Ҷашнвораи «Дӯстии халқҳо» дар мактаб

Ҷашнвораи «Дӯстии халқҳо» дар мактаб

Дар мактаби таълими ҳамагонии махсуси давлатии рақами 51-и шаҳри Самарқанд дар асоси нақшаи корҳои таълиму парвариш ва мувофиқи яке аз панҷ ташаббус, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон пешбинӣ гардидааст, ҷашнвораи «Дӯстии халқҳо» баргузор шуд.
Дар марҳилаи аввали ҷашнвора, ки дар чорчӯбаи фаъолияти бурундарсии равияи рӯҳию ахлоқӣ ва умумимаданӣ ба амал меояд ва он дар байни синфҳои ҳаштум гузаронда мешавад, ба ақидаи ташкилкунандагон бояд шароит барои ташаккули худ, шиносии миллии донишомӯзони хурдсол, муносибатҳои байналқавмӣ дар муҳити байналмилалӣ, муносибати боэҳтиромона ба суннатҳо ва маданияти халқҳо, ки дар қаламрави ватани мо зиндагӣ мекунанд, созмон дода шавад.
Дар ҷашнвора наздик ба даҳ халқиятҳо муаррифӣ гардиданд. Донишомӯзон дар бораи расму одатҳо, суннатҳои халқҳо ҳикоя карданд, рақсҳо иҷро намуданд, сурудҳо хонданд ва шеърҳо қироат карданд.
– Мақсади асосии гузарондани чораҷӯиҳои берун аз синф афзун кардани шавқу алоқаи ҷавонон ба мусиқӣ, наққошӣ, театр ва дигар навъҳои ҳунар, омӯзиши таърих ва маданият, арзишҳо ва анъанаҳои халқҳое, ки дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ба ҳисоб меравад, – мегӯяд омӯзгор Лола Нормамедова. – Дар марҳилаи омодагӣ ба чораҷӯӣ, мо теъдоди донишомӯзонро аз нуқтаи назари мансубият ба ин ё он миллат ба эътибор гирифта, дар ин маврид аз дониш, суннатҳо, урфу одатҳо ва таҷрибаҳои ғании ҳаётии онҳо истифода бурдем.
Дар ин ҷашнвора ҳар як иштироккунанда барои худ як чизи тоза кашф кард, дониши худро афзун намуд.

Юлдуз МАМАДҚУЛОВА.