МУРОҶИАТНОМАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ОЛИЙ МАҶЛИС

МУРОҶИАТНОМАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИЯТИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ОЛИЙ МАҶЛИС

  • Запись опубликована:25 января, 2020
  • Рубрика записиСиёсат

Муҳтарам депутатҳо ва сенаторон!
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони муҳтарам!
Хонумон ва ҷанобон!
Ӯзбекистон ба даҳсолаи нав ворид мегардад. Комёбиҳоямон ба таърих табдил меёбанд, ҳаёт дар назди мо торафт талаботи нав ба нав мегузорад, барои татбиқ намудани ислоҳоти беш аз пеш амиқ имкониятҳои зиёд фароҳам меоянд. Бинобар ҳамин ҳам имрӯз моро лозим аст, ки самтҳо ва вазифаҳои бартаринокро бинобар рушди мамлакат дар соли 2020 ва умуман панҷ соли оянда муайян намоем.
Мувофиқи натиҷаҳои маъракаи интихобот, ки таҳти шиори «Ӯзбекистони нав – интихоботи нав» гузаштанд, дар ҷумҳурият муҳити нави сиёсӣ ташаккул ёфт, ки имкон медиҳад ислоҳоти демократии татбиқшудаистодаро ба дараҷаи сифатан баланд бардорем.
Дар интихоботе, ки дар шароити рӯшодӣ ва шаффофият, дар пояи меъёрҳои байналхалқӣ гузашт, 825 нафар нозирони тақрибан 50 мамлакат ва 10 созмони байналхалқӣ ширкат ҷустанд.
Мо бори аввал бо ҳайати васеъмиқёси Бюрои оид ба идораҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар ҳайати 316 нафар ҳамкорӣ кардем.
Нозирони байналхалқӣ махсус таъкид намуданд, ки интихобот дар вазъи рақобати солим, баҳсу мунозираҳои тезутунди байни ҳизбҳои сиёсӣ, бо хеле афзудани нақши расонаҳои ахбори оммавӣ гузаштанд.
Иҷозат диҳед, аз номи тамоми халқамон ба кулли нозирони байналхалқӣ барои фикру ақидаҳои воқеӣ ва тавсияҳояшон нисбати такмил ёфтани ҷараёни интихобот дар Ӯзбекистон самимона миннатдорӣ баён мекунам. Мо ҳар кадоми ин тавсияҳоро амиқ меомӯзем ва онҳоро дар амалиёти барномаҳои дахлдор қабул карда, васеъ ҷорӣ менамоем.
Аз ин нуқтаи назар барои мо баланд бардоштани маданияти интихоботии аҳолӣ, фаъолнокии ҳизбҳои сиёсӣ, такмил додани кори онҳо бо интихобкунандагонашон вазифаҳои муҳим ба шумор мераванд.
Баробари ин, бояд ба мувофиқсозии низоми сезинавии интихобот ба Шӯроҳои маҳаллӣ эътибори махсус дода, дар ин ҷараён нақши комиссияҳои интихоботии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ пурзӯр карда шаванд.
Парлумон ва Комиссияи марказии интихоботиро зарур аст, ки баҳри татбиқ намудани вазифаҳои пешбинишуда бинобар натиҷаи интихобот аз наздик ҳамкорӣ кунанд.
Мехоҳам ба депутатҳову сенаторон ва дар шахси онҳо ба тамоми халқи Ӯзбекистон муроҷиат намоям: ислоҳоти демократӣ – барои мо роҳи ягона дуруст ба шумор меравад. Бо назардошти ин мо дар самти мазкур пайваста кор мебарем, таҷрибаи пешқадами хориҷиро меомӯзем ва саъй менамоем, ки ҳаёт, тарз ва усули кори худро тағйир диҳем.
Мо дар назди худ мақсади олии якҷо бо халқамон бунёд кардани Ӯзбекистони навро гузоштаем. Дар ин роҳ ба ҳаёти мо раванди нав: «Ташаббускори ислоҳот – ҷамъият» торафт бештар қарор меёбад.
Моро лозим аст, ки ба беш аз пеш фаъолнокии шаҳрвандон барои баланд бардоштани натиҷаҳои амалии ислоҳот, пешбурди ташаббусҳои нав дар маҳалҳо муваффақ гардем.
Аз ҳама муҳимаш, дар натиҷаи ин дигаргуниҳо мо бояд баҳри ҳаёти фаровони халқамон шароит фароҳам оварем. Бояд муҳити куллан мусоиди корӣ ва иқлими сармоягузорӣ ташаккул дода шавад, миқдори корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ зиёд гарданд, то ки халқамонро бо даромадҳои сазовор таъмин намоем. Бешубҳа, агар мо худ ин корҳои фавқулодда муҳимро иҷро накунем, касе омада онҳоро барои мо иҷро намекунад.
Халқи мо бояд хуб дарк намояд: дар пеши мо роҳи дуру дароз ва мураккаб истодааст. Агар ҳамаи мо ҳамҷиҳатона пеш равем, донишҳои замонавиро азхуд кунем, бовиҷдонона ва пурмаҳсул кор кунем, ҳаётамон, тамоми ҷамъияти мо, албатта, беҳтар мегардад.
Фикр мекунам, шумо ба ин гуфтаҳои ман мувофиқ ҳастед.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомади муштарак!
Ба шарофати меҳнати фидокоронаи халқамон мо дар соли 2019 – Соли сармоягузори фаъол ва рушди иҷтимоӣ ба натиҷаҳои назаррас муваффақ шудем. Миқдори сармоягузорӣ хеле афзуд. Ҳаҷми сармояҳои бевоситаи хориҷӣ 4,2 миллиард долларро ташкил дод, ки – эътибор диҳед – нисбати соли 2018-ум 3,1 миллиард доллар, ё худ 3,7 баробар зиёд мебошад. Саҳми сармояҳо дар маҷмӯаи маҳсулоти дохилӣ ба 37 фоиз расид.
Бори аввал кишвари мо соҳиби рейтинги байналхалқии вомӣ шуд ва дар бозори ҷаҳонии молия дар ҳаҷми 1 миллиард доллар облигатсияҳоро бомуваффақият ҷойгир кард.
Бори аввал тӯли 10 соли охир мавқеи Ӯзбекистон дар рейтинги зиёни вомии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва пешрафт беҳтар гардид. Дар соҳаҳои энергетика, саноати нафту газ, геология, нақлиёт, сохтмони роҳ, хоҷагии қишлоқ ва хоҷагии об, таъминоти об, таъминоти гармӣ ва як қатор ҷанбаҳои дигар дигаргуниҳои амиқи сохторӣ оғоз ёфтанд. Дар 12 соҳаи асосии саноат барномаҳои таҷдид ва баланд бардоштани рақобатбардорӣ татбиқ мешаванд. Дар натиҷа соли гузашта суръати афзоиши иқтисодиёт 5,6 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 6,6 фоиз, содирот 28 фоиз зиёд шуд. Захираҳои асъору тилло 2,2 миллиард доллар афзуда, ба 28,6 миллиард доллар расид.
Дар хоҷагии қишлоқ бобати баланд бардоштани манфиатдории фермерону деҳқонҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва гузаштан ба низоми истеҳсолоти кластерӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд. Кор дар самти мазкур идома дорад.
Мо тамоми саъю ғайрати худро ба ҳамаҷониба инкишоф додани соҳибкорӣ ва бо ин мақсад фароҳам овардани имкониятҳои нав равона мекунем. Дар ҷараёни иҷрои барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» ба оилаҳое, ки тиҷорати худро оғоз менамоянд, дар ҳаҷми умумии 5,9 триллион сӯм вомҳо ҷудо карда шуданд.
Дар доираи сиёсати нави андоз бори андоз ба музди меҳнат қариб 1,5 баробар коҳиш ёфт. Дар натиҷа миқдори онҳое, ки дар сектори расмии иқтисодиёт кор мекунанд, дар тӯли сол 500 ҳазор нафар зиёд шуд.
Миқдори андоз барои арзиши иловагӣ аз 20 то 15 фоиз коҳиш ёфт. Аз ин ҳисоб соли гузашта 2 триллион сӯм ба ихтиёри андоздиҳандагон боқӣ монд. Пешбинӣ мегардад, ки соли равон ин нишондиҳанда ба 11 триллион сӯм мерасад. Он санад, ки дар давоми як сол ин қадар маблағ дар ихтиёри сармоягузорон мемонад, барои рушди тиҷорати онҳо имкониятҳои бузурги иловагӣ фароҳам меоварад.

Дар натиҷаи ислоҳот соли гузашта 93 ҳазор субъекти нави соҳибкорӣ ташкил гардидад, ки нисбати соли 2018-ум 2 баробар зиёд мебошад.
Дар рейтинги Бонки умумиҷаҳонии «Корбурди тиҷорат» мо 7 зина боло рафтем, дар байни 190 давлат бинобар нишондиҳандаҳои қайди тиҷорат ҷойи 8-умро ишғол намудем ва ба сафи беҳтарин кишварҳои ислоҳотгар дохил шудем.
Мо барои шаҳрвандони 86 давлат режими бидуни раводидро ҷорӣ кардем ва барои шаҳрвандони 57 давлат режими раводиди соддаро ба роҳ мондем. Аз ҷумла, ба шарофати ин соли гузашта 6,7 миллион сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо омаданд, ки нисбати соли 2016-ум 4,7 миллион, ё худ 3,3 баробар бештар мебошад.
Дар соли 2019-ум 5722 кӯдакистонҳои давлатӣ, хусусӣ ва оилавӣ ташкил карда шуданд. Аз ин ҳисоб танҳо дар тӯли як сол фарогирии кӯдакон дар таълимгоҳҳои томактабӣ аз 38 то 52 фоиз зиёд гардид.
