Инъикосгари  ҳаёти пурҷӯш

Инъикосгари ҳаёти пурҷӯш

Ҳар боре, ки ба Хонаи матбуотии бароям қадрдон медароям, аз укохонҳои навбатдор рӯзнома мегирам, дар байни онҳо албатта, «Овози Самарқанд» ҳам мешавад. Рӯзномаро аз назар мегузаронам. Мақолаҳои барои ҳамма зарурро ёфта мехонам. Аз онҳо завқ мегирам. Мақола, хабар ва навгониҳои чопшуда аз якдигар мароқноканд ва нафаси рӯзро ба қалбам мерасонанд. Интихоби суратҳо, ҷогузории маводҳо, хусусан суханварӣ дар матнҳо ва маҳорати ёфта гуфтани фикр сайкал ёфтааст.
Дар ёдам ҳаст, ки аз ин сӣ сол қабл рӯзномаи «Овози Самарқанд» чӣ гуна таъсис шуда буд ва аъзои таҳририят чӣ тариқ дар мавриди нашрияи нав бо як азму иродаи устувор кор мекарданд. Гуфтанӣ ҳастам, ки рӯзнома дар пеши чашмонамон тавлид шуд. Дар он айём ба овози ҳақиқии халқ табдил додани рӯзнома, бедор кардани меҳри хонандагон ва эътимоди онҳо осон набуд. Кам будани эҷодкорони моҳир, дар сурати мавҷуд будани мутахассисон ҳам, баъзан дасткӯтоҳӣ ҳис карда мешуд, аз ҷониби муассисон дар бархе аз мавридҳо ба рӯзнома камтаваҷҷӯҳӣ зоҳир мегардид. Ин гуна беэътиборӣ баъзан ба пешрафти кори ҳайати таҳририят монеъ мешуд. Ба ибораи дигар, ҳайати таҳририят на танҳо шумораҳои аввали рӯзнома, балки солҳои тӯлонӣ ҳам аробаи нашри онро базӯр кашола мекарданд. Ин гуна ҳол дар ҳаёти дигар ҳайати таҳририятҳо низ рӯй медоданд.
Бо вуҷуди ин, ман мехоҳам, ки заҳмати рӯзноманигори варзида Нор Остонзодаро, ки муҳаррири аввалини рӯзнома буданд, алоҳида қайд кунам. Устод Остонзода ба рӯзнома ҳафт сол сарварӣ карда, барои гуногун кардани мазмуни он ва зиёд кардани теъдоди хонандагони рӯзнома талош мекарданд. Баъдан ба рӯзнома номзади фанҳои суханшиносӣ Ғафурҷон Маҳмудов сардабир таъин шуданд, бо он кас ман дӯсти наздик ва ҳамақида будам. Ин фард дар хонадони бомаърифате тарбия ёфта буд. Аз ин боис ӯ муваффақ шуд, ки рӯзнома аз лиҳози ғоявию бадеӣ ва сиёсӣ рушд кунад. Дар муддати кӯтоҳ «Овози Самарқанд» роҳи худро ёфт, пеш рафт ва теъдоди муштариён афзуд. Рӯзнома ба маънои комил ба овози ҷарангдори халқ мубаддал гашт. Ғафурҷон Маҳмудов дар байни аҳли илм ҳамчун тадқиқгари ҷунбиши ҷадидӣ шинохта шудааст. Ба ёд меорам, ки дар соли 2006 дар як рӯз ман бо Маҳмудов сазовори мукофоти давлатӣ шуда будем. Дар он рӯз мо ҳар ду акс гирифтем. Ба ин асос нигоҳ мекунаму рӯҳи он ҳампешаам дар хаёлам бедор мешавад.
