқанд ҷиҳатҳои ба Шумо мақбул ва нофорам кадомҳоянд?
– Вазифаи ҳоким сарфи назар аз куҷо будан, ба ҳамон ҳудуд хизмат кардан, муяссар шудан ба ризоияти одамон аз давлат, бовар кунондани шаҳрандон ба ислоҳот ва натиҷаи онҳо аст. Дар ин роҳ ҳамаро дар атрофи худ гирд оварда, ҳаракат кардан лозим аст. Ман дар куҷое кор кунам, дар асоси ин ҳақиқат пеш бурдани фаъолият, сазовори боварии Президент, халқи ҳамон ҳудуд шуданро мақсади асосӣ медонам.
Ҳар се вилоят ва халқи ин вилоятҳо ҷиҳатҳое доранд, ки танҳо ба онҳо хос аст. Дар фаъолияти кориам инро, албатта ба инобат гирифтаам. Самарқанд вилоятест, ки ман дар ин ҷо таваллуд шуда, ба воя расидаам. Агарчи то ҳол фаъолияти меҳнатиам вобаста бо дигар ҳудудҳо гузашта буд, ислоҳотҳои дар ин ҷо рӯйдодаро ҳамеша мушоҳида мекардам. Ҳар боре, ки ба Қӯшработ, ба деҳаам мерафтам, ба ин бевосита гувоҳ шудаам. Бинобар ин, дар Самарқанд кор сар карда, бо халқ забон ёфтан он қадар ҳам душвор нашуд. Вале, вақте ки се вилоятро муқоиса мекунед, аҳолии вилоят бисёр ва мутаносибан ҳудуди масъалаҳояш низ зиёд аст.

Зиёда аз ин, замини мазкур аз азал маркази илму фан, маданият, тамаддун буд. Дар таърихи давлатдориамон низ Самарқанд мавқеи муносиб дорад. Ба ҳамаамон маълум аст, ки имрӯз низ вилоят дар ҳаёти иқтисодӣ ва маданию маърифатӣ мавқеи назаррас ва салоҳияти ба худ хос дорад. Ҳамаи ин маро даъват мекунад, ки ба сифати ҳоким ба ҳар як масъала эътибори ҷиддӣ дода кор кунем.
Тарафҳои номақбул ва нофорамаш ҳам, ба худамон, ба чӣ хел гап зада, чӣ хел кор карданамон бо халқ, бо одамон вобаста аст. Ман гуфтаниам, ки барои тарафҳои мақбулашро боз ҳам зиёд карда, ҷиҳатҳои нописандида кам кардан якҷо бо халқ кор карда, доимо дар байни одамон шуданамон лозим аст. Дар дунё халқи чун мардуми мо фарохдил, самимӣ ва бахшанда шояд набошад. Ба боварии ин халқ муносиб шудан, барои онҳо хизмат кардан барои ман шараф ва масъулияти бузург аст.
– Дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаҳои бо сохтмон ва тармими хонаву ҷой дар қисми таърихии шаҳр вобастаро бисёр муҳокима мекунанд. Сабаб ва омилҳо ба рӯй додани онҳо вобастаро дар чӣ мебинед? Аз чӣ сабаб чунин сохтмонҳо ҳоло ҳам давом доранд?
– Аввало, бояд гӯям, ки ҳоло ба чунин сохтмонҳо тамоман роҳ дода намешавад. Дар ин бора супоришҳои роҳбари давлат, қарорҳои ҳукумати ҷумҳурият ва вилоят низ мавҷуд аст. Аз он ки дар чунин вазъият низ ҳолатҳои сохтмони худсарона ва ғайриқонунӣ рӯй медиҳанд, чашм пӯшида наметавонем. Вале ҳамаи инҳо ғайриқонунӣ аст ва онҳое, ки ба ин кор даст задаанд, дар назди қонун ҷавоб медиҳанд. Мо, ҳокимияти вилоят ва шаҳр ҳоло баровардани қарорро роҷеъ ба сохтмон ё ки тармими биноҳо дар ҳудуди таърихӣ ва минтақаи буферии шаҳри Самарқанд боздоштаем. Тартиби додани рухсат дар ин самт дар асоси сохтори нав ташкил карда мешавад.
Сабаб ва омилҳое, ки сохтмонҳои ғайриқонуниро ба миён оварданд, хеле бисёранд. Ҷамоатчигӣ аз онҳо ба туфайли ВАО ва сохторҳои иҷтимоӣ ба хубӣ хабардор аст. Қисмати онҳое, ки ба чунин сохтмонҳо сарварӣ кардаанд, ба аксарият хуб маълум мебошад. Худамон низ дар ин бора баёнотҳо додем, дар вохӯриҳое, ки дар ҳудудҳо гузаштанд, ҳарф задем. Ҳамаи ин амалҳо баҳои қонунии худро гирифтанд ва пас аз ин ҳам, ҳамин тавр мешавад.
Аз ҳама муҳимаш, ҳам роҳбар, ҳам тадбиркор ва аҳолӣ бояд дарк кунанд, ки Самарқанд сарвату ифтихори ҳамаамон аст. Мо ният дорем, ки Самарқандро ба яке аз марказҳои сайёҳии ҷаҳон табдил диҳем. Барои ин аввало, қиёфаи таърихии онро бояд нигоҳ дорем, сайёҳиро ба сифати манбаи асосии даромадамон дида, ба ҳамин мо саъю кӯшиш карданамон лозим мешавад.
– Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хеле фаъол мебошед. Ин кор дар фаъолиятатон то чӣ андоза аҳамият дорад? Зиёда аз ин, журналист ва блогерҳо нисбати дигар ҳудудҳо дар Самарқанд хеле фаъоланд. Шумо ба ин чӣ хел нигоҳ мекунед? Ин ба Шумо ёрӣ мерасонад ё ки…
– Имрӯз ҳамаамон мебинем, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба майдони мулоқоти фаъол табдил ёфта, дар он элементҳои назорати ҷамоатӣ баръало намоён мешаванд.
Кайфияти одамон ва муносибати онҳо ба ин ё ки он воқеа низ дар навбати аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси худро меёбанд. Аз ҳамин сабаб, онҳоро ба таври доимӣ мушоҳида мекунам ва ба воситаи саҳифаҳои худам бо аҳолӣ мулоқот менамоям. Дар ҳалли бисёр масъалаҳои мураккаб ба муҳокима ва муносибатҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ буда низ такя мекунам.
Дар Самарқанд нисбати дигар ҳудудҳо фаъол ва бисёр будани журналист ва блогерҳо бошад, дар фаъолиятам ёрӣ мерасонанд. Бо онҳо тез-­тез вохӯрда, фикрронӣ мекунем. Дар масъалаҳои муҳими ба ҳаёти вилоят вобаста ё ки мавзӯъҳое, ки дар ВАО ё ки шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр муҳокима карда мешаванд, бо журналист ва блогерҳо мулоқоти кушод карданамон ба дуруст талқин кардани ҳамон масъалаҳо ва расонидан ба омма самаранок мешаванд.
– Эркинҷон Оқбӯтаевич, Шумо ва аҳли вилоятро бо Соли нави 2020 табрик мекунем. Соли 2020 барои Самарқанд соли омад ва аз муваффақиятҳо ғанӣ шавад!

Сӯҳбаторо Ғолиб ҲАСАНОВ.