Муассисаҳои таълимии намунаи куллан нав – 4 адад Мактаби президентӣ ва 3 мактаби эҷодӣ ба кор сар карданд. Баробари ин, 19 муассисаи нави таълими олӣ ташкил гардид, аз ҷумла 9 филиали донишгоҳҳои машҳури хориҷӣ кушода шуд. Дар ҳамкорӣ бо мактабҳои машҳури олии хориҷӣ тайёр кардани кадрҳо бинобар 141 барномаи муштараки таълимӣ ба роҳ монда шуд. Соли 2019 ба мактабҳои олии Ӯзбекистон 146500 донишҷӯён қабул шуданд, ки нисбати соли 2016-ум 2 баробар зиёд аст.
Тартиби пардохти ҳаҷми пурраи нафақаҳо ба нафақахӯроне, ки кор мекунанд, ҷорӣ гардид. Миқдори кӯмакпулиҳо ба табақаи аҳолии ночор ва камтаъмин, ниёзмандони дастгирии иҷтимоӣ 2 баробар афзуд.
Дар низоми нигаҳдории тандурустӣ баробари муассисаҳои давлатии тиббӣ сектори хусусӣ низ бо суръати тез инкишоф меёбад. Дар натиҷаи вусъат додани фаъолияти табобатӣ аз 50 то 126 хели табобат ва пешниҳоди як қатор имтиёзҳо соли гузашта 634 муассисаи хусусии тиббӣ ташкил ёфт.
Дар доираи барномаҳои «Обод қишлоқ» ва «Обод маҳалла» бобати сохтмон ва ободонӣ дар 479 деҳоту авул, ҳамчунин 116 маҳаллаи шаҳрӣ корҳои васеъмиқёс иҷро шуданд. Барои ин 6,1 триллион сӯм, ё худ нисбати соли 2018-ум 1,5 триллион сӯм бештар маблағ равона гардид.
Миқдори манзилҳои арзон ва олӣ – хонаҳои шахсӣ ва ҳуҷраҳо дар манзилҳои бисёрошёна афзуда – умуман 34700, аз ҷумла дар деҳот 17100, дар шаҳрҳо 17600 ададро ташкил дод, ки нисбати соли 2016-ум қариб 3 баробар зиёд мебошад.
Ба панҷ ҳазор оилаи камтаъмини ба беҳтар сохтани шароити истиқоматӣ ниёзманд, аз ҷумла занони ногиро барои пардохти аъзобадали ибтидоӣ баҳри хариди манзил бино бар вомҳои ипотекӣ беш аз 116 миллиард сӯм ҷудо карда шуд.
Ислоҳоте, ки мо татбиқ менамоем, аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ баҳои сазовор мегиранд. Аз ҷумла, яке аз нашрияҳои дар ҷаҳон машҳур – маҷаллаи «Экономист» Ӯзбекистонро «Кишвари сол», давлате, ки ислоҳотро дар соли 2019-ум бо суръати бештар татбиқ менамояд, эътироф кард. Фикр мекунам, шумо ҳамраъйи ман ҳастед, ки чунин баҳо қалбҳои моро аз эҳсоси ифтихор саршор менамояд, барои муваффақ шудан ба дастовардҳои нав нирӯ ва илҳом мебахшанд.
Ҳамватанони азиз!
Корҳои дар соли гузашта татбиқнамудаамонро аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда, мехоҳам ҷиҳатҳои зеринро махсус қайд намоям:
Якум, роҳбарони тамоми дараҷаҳо аз ин натиҷаҳои нахус­тини мусбат набояд фориғбол ва саргаранг шаванд.
Ҳадафи асосии парлумони нав ва ҳукумат барои 5 соли минбаъда ин баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти мардуми сермиллати мо ба шумор меравад.
Вобаста ба ин мехостам ба депутатҳои муҳтарам муроҷиат кунам: бояд якҷо бо идораҳои масъул барномаҳои мушаххас ва «харитаҳои амалиёт»-ро бобати ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра, ки дар ҷараёни вохӯриҳои пешазинтихоботӣ аз ҷониби аҳолӣ бардошта шуданд, кор карда баромад ва татбиқ намуд. Дар акси ҳол депутатҳо метавонанд эътимоди интихобкунандагони худро аз даст диҳанд, ҳизбҳо бошанд, беобрӯ шаванд. Зеро ҳоло ҳам тафаккур, ҳам ҷаҳонбинӣ, ҳам талаботи мардуми мо куллан тағйир ёфтааст.
Дуюм, моро лозим аст, ки барои баланд бардоштани сифати низоми идоракунӣ ва дар ҷамъият пурра татбиқ шудани раванди асосӣ: «Халқ барои мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд» корҳои зиёдеро анҷом диҳем.
Он санад, ки дар қабулгоҳҳои виртуалӣ ва халқии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ҳар рӯз зиёда аз 1 миллион муроҷиати шаҳрвандон мерасанд, аз зарурияти беҳтар кардани мулоқот бо халқ ва баланд бардоштани сатҳи нави он шаҳодат медиҳад.
Минбаъд низоми дар парлумон ва Шӯроҳои депутатҳои халқӣ мунтазам шунидани ҳисоботи роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ҳокимон дар бораи он ки масъалаҳои дар муроҷиати шаҳрвандон зикршуда чӣ гуна ҳаллу фасл мешаванд, ба роҳ монда хоҳад шуд.
Тақсим кардани даромадҳои иловагии буҷаҳои маҳаллӣ, одилона таъин кардани кӯмакпулиҳо, баҳо ба кори роҳбарони мақомоти иҷроия минбаъд дар пояи таҳлили муроҷиатҳо ба Қабулгоҳҳои халқӣ амалӣ мешаванд.
Ҳар як депутатро лозим аст, ки бо Қабулгоҳҳои халқӣ ҳамкории тарафайн дошта бошад ва дар ҳаллу фасли мушкилоти аҳолии ҳавзаи интихоботии худ фаъолона иштирок ва бо дарду ташвишҳои мардум зиндагӣ кунад.
Танҳо ба ҳамин тарз депутатҳо метавонанд ваъдаҳои худро иҷро кунанд, эътимоди халқро сафед намоянд ва соҳибэҳтиром шаванд. Он вақт ман ҳам, нафақат ҳамчун Президент, балки ба сифати интихобкунандаи оддӣ аз шумо сидқан миннатдор хоҳам шуд.
Сеюм, мо дар назди худ мақсад гузоштем, ки ба сафи давлатҳои тараққикарда ворид шавем, ба ин танҳо татбиқ намудани ислоҳот, бо суръати баланд бо такя ба илм, маърифат ва инноватсияҳо муваффақ шуда метавонем.
Барои ин бояд, пеш аз ҳама, кадрҳои шакли навро, ки ташаббускорони ислоҳот буда, дорои ҷаҳонбинии стратегӣ, донишҳо ва ихтисосҳои олӣ мебошанд, тарбия намоем. Маҳз барои ҳамин ҳам мо ислоҳкунии тамоми зинаҳои таълим – аз томактабӣ то зинаи таълими олиро оғоз кардем.
Илм ва маърифат барои баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ ва маънавии нафақат ҷавонон, балки тамоми ҷомеаи мо аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Дар ҷое, ки илм инкишоф намеёбад, пасравӣ, қафомонии ҷамъият дар тамоми соҳаҳо мушоҳида мегардад.
Мутафаккирони бузурги Шарқ фармудаанд: «Хирад ва илм сарвати бузург аст, тарбияи хуб мероси олист, ҷаҳолат – қашшоқии азим мебошад».
Саъю кӯшиш барои соҳиби донишҳои замонавӣ шудан, соҳибмаърифат будан ва дорои маданияти баланд гардидан бояд барои ҳамаи мо талаботи ҳаётӣ бошанд.
Бо мақсади рушди устувор мо бояд донишҳои рақамӣ ва технологияҳои иттилоотиро амиқ азхуд намоем, ин ба мо баҳри бо роҳи кӯтоҳтарин ба пешрафти азим муваффақ шудан имконият медиҳад.
Дар ҷаҳони кунунӣ технологияҳои рақамӣ дар тамоми соҳаҳо нақши ҳалкунанда мебозанд.
Бо вуҷуди он ки соли 2019 дар Индекси байналхалқии рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ мамлакати мо ба 8 зина боло рафт, мо ҳанӯз дар ин соҳа хеле қафо мондаем. Агар гӯем, ки аксарияти вазоратҳову идораҳо ва корхонаҳои мо ҳанӯз бобати пурра ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ қафомонда мебошанд, муболиға намешавад.
Бешубҳа, ҳамаи мо хуб дарк менамоем, ки ташаккулёбии «иқтисодиёти рақамӣ» инфрасохтори дахлдор, маблағҳои азим ва захираҳои меҳнатиро тақозо менамояд. Вале, ҳар қадар, ки душвор набошад, мо бояд ҳатман имрӯз ба ин кор оғоз кунем, зеро фардо аллакай дер мешавад. Бинобар ҳамин ҳам ҳарчи тезтар гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ дар панҷ соли минбаъда барои мо вазифаи афзалиятнок боқӣ мемонад.
Маълум аст, ки технологияҳои рақамӣ нафақат сифати маҳсулот ва хидматро баланд мебардоранд, хароҷотро кам мекунанд, балки ҳамчунин дар мубориза ба муқобили тамаъгарӣ – мушкилоти аз ҳама ҷиддие, ки маро бағоят ба ташвиш меоварад, воситаи самарабахш ба шумор мераванд.
Васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ ба самаранокии идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, хулоса, куллан беҳ шудани ҳаёти мардум мусоидат менамоянд.
