Маркази хизматҳои давлатӣ дар бинои замонавӣ

Маркази хизматҳои давлатӣ дар бинои замонавӣ

  • Post category:Ҷамъият

Дар арафаи иди Соли нав дар шаҳраки Гулобод бинои замонавии Маркази хизматҳои давлатии ноҳияи Самарқанд ба истифода супурда шуд.
Вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, кормандони соҳа, собиқадорон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирокдорони тадбир буданд.
Ҳокими ноҳия Носир Мавлонов ҳозиронро хайра мақдам гуфта, дар бораи сиёсати башардӯстонаи сарвари давлат ҳарф зад ва риштаи суханро ба сардори Садорати хизматҳои давлатии вилоят Мақсуд Қурбонов дод. Сипас, зери кафкӯбии ҳозирон фаъолон ва меҳмонон бинои навро кушоданд.
– Дар ноҳия беш аз 230 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, – гуфт сарвари Маркази хизматҳои давлатии ноҳия Савлат Салоҳиддинов. –Ҳоло дар марказ 120 хели хизматҳо расонида мешавад. Инчунин, дар марказ кассаи махсус барои пардохти боҷи давлатӣ амал мекунад.
Ғайр аз ин, дар бино шӯъбаҳои адлия, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Қабулхонаи соҳибкорони сарвазир ҷойгир аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.