Ҳурмати пирон намудан – кори хайр

Ҳурмати пирон намудан – кори хайр

  • Post category:Ҷамъият

Дар базмгоҳи «Мӯъҷиза»-и шаҳри Самарқанд як гурӯҳ солхӯрдагони вилоят, ки солҳои зиёд дар соҳаҳои гуногун кор карда, бо меҳнати босамар намунаи ибратанд ва имрӯзҳо бо фаъолии иҷтимоӣ дар пешбурди ҷомеа саҳмгузорӣ менамоянд, дар атрофи дастархони идона ҷамъ омаданд.
Ҳокими вилоят Э. Турдимов пиронсолони пуртаҷрибаро бо фарорасии Соли нав табрик карда, хизмати онҳоро дар татбиқи ислоҳотҳое, ки дар мамлакат амалӣ мегарданд, эътироф намуд.
Пирамарду пиразанҳо барои рушди бардавоми мамлакат дар соли 2020, ноил гардидан ба комёбӣ ва дастовардҳои нав даст ба дуо бардоштанд. Солхӯрдагон дар сари як пиёла чой аз суруду оҳанг­ҳои мумтоз баҳравар гардида, дар бораи қадри инсон, фаровонии рӯзгор ва масъулияти шаҳрвандӣ сӯҳбат оростанд.
– Дар арафаи ҷашну идҳо аз рӯзгори ногироён, оилаҳои ниёзманд, шахсони соҳибобрӯйи кишвар хабар гирифтани ҳокимҳо шоёни эътироф аст, – гуфт собиқадори меҳнат Абдушукур Муҳаммадқулов. – Ҳурмати пиронро намудан амали хайр аст. Эҳтиром ва эътибор ба пиронсолону ҷавонон боиси фаъолии иҷтимоии онҳо дар ҷомеа мегардад. Мо солхӯрдагон ҳаракат мекунем то ба ин ҳама эъзозу эҳтиром ҷавоби муносиб гардонем.