Ҳамдиёрони азиз!
Муҳтарам интихобкардагони халқ!
Бо мақсади мустақиман идома додан ва ҷорӣ кардани дараҷаи наву замонавии корҳои оғознамудаамон бино бар рушди соҳаҳои илму маърифат, тарбияи ҷавононамон ҳамчун шахсияте, ки дорои донишҳои амиқ, маданият ва маънавияти олӣ мебошанд, ташаккул додани иқтисодиёти рақобатбардор пешниҳод мекунам, ки соли 2020-ум дар мамлакати мо «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» эълон карда шавад.
Барои амиқ ислоҳсозӣ ва рушди соҳаву ҷабҳаҳое, ки дар номи сол мушаххас шуданд, моро лозим аст, ки корҳои васеъмиқёсро татбиқ кунем.
Аз ҷумла, дар соли равон мо бояд дараҷаи фарогирии кӯдаконро бо таълими томактабӣ ба 60 фоиз расонем. Барои ин мақсадҳо аз буҷа 1,8 триллион сӯм ҷудо карда мешавад.
Бори аввал дар мамлакати мо низоми тайёркунии бачагон ба мактаб аз синни 6 ҷорӣ мегардад. Аз буҷа барои ин мақсадҳо 130 миллиард сӯм ҷудо карда хоҳад шуд. Ба ин ҷараён муассисаҳои таълимии хусусии мактабӣ низ иштирок мекунанд.
Соли 2020-ум аз ҳисоби 1,7 триллион сӯм маблағи буҷавӣ 36 адад мактабҳои нав бунёд меёбанд, 211 мактаб куллан таъмир карда мешавад. Таъсис додани 55 мактаби хусусӣ бо назардошти ба 141 адад расондани миқдори умумиии онҳо низ пешбинӣ мегардад.
Мо низоми пардохти мукаммали меҳнатро барои омӯзгороне, ки маҳорати бузурги педагогӣ ва ихтисоси дахлдор дошта, дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои мушаххас ноил гардидаанд, ҷорӣ менамоем.
Бояд барномаҳои таълимии мактабӣ дар пояи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ такмил дода шаванд, миқдори таълим ва фанҳои омӯхташаванда таҷдиди назар гардад, онҳо ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ карда, сифати китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ баланд бардошта шаванд.
Барои тайёрӣ ба соли хониши 2021 ва дар Ӯзбекистон ҷорӣ кардани низоми байналхалқии баҳогузорӣ ба таълими мактабӣ 348 мактабҳои пойгоҳӣ мушаххас гардида, ихтисоси зиёда аз 6 ҳазор омӯзгорон баланд бардошта мешавад.
Аз соли таълими кунунӣ низоми куллан нави таълими касбӣ ҷорӣ гардида, 340 адад мактаби касбӣ, 147 коллеҷ ва 143 техникум ташкил карда хоҳанд шуд.
Ба мақсади таъмин кардани мувофиқати ихтисоси кадрҳо ба талаботи бозори байналхалқии меҳнат моро лозим аст, ки Низоми миллии ихтисосҳоро кор карда бароем, ки имкон медиҳад тақрибан бино бар 9 ҳазор ихтисос кадр тайёр карда шавад.
Мо вазифадорем, ки барои ҷавононамон, ки ба гирифтани маълумоти олӣ, такмил додани дониши худ саъй мекунанд, мехоҳанд ҳаёти худро ба илм бахшанд, тамоми шароитҳоро фароҳам оварем. Бинобар ҳамин ҳам мо фарогирии хатмкардагони мактабҳоро ба таълими олӣ дар соли 2020-ум ҳадди ақалл ба 20 фоиз ва дар пешомад ба 50-60 фоиз мерасонем.
Бояд қайд кард, ки зиёд намудани фарогирӣ бо таълими олӣ набояд танҳо аз ҳисоби таълими қарордодиву пулӣ амалӣ гардад. Агар мо миқдори грантҳои давлатиро барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ 2 баробар зиёд кунем, шумо чӣ мегӯед?
Барои духтарон грантҳои махсус ҷудо карда хоҳанд шуд. Кумитаи занонро лозим аст, ки маҳаки интихоби номзадҳоро ба таълим дар асоси чунин грантҳо кор карда барояд.
Бояд имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олӣ оптимизатсия карда ва ба соддатар кардани шарти қабул, ба мактабҳои олӣ пешниҳод кардани донишҳои воқеан харидоргир эътибори махсус дода шавад.
Чунончӣ, бояд низоми миллии тестӣ барои баҳогузорӣ ба дониши забони модарӣ созмон дода шавад. Дар ин маврид толибилм имкон дорад имтиҳони мазкурро дар вақти хостааш диҳад ва шаҳодатномаи дахлдор гирад, дар натиҷа зарурияти такроран додани тестҳо оид ба забони модарӣ, ҳангоми дохилшавӣ ба мактаби олӣ, аз байн меравад.
Дар пояи таҷрибаи хориҷӣ меъёрҳои таълими олӣ такмил дода мешаванд, самтҳо ва сохтори фанҳои омӯхташаванда таҷдиди назар мегарданд. Миқдори фанҳое, ки ба талаботи ихтисос муносибат надоранд, 2 баробар коҳиш меёбанд.
Мо бояд ба низоми вомиву модулии таълими олӣ гузарем. Аз соли равон барои 6 самти таълими педагогӣ 3 муҳлати тобистонаи таълим муайян карда мешавад.
Чунин тағйирот дар самтҳои дигар низ татбиқ мегардад.
Ба муассисаҳои таълими олӣ давра ба давра мустақилии академӣ ва молиявӣ пешниҳод карда хоҳанд шуд. Соли ҷорӣ 10 мактаби олӣ ба худтаъминкунӣ мегузаранд. Ғайр аз ин мо дар асоси озмун на камтар аз 5 мактаби олиро муайян мекунем ва якҷо бо мактабҳои олии пешқадами хориҷӣ трансформатсияи онҳоро оғоз менамоем.
Моро лозим аст, ки дар соҳаи илм афзалиятҳои мушаххасро муайян кунем. Ягон давлат қодир нест, ки тамоми соҳаҳои илмро дар як вақт инкишоф диҳад. Бинобар ҳамин ҳам мо ба рушди якчанд самтҳои муҳим эътибор медиҳем.
Соли равон бобати рушди васеи тадқиқоти асосӣ ва амалӣ дар самтҳои зерин, аз ҷумла математика, кимё ва биология, геология чораҳо андешида мешаванд, барои олимон тамоми шароитҳо фароҳам оварда хоҳанд шуд. Ҳамчунин бояд механизми пешниҳоди грантҳои мақсаднокро барои тадқиқоти асосӣ ва инноватсионӣ куллан таҷдиди назар созем.
Бояд платформаи электронии комёбиҳои илмӣ, пойгоҳи кашфиётҳои илми ватанӣ ва хориҷӣ ташаккул дода шаванд. Ҳар кадом муассисаи таълими олӣ ва илмиву тадқиқотӣ бояд ҳамкориро бо донишгоҳҳову марказҳои илмии пешқадами хориҷӣ ба роҳ монанд.
Соли равон бинобар самти бунёди «Эл-­юрт умиди» 700 нафар олимон, профессорон ва омӯзгорон барои гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ва баланд бардоштани ихтисоси худ ба хориҷа фиристода мешаванд.
Минбаъд мо бояд миқдори грантҳоро 2 баробар зиёд кунем ва самтҳои тадқиқотро вусъат диҳем.
Соли 2020 мо бояд дар рушди «иқтисодиёти рақамӣ» гардиши куллиро амалӣ намоем. Дар навбати аввал бояд соҳаҳои сохтмон, энергетика, хоҷагии қишлоқ ва хоҷагии об, нақлиёт, геология, нигаҳдории тандурустӣ, таълим, кори кадастр ва бойгониро куллан рақамӣ кунем. Баробари ин бояд низоми «Ҳукумати электронӣ», барнома ва лоиҳаҳоеро, ки дар доираи он татбиқ мешаванд, аз нуқтаи назари танқидӣ таҷдиди назар кунем, тамоми масъалаҳои ташкилӣ ва идоравиро маҷмуан ҳаллу фасл намоем.
Ҳоли ҳозир дар Тошканд бо инфрасохтори замонавӣ «IT‑парк» созмон дода мешавад. Мо аллакай натиҷаҳои аввалини кори онро мебинем. Чунин «IT‑парк»-ҳо дар шаҳрҳои Нуқус, Бухоро, Намангон, Самарқанд, Гулистон ва Урганҷ низ ташкил карда мешаванд.
Ба мақсади тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ якҷо бо шарикони хориҷии мо лоиҳаи «як миллион барномасоз» ба роҳ монда шуд.
Бояд дар тамоми зинаҳои низоми таълим технологияҳои иттилоотии замонавӣ ҷорӣ карда шаванд.
Бо назардошти он ки соли гузашта кор бобати пайвастани тамоми шаҳрҳо ва марказҳои ноҳия ба шабакаҳои интернети баландсуръат анҷом ёфт, бояд дар 2 соли наздиктарин тамоми деҳоту маҳаллаҳо бо чунин имконият таъмин карда шаванд.
Алҳол ба беш аз 7 ҳазор муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таълими томактабӣ ва мактабӣ интернети баландсуръат дастрас мебошад, пас аз 2 сол миқдори онҳо боз ба 12 ҳазор меафзояд.
Бо назардошти тамоми ин вазифаҳо моро лозим аст, ки дар тӯли ду моҳ коркарди барномаи «Ӯзбекистони рақамӣ – 2030»-ро анҷом диҳем.
