Намунаи эҷоди 30 эҷодкор

Намунаи эҷоди 30 эҷодкор

Дар Маҷмӯаи маънавию маърифатии «Олами китоби Самарқанд» тақдимоти китоби тозанашри китобхонаи «Овози Самарқанд» – «30 гуфтор аз 30 тор» баргузор гардид.
Дар он ҳайати таҳрири китоб, масъулони нашр, эҷодкороне, ки дар китоб намунаҳои эҷодашон гирдоварӣ шудааст, ходимони барномаи «Рангинкамон» ва китобдӯстон иштирок намуданд.
Нахуст, сармуҳаррири рӯзнома Баҳодур Раҳмонов меҳмононро хайра мақдам гуфт ва оиди мазмуну моҳияти китоби «30 гуфтор аз 30 тор», таърихи пайдошавии ғояи китоб, муваффақиятҳои рӯзнома, роҳи 30 – солаи «Овози Самарқанд» ва ғайра сухан ронд.
Сипас, раиси Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд (ДДС) Аслиддин Қамарзода, масъули барномаи «Рангинкамон» Шарофат Эрматова, муҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги» («Субҳи Гулобод»), шоир Нормурод Каримзода, устоди ДДС Дилшода Ҳазратқулиён, ношир ва шоир Асадуллоҳ Шукуров, равшанфикр Ҷамшед Маъруфӣ, сухандон Шаҳло Аҳророва ва дигарон роҷеъ ба аҳамияти китоби мазкур, саҳми эҷодкорон дар ҷамъоварии маводи китоб, аҳамияти китобхонӣ дар тарбияи ҷавонон, обрӯю нуфузи «Овози Самарқанд» дар байни нашрияҳои даврӣ, қадри китоб ва ғайра ҳарф заданд.
Бояд гуфт, ки китоби мазкур бо сарпарастӣ ва кӯмаки соҳибкори маърифатпарвар Акбар Маҳмудов дар Ҷамъияти маҳдудмасъулияти «VNESHIN VESТROM» бо теъдоди 500 нусха чоп шуд. Дар чопи китоб саҳми ҳайати таҳрир Баҳодур Раҳмонов, Адаш Истад, Ӯктам Иброҳим, муҳаррири китоб Тошқул Азимов, мусаҳҳеҳ Лола Раҳимова, саҳифабанд – дизайнер Сироҷ Раҷабов, масъули нашр Ситора Раҳмонбердиева ва дигарон калон аст.
Дар тадбир омӯзгори Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 12-и ноҳияи Самарқанд, шунавандаи «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон»-и назди рӯзнома Фирдавс Ҷумъаев бо иҷрои сурудҳо ба ҳозирон кайфияти аъло бахшид.
– Китоб ба муносибати 30-солагии рӯзнома нашр шуда, дар он намунаҳои эҷодии 30 нафар эҷодкори самарқандӣ ҷамъ гардид. Китоб дар ҳамкорӣ бо Маркази миллӣ-­мадании тоҷик ва тоҷикзабони вилоят ба табъ расид. Китобхонаи рӯзнома дар оянда баровардани дигар китобҳоро низ ба нақша гирифтааст, – изҳори ақида намуд Т.Азимов.

Ҷамшеди АСРОР.