Ҷоиз аст, ки дар бораи Озодҷон Хидиров (Ҳамидзода) чанд сухан гӯям. Ӯ дар таҳририяти рӯзнома ба камол расидааст, аз ин рӯ қаламаш тез буд. Ин ҳампешаи мо шахси хоксор ва дили соф дошт. Дар рӯзнома шаш сол сардабир буд. Ӯ роҳи устодони пешинаи худро идома дод. Танҳо аҳли қалам ва рӯзноманигорон медонанд, ки чопи ҳар шумораи рӯзнома аз кас чӣ қадар заҳмат ва масъулият тақозо мекунад. Озодҷон Ҳамидзода ин бори гаронро ба дӯш бардошта буд ва мутобиқи истеъдод ва қувваи ҳофизаи худ заҳмат кашид.
Рӯзноманигорӣ аслан амали пурзаҳмат аст. Журналист бояд рӯҳи замонро ҳис кунад, бо ҷомеа ҳамнафас бошад, ташвишу дарди муштариёнро баён кунад. Дар акси ҳол рӯзнома аз варақи оддӣ фарқ намекунанд. Аз ин боис кори рӯзноманигориро бо сӯзан чоҳ канданро монанд мекунанд. Ман бо хушҳолӣ қайд мекунам, ки рӯзномаи «Овози Самарқанд» имрӯз дар ин ҷодаи душвор бо қадамҳои устувор равон аст. Баҳодур Раҳмонов ду сол пеш аз ин дар рӯзнома сардабир таъин шуд. Сардабири нав роҳи пурмасъулияти пешиниёни худро давом дода, кӯшиш дорад, ки кору мӯҳтавиёти рӯзнома боз беҳтар шавад. Ин ҷавон дорои унвони илмии доктори илми фалсафа дар риштаи фалсафа буда, дар муддати кӯтоҳ ба хубтар шудани сифати рӯзнома саҳми худро гузошт. Ҳис карда мешавад, ки дар рӯзнома дар солҳои охир дар мазмуну мӯҳтавои он тағйироти муҳим ба вуҷуд омадааст. «Қадри зарро заргар медонад» мегӯянд. Танҳо аҳли қалам медонанд, ки дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» навгонӣ ва тағйирот афзудаанд. Матолиби рӯзнома ҷолиб, хонданӣ ва гуногунмавзӯъ гардиданд. Аз ин сабаб ман аз шумораҳои нахустини рӯзнома, ки бо имзои Баҳодур Раҳмонов чоп мешуданд, ӯро муборакбод мекардам.
Сардабири нав дар навбати худ аз дигар журналистони ботаҷриба маслиҳатҳо мепурсид. Хулоса, Раҳмонов ба рӯҳу ҳавои рӯзнома нафас мекашад. Сардабир дар муддати кӯтоҳ рӯзномаро ба як солномаи дурахшон табдил дод. Дигаргуна шуданаш ҳам мумкин нест. Зеро Баҳодур қабл аз ба кори таҳририят омадан ҳам як шахси донишманд ва пухтакор шинохта шуда буд. Сардабири нав дар риштаҳои гуногуни илму фарҳанг кор карда, маҳорати хешро афзун намуд. Ӯ дар нашрияҳои хурду калон кор карда, суннату амали Ғафурҷон барин соҳибқаламони боистеъдодро давом дода, кӯшиш мекунад, ки онро такмил диҳад. Ин майлу рағбат ва ибтикори амал имрӯз рӯзномаи «Овози Самарқанд»-ро бо тамоми шак­лу қиёфааш зоҳир мекунанд. Аҳли ҳайати таҳририят бошад, бо сарвари донишманд ва пуркори худ ҳамраъй ва ҳамбастаанд. Бинобар ин, вақте ки рӯзномаро ба дастам мегирам, онро рӯякӣ не, балки бо шавқу алоқаи калон ва бо ҳузуру ҳаловат мутолиа мекунам, аз он ғизои маънавӣ мегирам. Ҷашн муборак, «Овози Самарқанд»!

Адҳам ҲАЙИТОВ,
журналист
.