Минбаъд барои мунтазам мувофиқсозии ин кор вазифаҳои махсуси муовини Сарвазир, муовинони роҳбарони вазорату идораҳо, ҳокимони маҳалҳо ҷорӣ карда мешаванд.
Мувофиқи мақсад мебошад, ки парлумон ҳисоботи ҳукумат, роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳоро бинобар татбиқ намудани кор оид ба рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ мунтазам шунавад.
Муҳтарам аъзои парлумон!
Акнун иҷозат диҳед ба вазифаҳои барномавӣ ва мақсадноки соҳаи иқтисодиёт, ки мо бояд дар соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда иҷро кунем, таваққуф намоям.
Якум, дар соли 2020 вазифаи асосии мо таъмин сохтани эътидоли макроиқтисодӣ ва боздоштани муфлисшавӣ дар ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ мебошад.
Аз ибтидои соли равон мо ба ҷорӣ кардани низоми боз­дошти муфлисшавӣ оғоз кардем. Дар ин кор бояд Вазорати иқтисодиёт ва саноат, Бонки марказӣ, Вазорати молия эътидоли афзоиш ва муфлисшавии иқтисодиётро таъмин кунанд, ҳамчунин зиёни хориҷиро ба инобат бигиранд.
Алҳол давлат нархҳоро барои 37 намуди мол ва хидматҳо танзим мекунад, ин бошад ба рақобати озод таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин нуқтаи назар бояд минбаъд ба мушаххаскунии нархҳо, коҳиш додани онҳо ва баланд бардоштани сифати маҳсулот аз ҳисоби рақобати солими байни корхонаҳо эътибори асосӣ дода шавад.
Дар пояи омӯхтани таҷрибаи байналхалқӣ бояд ба сектори хусусӣ дар он соҳаҳои монополӣ, ки метавонанд дар шароити рақобат ва ташаккул додани муҳити рақобат таъсис ёбанд, роҳ кушода шавад. Вобаста ба ин бояд қонунҳо дар бораи монополияҳои табиӣ ва рақобат нав карда шаванд, ҳамчунин Стратегияи ташаккулдиҳии муҳити рақобат коркард шавад.
Роҳи ягонаи таъмин сохтани нархҳои устувор барои маҳсулоти озуқаворӣ дар бозори истеъмол ин зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, чорвопарварӣ ва дигар анвои озуқаворӣ, ҳамчунин созмон додани силсилаи самарабахшу муттасили «киштзор – пештахта» ба шумор меравад. Ҳукумат якҷоя бо мақомоти ҳокимияти маҳалҳо бояд иҷрои вазифаҳои мазкурро таъмин намояд.
Бояд назорати истифодаи мақсаднок ва сарфакоронаи маб­лағҳои буҷа пурзӯр карда шавад.
Соли равон мо ҳудуди волоии охирини қарзи хориҷии давлатро муайян кардем. Минбаъд ба омӯхтани фурӯш ва истифодаи самарабахши зайёмҳои созмонҳои байналхалқии молиявӣ эътибори ҷиддӣ дода хоҳад шуд. Ба Девони Вазирон супурда мешавад, ки дар муҳлати 3 моҳ бо ҷалби коршиносони байналхалқӣ лоиҳаи қонунҳои «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ» ва «Дар бораи қарзи давлатӣ»-ро кор карда барояд.
То даме, ки мо «иқтисодиёти сиёҳ»-ро, ки ба ислоҳоти мо садди ҷиддӣ мегардад, решакан накунем, дар бораи ташаккул додани рақобати солим ва муҳити мусоиди сармоявӣ ҳоҷати сухан гуфтан нест.
Ҳоли ҳозир барои ҷорӣ кардани тартиб дар бозори маҳсулоти машруботӣ ва тамоку ҷорӣ кардани низоми борчаспии рақамии молҳо оғоз ёфт. Минбаъд чунин низомро мо дар соҳаи муомилоти маҳсулоти доруворӣ низ истифода мебарем.
Ба Девони Вазирон супурда мешавад, ки назорати лоиҳаи ҷорӣ кардани борчаспии рақамӣ ва онлайн-­касс, ки аз ҳисоби сармояҳои бевосита дар ҳаҷми 200 миллион доллар татбиқ карда мешавад, таҳти назорати махсус бигирад.
Дуюм, барои бо суръати баланд инкишоф додани иқтисодиёт мо бояд мустақиман сиёсати фаъоли сармоявиро идома диҳем.
Соли равон дар ҳаҷми 23 миллиард доллар маблағ бо ба истифода супурдани 206 иншооти нави бузурги истеҳсолӣ азхуд карда мешавад. Аз ҷумла, дар пойгоҳи Маҷмӯи газу кимёи Шӯртан иқтидорҳо бинобар истеҳсоли сӯзишвории моеи синтетикӣ, дар ҷамъияти саҳҳомии «Навоиазот» – туршии азот, аммиак ва карбамид ба истифода дода мешаванд. Ба истифода супурдани Заводи филизоти Тошканд, шабакаи Сергелии мет­рополитени Тошканд, анҷом додани давраи аввали сохтмони ҳалқаи зеризаминии метро ба нақша гирифта шудаанд.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки қисми асосии сармоя­ҳоеро, ки дар соли 2020-ум азхуд мешаванд, сармоя ва вомҳои бевоситаи хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Ба мақсади дастгирӣ намудани сармоягузорон механизми дароз кардани пардохти андозҳо, қисман аз ҷониби давлат пардохтани харҷҳо барои фароҳам овардани инфрасохтор ҷорӣ мегардад.
Баробари ин таҷрибаи ҳангоми ҳисобу китоби андоз ба фоидаи даромадҳо барои хариди таҷҳизоти нави технологӣ, сохтмон ва бозсозии иншооти нав амалиёти хориҷкунӣ вусъат дода шуд.
Бояд тақрибан 3 ҳазор корхона бо саҳми давлатӣ инвентаризатсия карда, барои куллан кам кардани иштироки давлат дар соҳаҳое, ки сектори хусусӣ ва рақобат инкишоф меёбанд, чораҳо андешида шаванд.
Дар корхонаҳои стратегӣ, аз ҷумла комбинатҳои маъданҳои кӯҳии Навоӣ ва Олмалиқ, лоиҳаҳои нави сармоявӣ татбиқ карда, баробари ин онҳо ба иштирокдорони комили бозори байналхалқии молиявӣ табдил дода шаванд. Барои ин дар соли 2020-ум бояд тайёрӣ ба ҳисоботи молиявӣ дар асоси меъёрҳои байналхалқӣ, баҳодиҳӣ ба захираҳо анҷом дода, идоракунии замонавии корпоративӣ ҷорӣ карда шаванд.
Дар соҳаи нафту газ бо ҷалби коршиносони хориҷӣ самаранокии идоракунии корхонаҳои давлатӣ баланд бардошта, хароҷот мувофиқ ва ба коҳиш додани қарзҳои мавҷуда саъй карда шавад.
Бо назардошти вазифаҳои мазкур ба Девони Вазирон супурда мешавад, ки дар муҳлати ду моҳ Стратегияи идоракунӣ ва ислоҳсозии корхонаҳоро бо иштироки давлат кор карда барояд.
Барои фаъолона ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ бояд дар моҳи марти соли равон Анҷумани байналхалқии сармоявии Тошканд дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шавад.
Яке аз воситаҳои самарабахши ҷалби сармояҳо ин механизми шарикии давлатию хусусӣ ба шумор меравад, бояд он дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, сохтмони роҳ, хидматҳои коммуналӣ, тиббиёт, таълим ва ғайра васеъ ҷорӣ карда шавад.
Ҳоло соҳаи сохтмон яке аз «драйвер»-ҳои муҳими иқтисодиёт гардид. Инро он санад низ тасдиқ менамояд, ки ҳиссаи вай дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 6 фоиз зиёд шуд. Бо мақсади минбаъд инкишоф додани соҳа бояд меъёрҳо ва қоидаҳои соҳаи сохтмон бо меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ карда шаванд, технологияҳои замонавии сохтмон ва маводҳо ҷорӣ гарданд, низоми тайёркунии кадрҳо куллан ислоҳ карда шавад.
Баробари ин бояд маҳакҳои мушаххаси баргузор кардани тендерҳо кор карда шуда, дар низоми мазкур технологияҳои иттилоотӣ васеъ истифода шаванд.
Ба Девони Вазирон супурда мешавад, ки дар муҳлати 2 моҳ стратегияи рушди соҳаи сохтмонро то соли 2025-ум кор карда барояд.
Сеюм, моро зарур аст, ки соли равон бобати рушди низоми бонк чораҳои қатъӣ андешем.
Мутаассифона, низоми бонк аз талаботи кунунӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ, ҷорӣ намудани маҳсулоти нави бонкӣ ва таъминоти барномавӣ 10-15 сол қафо мондааст.
Аз ибтидои соли 2020-ум дар ҳар кадом бонк барномаи васеъмиқёси трансфарматсионӣ ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Баланд бардоштани пойгоҳи сармоявиву захиравӣ ва даромаднокии бонкҳо дар маркази эътибори мо қарор хоҳад дошт.
Дар низоми бонк мо бояд фаъолияти «фабрикаи лоиҳаҳо»-ро, ки ба дастгирии соҳибкорон нигаронида шудааст, ҷорӣ кунем.
Бонкҳои мо бояд ба бозорҳои байналхалқии молиявӣ бароянд, захираҳои арзон ва дарозмуҳлатро ҷалб кунанд. Дар соли равон ба роҳ мондани «евробонд»-ҳои Бонки миллӣ ва «Ипотекабонк» мувофиқи мақсад мебошад.
Бонкҳои дорои саҳмияҳои давлатӣ зина ба зина ба сармоягузорони стратегӣ фурӯхта мешаванд.
