Сол чӣ хел ба охир расид?

Сол чӣ хел ба охир расид?

Дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба мавзӯи «Садорати таълими томактабӣ: сол чӣ хел ба охир расид?» анҷумани матбуотӣ доир гардид. Онро раиси шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Фармон Тошев ифтитоҳ намуд.
Сардори Садорати таълими томактабии вилоят Шӯҳрат Раҳмонов дар ду соли охир дар сохтори таълими томактабӣ чӣ хел ислоҳотҳо амалӣ гардидаанд, маълумот дод. Оиди куллан дигаргунсозии пойгоҳи моддиву техникии боғчаҳои давлатӣ, ҷорисозии услубҳои нави педагогӣ, ташкили ташкилотҳои таълими томактабии нодавлатӣ, давлативу хусусӣ ва оилавӣ муфассал сухан ронд. Ӯ таъкид кард, ки бо мақсади иҷрои қарори Президенти мамлакат аз санаи 8-уми майи соли 2019 «Дар бораи тасдиқ кардани консепсияи ривоҷдиҳии сохтори таълими томактабӣ то соли 2030 дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» корҳои зиёде амалӣ мегарданд. Масалан, агар соли 2017 564 ташкилоти таълими томактабӣ (555 боғчаи давлатӣ, 8 боғчаи нодавлатӣ ва як муассисаи таълими томактабии тобеи ташкилот) фаъолият бурда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 1970 адад расидааст. Баробари боғчаҳои давлатӣ (652) боз 1317 ташкилоти таълими томактабии нодавлатӣ, давлативу хусусӣ ва оилавӣ ташкил карда шуданд. Фарогирии бачаҳо зиёд гардид. Агар соли 2017 фарогирии муассисаҳои таълими томактаби 63003 (20,9 фоиз) нафар бачаҳоро ташкил карда бошад, дар охири соли 2019 ин рақам ба 163231 (50,4 фоиз) нафар расидааст.
Дар рафти анҷуман ба тарзи саволу ҷавоб оиди корҳои таъмириву сохтмонӣ, сохтори хӯрокдиҳии солим, зиёд кардани ташкилотҳои нодавлатии таълими томактабӣ, беҳтарсозии таркиби кадрҳои педагогӣ, баландбардории сифати таълиму тарбия, муаммоҳои соҳа ва ғайра муҳокима гардиданд.

Б.ҶУМЪАЕВ.