Вохӯрии ҳоким  ва ҷавонон

Вохӯрии ҳоким ва ҷавонон

Дирӯз дар Маркази ҷавонон вохӯрии «Ҳоким ва ҷавонон» бо иштироки Эркинҷон Турдимов баргузор гардид. Дар он масъалаҳое, ки Президенти мамлакат Ш. Мирзиёев рӯзи 27 –уми декабри соли гузашта ҳангоми вохӯрӣ бо ҷавонон дар Мактаби ихтисосонидашудаи ба номи Ал -Хоразмии шаҳри Тошканд ба миён гузошта шуданд, таҳлили корҳое, ки дар вилоятамон амалӣ гардид, оиди сиёсати ҷавонон ва чораву тадбирҳое, ки дар соли 2020 – ӯм ба нақша гирифта шудааст, муҳокима гардид.
Дар вохӯрӣ ҷавонон роҷеъ ба муаммоҳое, ки онҳоро азият медиҳанд, муроҷиат карданд.
– Дар шаҳрамон ҳаракати нақлиёти ҷамоатӣ тамоман бетартиб аст, – гуфт сарвари ҷавонони мактаби рақами 20-и шаҳри Самарқанд Сайёра Баҳриддинова. – Масалан, автобусҳо баъд аз фурӯравии офтоб роҳ намегарданд, ронандаҳо дар давоми ҳаракат аз телефони мобилӣ истифода бурда, бо якдигар мусобиқа мекунанд. Тез рондани автобусҳо, дар истгоҳҳо аз ҳад зиёд истодан ба бисёр дилхирагиҳо меорад.
Аз рӯйи масъалаҳои мазкур ҳокими вилоят ба роҳбарони мутасаддӣ вазифаҳо супурд.
– Ин гуна муаммоҳо масъалаҳои дардноканд, – гуфт ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов. – Барои ҳал намудани ин муаммоҳо албатта, назорати ҷамоатӣ лозим. Аз фурсат истифода бурда, як таклифро ба миён мегузорам: панҷоҳ нафар ҷавононе, ки ҳисси ватанпарварӣ ва дилгармӣ доранд, бо телефонҳои замонавӣ таъмин карда мешавад. Онҳо бо блогерӣ машғул шуда, муаммоҳое, ки дар ҷамъият пеш меояд, аксбардорӣ карда, ба гурӯҳҳои телеграмии вилоят ҷойгир карда мераванд. Муаммоҳои мазкур дар воситаҳои ахбори оммавӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос мегарданд ва роҳбари масъул чораи бартараф намудани муамморо мебинад. Ҷавононе, ки аз ҳама фаъол кор мекунанд, дар охири моҳ рағбатонида мешаванд.
Чунин тадбир дар мактаби таълими умумии мактаби рақами 41-и ноҳияи Ургут низ баргузор шуд.