Мақсади асосии ислоҳот дар соҳаи бонк ин ба бонкҳои тиҷоратӣ омӯзондани кори миҷозписанд мебошад.
Ба мақсади тайёр кардани кадрҳои замонавӣ Академияи бонку молия якҷо бо мутахассисони хориҷӣ куллан аз нав ташкил карда мешавад.
Барои ба бонкҳои давлатӣ ҷорӣ намудани таҷрибаи замонавии бонкӣ ва менеҷмент, хидматҳои нави бонкӣ барои мансабҳои роҳбарӣ ҷалби мутахассисони соҳибихтисоси идораҳои пешқадами молиявии хориҷӣ оғоз ёфт. Кор дар самти мазкур идома дорад.
Бояд таъминоти барномавии бонкҳо аз тариқи васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои замонавии иттилоотӣ куллан нав карда шавад.
То 1 июли соли равон бояд низоми иттилоотии «ҷараёни вом» куллан ба роҳ монда шавад.
Ташаккул додани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонк ва дар фаъолияти бонкҳо роҳ надодан ба дахолати берунӣ муҳим мебошад.
Чаҳорум, истеҳсоли маҳсулоти рақобатбардор, дарёфти бозорҳои нави байналхалқӣ ва зиёд кардани содирот, истифодаи пурраи иқтидори транзитӣ гарави афзоиши устувори иқтисодиёт ба шумор меравад.
Соли равон Бунёди дастгирии содирот, ки бояд ба коршиносон миёнаравӣ ва як қисми хароҷоти онҳоро сабук кунад, ҳамчунин Оҷонсии содиротиву вомӣ, ки бо кори ба роҳ мондани молияи пеш аз содиротӣ машғул хоҳад шуд, таъсис дода мешаванд. Ҷорӣ кардани хидматҳои замонавии содироти суғурта, механизмҳои ҷуброни як қисми хароҷот аз ҷониби давлат барои истифодаи нақлиёти автомобилӣ ва ҳавоӣ пешбинӣ мегардад.
Бояд низоми назорат ва инфрасохтор дар соҳаи савдои хориҷӣ беҳтар карда шавад. Аз ҷумла, дар пояи таҷрибаи хориҷӣ бояд фаъолияти идораҳои гумрук, санитарӣ, карантин, ветеринарӣ ва ғайра, ки назорати ситодҳои гумрукиро амалӣ менамоянд, ислоҳ шавад.
Соли 2020 бояд тақрибан 3 ҳазор меъёрҳо қабул карда шуда, миқдори онҳо ба 10 ҳазор расонида, дараҷаи мувофиқатиашон ба меъёрҳои байналхалқӣ ба 40 фоиз расонида шавад.

Дар ноҳияҳои Андиҷон, Тирмиз ва Қӯнғирот мо таъсис додани минтақаҳои савдои хориҷӣ ва аз тариқи онҳо инкишоф додани савдои наздисарҳадиро пешбинӣ менамоем.
Ширкатҳои хусусии трейдингӣ бояд бо муайян кардани хелҳои харидоргири маҳсулот, дарёфти бозорҳои маишӣ ва фурӯши онҳо машғул шаванд. Барои ин бояд маҷмӯи қонунҳое, ки фаъолияти онҳоро ба танзим меоваранд, коркард шаванд.
Ин ба савдои ҳам бозори хориҷӣ ва ҳам бозори дохилӣ дахл дорад.
Ба Девони Вазирон супурда мешавад, ки дар тӯли як моҳ консепсияи танзими фаъолияти иқтисодиёти хориҷиро кор карда барояд ва бобати таъмин кардани иҷрои вазифаҳои нишондодашуда ҳуҷҷатҳои дахлдор қабул кунад.
Ба мақсади сари вақт расонда додани маҳсулоти мо ба бозорҳои хориҷӣ ва дохилӣ, таъмин кардани арзиши онҳо моро лозим аст, ки соҳаи нақлиёт ва логистикаро инкишоф диҳем.
Дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан бояд боркашонии мусофирон ва борҳо, истифода ва хидмат муайян карда шаванд, яъне қисми табииву монополӣ ҷудо карда, самтҳое инкишоф дода шаванд, ки дар онҳо имконияти ҷалби секторҳои хусусӣ мавҷуд аст.
Бинобар ақидаи коршиносони байналхалқӣ аз ҳисоби беҳтар кардани инфрасохтор, таъмин намудани шаффофияти тарифҳо ва кушодани хатсайрҳои нав иқтидори транзитии кишвари моро метавон аз 7 миллион тоннаи ҳолоина то ба 16 миллион тонна расонид.
Мехоҳам эътибори шуморо боз ба як масъалаи муҳим ҷалб намоям. Ба мо барои зиёд кардани даромади аҳолӣ, таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ, зиёд кардани истеҳсолот бозорҳои нав лозиманд.
Алҳол мо бисёр қонунҳо ва қарорҳоро бо назардошти талаботи бозори замонавии иқтисодиёт қабул мекунем. Вале, мутаассифона, бисёр роҳбарон, масъулони иҷрои онҳо, ҳанӯз наметавонанд аз усулҳои куҳнаи кор, лоқайдӣ, муносибати расмӣ халос шаванд.
Бозори кушод зарурияти баланд бардоштани сифати маҳсулот, кам кардани арзиш, ҷалби технологияҳои нав, пешбурди ислоҳоти бозаргониро тақозо менамояд. Барои ҳамин ҳам мо бояд ба силсилаи байналхалқии истеҳсолот мувофиқ бошем, ба талаботи бозори меҳнат ҷавоб диҳем ва ҳамқадами қаробати иқтисодӣ гардем. Барои он ки ба ин талабот ва рақобат дар бозори байналхалқӣ омода бошем, роҳбарони соҳаҳо бояд дар болои худ таҳтидилона кор кунанд.
Бо назардошти тамоми ин омилҳо мо зарурияти вусъат додани қаробати иқтисодиро хуб дарк менамоем.
Алҳол 80 фоизи борҳои савдои хориҷии мо бо транзит аз тариқи Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон кашонда мешаванд. Дар ин маврид 50 фоизи содироти маҳсулоти тайёр, бинобар баъзе ҷиҳатҳо бошад, беш аз 80 фоизашон ба зиммаи кишварҳои номбурда меафтад.
Бо назардошти ин, ҳамчунин ба мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои шаҳрвандони мо, ки дар Русия ва Қазоқистон кор мекунанд, ҳоли ҳозир масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайни Ӯзбекистон бо Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё омӯхта мешавад. Бешубҳа, дар ин масъалаи ҷиддӣ мо, пеш аз ҳама, манфиатҳои халқамонро ба назар мегирем, ба афкори ӯ такя мекунем.
Бинобар ҳамин ҳам депутатҳо ва сенаторони мо, ки намояндагони халқ ба шумор мераванд, бояд масъалаи мазкурро дар палатаҳои парлумон ҳамаҷониба баррасӣ кунанд ва бо тамоми масъулият мавқеи асосноки худро изҳор намоянд.
Девони Вазирон бояд таҳлил ва баҳои умумии худро ба масъалаи мазкур анҷом диҳад ва бинобар натиҷаи он ба палатаҳои Олий Маҷлис хулоса ва пешниҳодоти худро пешниҳод кунад.
Баробари ин мо гуфтушунидҳоро бо Созмони умумиҷаҳонии савдо ва кори худро бобати бо Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонидани Шартномаи нав доир ба шарикӣ ва ҳамкорӣ идома медиҳем. Ҳамчунин иштироки худро дар дигар созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавии иқтисодӣ инкишоф хоҳем дод.
Панҷум, бояд соҳаи саноатро муттасил бо ашёи хом таъмин кунем ва инфрасохтори дахлдори замонавиро фароҳам оварем.
Барои бо ашёи хом таъмин кардани як қатор соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, аз ҷумла ҷанбаҳои кимё, нафту газ, энергетика, саноати электротехника, истеҳсолоти маводи сохтмон ва заргарӣ, пеш аз ҳама, бояд фаъолиятро дар соҳаи ҳафриёти геологӣ хеле беҳтар кунем. Ҳаминро ба ҳисоб гирифта, соли ҷорӣ барои аниқ кардани конҳои истиқболнок ва афзун сохтани захираҳои мавҷуда аз буҷа 2 триллион сӯм маблағ ҷудо карда хоҳад шуд.
Дар назди Кумитаи давлатии геология тавассути истифодаи самаранок аз ин маблағҳо соли равон 35 фоиз, соли оянда 40 фоиз баланд бардоштани вазифаи аниқсозии майдон ва конҳои нави истиқболнок гузошта шуд.
Кумитаи давлатии геология якҷоя бо Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ бояд камаш аз рӯи 20 кон маҷмӯи лоиҳаҳои тайёрро ташаккул диҳад, сармоягузорони салоҳиятнокро таклиф созад.
Ҳамчунин, Кумитаро лозим аст оиди углеводородҳо ва захираҳои онҳо ҳисобу китоб пеш барад, сохтори байналхалқии ба тоифа ҷудосозӣ ва идоракуниро дар амалиёт ҷорӣ созад. Барои таъмини пешравии иқтисодӣ барпои инфрасохтори ба кулли қулаиҳо молик ниҳоят зарур.
Мо барои се соли оянда ба сохтмони роҳ 9,8 триллион сӯм, ба иншооти обӣ – 4,6 триллион сӯм, ба иншооти барқӣ – 18,2 триллион сӯм, ба таъминоти гази табиӣ – 1,2 триллион сӯм маблағ ҷудо кардем. Ин рақамҳо аз маблағҳое, ки дар 10 соли охир барои ин нуқтаҳо ҷудо карда шуданд, якчанд баробар зиёд аст.
Лекин, ба ин нигоҳ накарда, барои барпои инфрасохтори замонавӣ, модернизатсияи сохтори мавҷуда ин даҳҳо баробар зиёд маблағ талаб мекунад.
Чӣ қадар душвор набошад, мо ҳар сол дар доираи Барномаи сармоявӣ маблағи зиёд ҷудо карда, корҳоро дар ин самт ҷадалнок давом медиҳем.
Барилова, ба рушди объектҳои инфрасохтор равона сохтани нисфи даромади аз пешгӯи баланди буҷаҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ – барои Вазорати молия ва ҳокимон бояд аз вазифаҳои асосӣ дар соли равон қарор гирад.
Дар вазъи ҷалб сохтани Палатаи қонунгузорӣ ва Палатаи ҳисоб ба ҷойҳо баромада ташкил кардани омӯзиши истифодаи мақсаднок ва самарабахши ин маблағҳо ба мақсад мувофиқ аст.
Шашум, боз ҳам беҳсозии муҳити тиҷоратӣ яке аз масъалаҳои муҳим шуда мемонад. Оиди дар рейтинги «Пешбурди тиҷорат»-и Бонки ҷаҳонӣ аз қатори 50 мамлакати беҳтарин ҷой гирифтан тамоми чораҳои ташкилию ҳуқуқиро қабул намудем. Ҳукуматро лозим аст иҷрои амалии ин тадбирҳоро самаранок ташкил намояд.
Мувофиқи Кодекси андоз, ки ба наздикӣ қабул гашт, аз имсол эътиборан бисёр навигариҳо дар амал ҷорӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, навъҳои андоз аз 13-то то 9-то фуроварда шуд. Ба дароз кардани муддати пардохти андоз ё худ қисм-­қисм пардохтани он механизмҳои сабуккунанда ворид шуданд.
Бори нахуст ба соҳибкорон аз рӯи дар бозори дохилӣ фурӯхтани маҳсулот тартиби баргардондани як қисми андози иловашуда ҷорӣ карда шуд. То ҳол ин тартиб фақат дар вазъи ба содирот баровардани маҳсулот ҷорӣ мегашт.
Аз ҳамин ҳисоб дар ихтиёри соҳибкорон 3,4 триллион сӯм ё худ нисбат ба соли гузашта 2,5 баробар зиёд маблағ мемонад.
Акнун андози зиёдатие, ки соҳибкор пардохтааст, дар муддаташ баргардонда нашавад, ба ӯ аз рӯи ставкаи асосии Бонки марказӣ аз буҷа фоиз пардохта мешавад. Аҳамияти инро соҳибкороне, ки дар ин толор нишаста ё тавассути «оинаи нилгун» суханони маро мешунаванд, фикр мекунам, аз дигарон беҳтар мефаҳманд.
Меъёрҳои Кодекси андозро ҳар як ходими андоз, соҳибкорон ва андоздиҳандагон бояд пухта азхуд кунанд, барои ин онҳоро мунтазам омӯзондан зарур.
Бо мақсади куллан тағйир додани ҷаҳонбинии ходимони хидмати андоз ва омодасозии кадрҳои малаканок, дар назди Кумитаи давлатии андоз ташкил карда шудани Институти Фиксалро таклиф менамоям.
Ба ин ҷараён экспертҳои хориҷии соҳибтаҷрибаро ҷалб кардан зарур. Баробари ҳамин, соҳаи ба соҳибкорон бисёр азиятдиҳанда – тартиби литсензионӣ ва рухсатномадиҳиро ҷиддан дигаргун месозем. Кушод бояд гуфт, дар байни наздик 280-то литсензия ва рухсатномаҳо баъзе барои ҳисоби навъҳои фаъолият, маблағ рӯёндан ё ҳамту «назорат бурдан» ҷорӣ карда шудаанду халос. Ин бошад ба эътирози ҳаққонии соҳибкорон сабаб мегардад.
Аз ин сабаб Вазорати адлия, Палатаи савдою саноат, Бизнес-­омбудсман то 1 марти соли 2020 асосҳои литсензия ва рухсатномадиҳиро куллан дида баромада, оиди миқдори онҳоро камаш 2 баробар ихтисор кардан таклифҳои аниқ ворид созанд. Ҳамчунин, лоиҳаи Қонун «Дар бораи тиҷорати хурд ва миёна»-ро кор карда баровардан зарур.
Дар он мезонҳои тиҷорати хурд ва миёна, баробари ин, механизмҳои рағбатноксозии вакилони ин соҳа бояд ба назар гирифта шаванд. Имсол дар ҳар ҳудуд оиди ба соҳибкорон кушод ва ҳаққонӣ расонидани маълумотҳо сохтори нав ҷорӣ менамоем.
Мувофиқи он, имконият фароҳам меояд харитаи пурраи майдонҳои холие, ки соҳибкорон фаъолият мебаранд, бино ва иншоот, арзиш ва шартҳои онҳо дар вақт ва ҳудуди дилхоҳ ба тарзи «онлайн» гирифта шавад.
Хабардор ҳастед, 2 сол пештар муддати мораторие, ки нисбати санҷиш эълон мегашт, барҳам дода шуд. Лекин фикр накунед, ки усули куҳнаи санҷишу тафтишҳои пештара аз нав ҷорӣ мешавад.
Ба киҳо ин маъқул ё не, мо ба он дигар роҳ намегузорем. Тамоми роҳбарони идораҳои назоратӣ инро ба гӯши худ ҷой кунанд.
Дар семоҳаи аввали соли 2020 дар асоси таҷрибаҳои пешқадам идораҳои назораткунандаи тамоми дараҷаҳо сохтори нави замонавиро ҷорӣ кунанд.
Тавассути ин бо ҳар корхона ва соҳибкор алоҳида-­алоҳида кор бурда, лозим аст фаъолияти қонунии онҳо таъмин гардад. Санҷишро бошад, чун вопасин чораи фавқулодда адолатнок гузаронидан лозим. Аз рӯи масъалаи мазкур, роҳбарони идораҳои назоратӣ дар назди парлумон дар ҳар семоҳа шахсан ҳисобот дода мераванд.
Тартибу тамоюлоти ҳозира бобати муфлисӣ пӯшидани корхонаҳо ва аз ҳисоби маблағҳои аз молу мулк афтода пардохти қарзҳоро дар назар дорад. Барои ҳамин, дар 3 соли охир танҳо дар 3 корхона санатсия дастгирӣ ёфту халос. Акнун аз баҳри ин гуна қоида баромада, оиди дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ солимгардонии корхонаҳои ба пардохт беқобилият сохтори нав ҷорӣ менамоем.
Барои таъмини ҳуқуқҳои соҳибкорӣ назорати таъсиргузори парламентии ҳарду палатаи Олий Маҷлисро роҳандозӣ кардан лозим.
Баъзе намудҳои ҷиноятро, ки дар соҳаи соҳибкорӣ хатари бузурги иҷтимоӣ надорад, сиёсати аз тоифаи ҷиноят бароварданро мунтазам бояд давом диҳем. Аз ҷумла, барои корҳое мисли рехтани обрӯи рақобаткунанда, тадбиркории сохта ҷавобгарии ҷиноӣ бекор карда мешавад. Ҳамчунин, шахсонеро, ки ҷинояти вайрон кардани ҳуҷҷатҳои қонунии гумрукро бори аввал содир мекунанд, аммо пардохтҳоро пардохтаанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардан лозим.
Вақти бекор кардани тартибҳое мисли ба аъзои субъекти соҳибкории шахси юридикӣ айби «иттиҳодияи ҷиноӣ» гузошта шуда, ба онҳо ҷазои вазнин таъин кардан, ки кайҳо боз кӯҳна шудааст, фаро расид.
Дар натиҷаи он чӣ қадар азоб кашида, зарари моддӣ дидани садҳо соҳибкоронро ба инобат гирем, чӣ қадар аҳамияти калон доштани ин тағйиротҳо равшану возеҳ мегарданд.
Суди олӣ, Сарпрокуратура, Бизнес-­омбудсман, Палатаи савдову саноат, Вазорати адлия то 1 апрели соли 2020 бинобар масъалаҳои мазкур лоиҳаи қонуни дахлдорро бояд пухта кор кунанд.
Ҳафтум, дар асоси муносибатҳои стратегӣ ривоҷ додани яке аз соҳаҳои муҳимтарини таъмингари ривоҷи иқтисодӣ, шуғл ва афзоиши даромадҳои аҳолии мо – хоҷагии қишлоқро ривоҷ додан лозим аст.
Суръатҳои афзоиши ҳолоинаи соҳа моро мутлақо қонеъ намекунад. Дар ин бобат агар механизми бозорро васеъ ҷорӣ намуда, манфиатдории фермерон ва деҳқононро зиёд накунем, тағйиротҳои эҳсосшавандае, ки мо интизорӣ дорем, амалӣ намешаванд. Ба ин боис супориши давлатро бобати парвариши пахта ва ғалла бекор карда, ба низоми харид кардани маҳсулоти мазкур дар асоси тамойилҳои бозор зина ба зина мегузарем.
Агар бо ин роҳ наравем, барои парвариши маҳсулот фермер ва деҳқонони мо озодиро ҳис намекунанд, онҳо тибқи интизориашон манфиат намебинанд, услуби кории ҳокимҳо бошад, тағйир намеёбад.
Бунёди дастгирии давлатии хоҷагии қишлоқро ислоҳ намуда, ба шабакаҳои дигари соҳаи аграрӣ низ ҷудо кардани вомҳои арзон роҳандозӣ мешавад.
Дар оянда Вазорати хоҷагии қишлоқ бояд аз усулҳои кории куҳнае мисли ба корхонаҳои соҳа нишондод пешкаш кардан, тақсим кардани захираҳо, муайян кардани нақша мутлақо даст кашад. Ба ҷойи он, бинобар ба ташкилоти сервис табдил гардидани вазорат, ба ташкилотҳои агросаноатии хусусӣ муайян кардани ҳолати замин, дуруст интихоб кардани намудҳои кишт ва тухмиҳо, мубориза алайҳи зараркунандаҳо, кумаки молиявӣ, ёфтани бозори маҳсулот бояд хизмат расонад.
Дар соҳаи аграрӣ дар баробари дастгирии ҳаракати фермерон бинобар зина ба зина ба шакли кластер гузарондани парвариши пахта ва ғалла ҷустуҷӯҳои худро идома медиҳем.
Дар соҳаҳои дигаре мисли меваву сабзавот, шоликорӣ, чорвопарварӣ ва пахтакорӣ низ корҳои ташкил кардани клас­терҳоеро, ки ба талаботи имрӯза ҷавобгӯянд, давом медиҳем.
Имсол 2 миллиард доллар, дар 5-7 соли минбаъда бошад, аз ин 3-4 баробар зиёд барои содир кардани маҳсулот чораҳои якбора зиёд кардани парвариши маҳсулотро дидан даркор.
Парламенти мо қонуни нав «Дар бораи кооператсия ва кластерҳо»-ро, ки асоси ҳуқуқии ин ислоҳотҳои мо мебошад, зудтар қабул кунад, ин ба нақша ва ниятҳои бузурги мо мувофиқ мешуд.
Имсол барои рушди парвариши меваву сабзавот, ангурпарварӣ, тухмикорӣ, чорводорӣ, агрологистика, васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои сарфакунандаи об, тайёр кардани кадрҳои бомалакаи соҳа, корҳои илмиву тадқиқотӣ 3 триллион сӯм маблағ равона мекунем. Дар соҳаҳое мисли чорводорӣ, қоракӯлпарварӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ ба наслнокӣ эътибори алоҳида дода шуда, механизмҳои нави аз ҷониби давлат дастгирии онҳо татбиқ карда мешавад.
Дар соли 2020 дар 44 ҳазор гектар ё нисбат ба соли гузашта қариб дар беш аз 4 баробар зиёд майдон технологияҳои сарфакунандаи обро ҷорӣ мекунем. Барои ин аз буҷети давлат 300 миллиард сӯм субсидия ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин, ҷараёнҳои идоракунии объектҳои хоҷагии об, низоми назорати об ва пешбарии ҳисоби онро автоматӣ кунондан лозим.
Масъалаҳои мазкур дар Консепсияи рушди хоҷагии об бояд инъикос шаванд. Девони Вазирон то 1 апрели соли ҷорӣ лоиҳаи ҳамин консепсияро барои тасдиқкунӣ ворид кунад.
Ҳаштум, ба соҳаи стратегии иқтисодиёт табдил додани туризм барои мо вазифаи устувор хоҳад монд.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарин дар назди ҳукумат ин миқдори сайёҳонеро, ки соли ҷорӣ ба мамлакати мо меоянд, ба 7,5 миллион расондан мебошад.
Маълум аст, як қатор воситаҳои ахбори оммавии хориҷии бонуфуз дар соли 2020 Ӯзбекистонро ба қатори мамлакатҳое, ки ба саёҳат рафтан албатта тавсия шудааст, дохил карданд.
Мо аз ин гуна имкониятҳо бояд пурсамар истифода барем.
Зиёрат ва сайёҳии тиббиро ҳам, ки дорои салоҳияти калон мебошад, низ бошиддат ривоҷ додан лозим.
Дар кишвари мо беш аз 8 ҳазору 200 объекти мероси маданӣ мавҷуд буда, ба хатсайрҳои туризм танҳо 500-тои онҳо ворид карда шудаанд.
Ҳукумат дар муддати се моҳ бинобар ба 800 расондани миқдори объектҳои хатсайрҳо, ки зиёрат ва туризми анъанавиро ривоҷ додан мумкин аст, чораҳо муайян кунад.
Боз як вазифаи муҳим ин суръат бахшидан ба дохил намудани объектҳои нави Ӯзбекистон ба Рӯйхати мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО мебошад.
Соли ҷорӣ инфрасохтори туристӣ фаъолона рушд хоҳад кард, аз ҷумла аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои сохтмони меҳмонхонаҳои нави замонавӣ 200 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Нӯҳум, зарур аст, ки минтақаҳоро ҳамаҷониба ривоҷ дода, барои аҳолӣ шароити шоистаи зиндагӣ фароҳам оварда, раванди урбанизатсияро тезонид.
Дар доираи ин кор 12 шаҳри моҳвораии 7 шаҳри калон – Андиҷон, Бухоро, Самарқанд, Қаршӣ, Фарғона, Намангон ва Нукус интихоб гардида, барои рушди онҳо тадбирҳои зарурӣ таҳия карда мешаванд.
Вобаста ба ин бояд гуфт, ки дар байни минтақаҳое, ки шумораи аҳолии қобили меҳнат муттаҳид аст ва ҷойҳое, ки бештар ҷойҳои корӣ таъсис дода мешаванд, тафовут вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин, парламент ва Ҳукумат бояд то 1 апрели соли 2020 таҷрибаи байналмилалиро дар ин самт омӯхта, пешниҳодҳои мушаххасро оид ба ислоҳоти системаи бақайдгирӣ таҳия кунанд.
Бе ҷалби сектори хусусӣ дар сохтмони манзил пурра қонеъгардонии талаботи манзилии аҳолӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, системаи нави ипотека ҷорӣ карда мешавад.
Ҳамин тавр, тақрибан 18 ҳазор хона дар шаҳрҳои вилоятҳо ва Тошканд ва 4 ҳазор хона дар деҳот аз ҷониби ширкатҳои хусусии сохтмонӣ сохта мешаванд. Барои таъмини рақобати солим байни бонкҳо, давлат тавассути савдои музояда қариб 4 триллион сӯм ҷудо мекунад.
Бо мақсади расонидани дастгирии иҷтимоӣ ба шаҳрвандони камдаромад аз буҷа барои пардохти бунаки ибтидоӣ, оиди хариди манзил ва пардохти фоизҳои ипотека барои 16000 оилаи ниёзманд дар шаҳрҳо тақрибан 1 триллион сӯм қарз ҷудо карда мешавад.
Пеш аз ҳама, ман мехоҳам, ки ҳар як оила дар мамлакати мо хонаи истиқоматии худ дошта бошад. Ҳамин тавр, мо тат­биқи ҳуқуқи бунёдии соҳиби манзилро таъмин хоҳем кард.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Мо идомаи ислоҳоти иҷтимоии васеъро барои куллан беҳтар кардани зиндагии мардум, ки тӯли се соли охир дар асоси принсипи «Манфиатҳои инсон аз ҳама болотар аст» амалӣ карда мешавад, суръат хоҳем бахшид.
Якум. Баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва тезондани ҳифзи иҷтимоии онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо хоҳанд буд.
Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки аксарияти сокинони минтақаҳо, хусусан деҳот, манбаи кофии даромад надоранд ва чун дар ҳама кишварҳо, мо низ гурӯҳҳои камдаромад дорем. Тибқи арзёбиҳои мухталиф ин нишондиҳанда 12-15 дарсадро ташкил медиҳад. Ин тақрибан 4-5 миллион аҳолии мамлакати мо мебошад.
Бисёриҳо чунин мешуморанд, ки ин мушкилот тавассути пардохти кӯмакпулӣ ва кӯмаки моддӣ ё афзоиши андозаи он ҳал карда мешавад. Аммо, ин равиши яктарафа аст, ки аслан мушкилотро ҳал намекунад.
Паст кардани сатҳи камбизоатӣ татбиқи сиёсати фарогири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – аз ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ то сафарбар кардани қобилият ва зарфияти аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави кориро талаб мекунад.
Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки якҷо бо Бонки ҷаҳонӣ, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ таҳия карда шавад.
Зарур аст, ки дар заминаи таҳлили амиқи меъёрҳои байналмилалӣ методологияи нав, аз ҷумла муайян кардани камбизоатӣ, критерияҳо ва усулҳои арзёбии он таҳия карда шавад.
Ҳамзамон, дар тамоми минтақаҳо зарур аст, ки тадриҷан таҷриба дар 22 ноҳияи деҳоти водии Фарғона оид ба ташаккули малакаҳои муосири пешбурди тиҷорат ва соҳибкорӣ дар аҳолӣ, ки натиҷаҳои мусбӣ медиҳанд, ҷорӣ карда шавад.
Афзалият бояд ба татбиқи ташаббусҳои соҳибкорӣ, ки ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии маҳаллӣ, хусусан дастгирии соҳибкорӣ дар байни ҷавонон ва занон мусоидат мекунад, равона карда шавад. Ба аҳолӣ ва соҳибкорон ба хизматрасониҳои маблағгузории хурд ва захираҳои молиявӣ ба хариди давлатӣ дастрасии васеъ фароҳам оварда мешавад. Бо ин чораҳо мо таваҷҷӯҳи мардумро ба соҳибкорӣ, эътимод ба тиҷорат ва хоҳиши зиёд кардани даромади онҳо афзун хоҳем кард.
Аммо, чи хеле ки маълум аст, на ҳама қобилияти соҳибкорӣ доранд. Аз ин рӯ, мо бояд ба чунин ашхос диққати махсус дода, онҳоро тавассути бозомӯзии касбӣ бо кори муносиб таъмин кунем. Барои ин мақсадҳо 700 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Мо бояд соҳибкоронро дар ташкили ҷойҳои корӣ ҳамаҷониба дастгирӣ кунем.
Ба Девони Вазирон супориш дода мешавад, ки дар муддати 2 моҳ лоиҳаи қонун дар бораи асосҳои соҳибкории иҷтимоӣ ва чораҳои ҳавасмандгардонии онро таҳия намояд. Ҳамзамон бо ин, Ҳукумат бояд дар соли ҷорӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ ташкил кардани 500 ҳазор ҷойҳои нави кориро таъмин намояд.
Мехоҳам қайд намоям, ки меъёри асосии баҳогузории фаъолияти роҳбарони минтақаҳо ин афзоиши шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ва ҷойҳои корӣ дар соҳаҳо, минтақаҳо ва ноҳияҳо хоҳад буд.
Дар давоми сол музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кӯмакпулӣ бо пеш гузаштан аз инфлятсия афзоиш хоҳад ёфт.
Инчунин ҷорӣ намудани системаи нави пардохти кӯмакҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла васеъ кардани фарогирии оилаҳои камдаромад, таъмини хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷавӣ зарур аст. Ҳамзамон бояд меъёрҳоро аз нав дида баромада, ба сис­темаи шаффоф оид ба таъин кардани имтиёзҳо гузашта, дар ин бобат ба иштироки маҳалла баҳои танқидӣ дод. Умуман, системаи нав бояд чунон кор кунад, ки то шаҳрвандон барои кӯмаки иҷтимоӣ ба як идора муроҷиат кунанд, ки он ҳамон рӯз ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро омода намуда, масъаларо ҳал кунад.
Ғайр аз он, системае таъсис дода мешавад, ки дар он барои шаҳрвандон пешниҳод кардани шиноснома барои гирифтани нафақа кофӣ аст. Бо ин мақсад, хазинаи бойгонии давлатиро ба бонки электронии маълумот бояд гузаронд.
Соли ҷорӣ бояд системаи мукаммал ва самарабахши кор бо одамони калонсол, бахусус шахсони танҳо ва дастгирии иҷтимоии онҳо созмон дода шавад. Инчунин миқдори кӯмакҳои иҷтимоии барои онҳо пешбинишуда аз нав дида баромада шавад.
Барномаи алоҳидаи мутобиқсозии иҷтимоии тарбиятгирандагони хонаҳои меҳрубонӣ таҳия карда, аз ҷумла онҳо бо ҷои кор ва дар оянда бо манзил таъмин карда шаванд. Барои мо хеле муҳим аст, ки чунин кӯдакон ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи давлат ва ҷомеаро доимо ҳис кунанд.
Аз нав дида баромадани пардохтҳои маъюбӣ, барои дафн, бо сабаби аз даст додани саробон, ҷуброн барои ҷароҳати корӣ зарур аст. Қонун «Дар бораи суғуртаи иҷтимоӣ» лозим аст.
Ба Девони Вазирон супориш дода мешавад, ки дар муддати ду моҳ Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таҳия карда, вазифаҳои афзалиятнокро дар ин соҳаҳо пешбинӣ кунад.
Дуюм. Мо ислоҳоти худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба таври муттасил идома хоҳем дод.
Ба мо лозим аст, ки барои фароҳам овардани шароити муносиби корӣ ва афзоиши даромади кормандони тиб, баланд бардоштани нуфузи онҳо дар ҷомеа чораҳои амалӣ андешем.
Барои таъмини муассисаҳои тиббии давлатӣ ва аҳолӣ бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ 1,5 триллион сӯм ҷудо карда мешавад, ки ин нисбат ба соли гузашта 1,3 баробар зиёд аст. Ба сохтмон ва таъмири 281 муассисаи тиббӣ ҷудо намудани 1,1 триллион сӯм пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, дар 17 маркази илмию амалии тиббӣ ҷорӣ кардани системаи муосири идоракунӣ зарур аст.
Тадбирҳо оид ба рушди минбаъдаи тибби хусусӣ тавассути шарикии давлатию хусусӣ, пурзӯр гардондани рақобати солим дар ин соҳа, пеш аз ҳама бо роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ ба рушди марказҳои тиббии махсус бояд андешида шаванд.
Бояд сифати хизматрасонии гематологӣ ва вирусологӣ ба аҳолӣ, куллан ислоҳсозии системаи хизматрасонии тиббӣ барои беморони гирифтори бемориҳои сирояткунандаи ин категория зиёд карда шавад.
Мо бояд бо маблағ таъмин намудани барвақт муайян кардани касалиҳои гемотологӣ ва сирояткунанда, хариди доруворӣ ва техникаи тиббиро афзун гардонем.
Зарур аст, ки сабтҳои электронии тиббӣ дар марказҳои махсус ва филиалҳои онҳо, аз ҷумла, имсол дар муассисаҳои тиббии Тошканд ҷорӣ карда шаванд.
Барои ислоҳоти куллии системаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ зарур аст, ки дар соли 2020 қонун дар бораи суғуртаи ҳатмии тиббӣ қабул ва тамоми чораҳои ташкилӣ барои ҷорӣ кардани системаи нав таҳия карда шаванд. Ҳамчун таҷриба, имсол он дар вилояти Сирдарё ба фаъолият оғоз мекунад.
Назорат кардани гардиши доруҳо, пешгирии гардиши маҳсулоти қалбакӣ ва ташкили системаи нархҳои воқеии доруҳо дар тартиби «онлайн» вазифаҳои таъхирнопазир мебошанд.
Сеюм. Мо бояд кори систематикиро оид ба дастгирии ҷавонон ва занон идома диҳем.
Дар соли 2020 барои амалисозии 5,5 ҳазор лоиҳаҳои соҳибкории занон 100 миллиард сӯм воми имтиёзнок дода мешавад. Маблағҳои барои ин зарурӣ ба бонкҳо аз ҳисоби буҷаи давлатӣ равона карда мешаванд. Ба ғайр аз ин, давлат ба 1576 зан барои пардохти аввали хариди манзили нав ҷуброн медиҳад.
Дар доираи барномаи «Панҷ ташаббус» бояд дар марказҳои соҳибкории занона курсҳои кӯтоҳмуддат барои гирифтани касб ташкил карда шаванд.
Тағйиротҳои куллӣ дар кишвари мо аҳамияти рушди минбаъдаи сиёсати давлатии ҷавононро муайян мекунанд. Мо бояд меъёрҳои ягонаи арзёбии самаранокии кор бо ҷавонон ва индекси миллии арзёбии сиёсати ҷавононро ҷорӣ намоем.
Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон бояд Консепсияи «Ҷавонони Ӯзбекистон – 2025» -ро таҳия карда, барои тарбияи насли навраси аз ҷиҳати маънавӣ ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ баркамол чораҳои амалӣ муайян кунад.

Ҳеҷ кас набояд дар кори хеле муҳими таъмини сулҳу оромӣ дар мамлакати мо, дар ҷамъият амиқ қарор додани тамоюли «Фарзандон, хона ва ватани худро мисли гавҳараки чашм нигоҳ доред!» дар канор истад.
Инкишофи дунёи маънавӣ ва ахлоқи мардуми мо, хусусан ҷавонон аҳамияти муҳим дорад.
Аз ин рӯ, вазифаи муҳимтарин барои мо тарбияи он дар асоси ғояи «Аз эҳёи миллӣ – ба пешрафти миллӣ» дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан аст.
Тавре ки шумо медонед, дар Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон мо ташаббусҳои навро оғоз намудем, ки ҳоло бояд дар саросари кишвар паҳн карда шаванд. Ман роҳбарони минтақаҳо ва ҷомеаи маҳаллиро даъват мекунам, ки ба ҳалли ин масъалаи муҳим диққати ҷиддӣ диҳанд.
Чорум, бояд минбаъд низ дар байни аҳолӣ тарзи ҳаёти солимро паҳн кунем. Бо ин мақсад, дар минтақаҳо иншооти нави варзишии оммавӣ, бахусус барои ҷавонон бояд сохта шаванд. Имсол қариб 500 миллиард сӯмина лоиҳаҳо татбиқ карда мешаванд, ки сохтмони 269 майдони футбол, волейбол, баскетбол ва бадминтон, 178 толор барои бокс, кураш, фитнес ва гимнастика, 32 майдони теннисро пешбинӣ менамояд.
Системаи шаффофи чор марҳилаи интихоби варзишгарони лаёқатманд аз рӯи принсипи «ташкилот – ноҳия (шаҳр) – вилоят – ҷумҳурӣ» ҷорӣ карда мешавад.
Ҳукумат ва Кумитаи миллии олимпӣ бояд тамоми шароитро барои муносиб баромад кардани варзишгарони мо дар Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии дарпешистода дар Токио фароҳам оваранд.
Панҷум, ба масъалаҳои ҳифзи экологӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад.
Мо корҳои бузургмиқёсро барои сабук кардани оқибатҳои фоҷиаи баҳри Арал, васеъ кардани ҷангалзорҳо дар қаъри хушкшудаи баҳр, дар атрофи шаҳрҳои Нукус, Урганҷ ва Хива бунёд кардани «камарҳои сабз» идома хоҳем дод.
Такмил додани низоми назорати экологӣ дар ҷойҳои корӣ, аз нав дида баромадани тартиби гузаронидани аудити экологӣ ва ҷоннокгардонии фаъолияти аудити хусусӣ дар ин самт вазифаи муҳим мебошанд.
Ҳукумат вазифадор карда шудааст, ки барои пешгирии таъсири ногувори экологии рушди саноат барномаи чорабиниҳои маҷмӯиро барои солҳои 2020-2025 таҳия кунад. То 1 октябри соли ҷорӣ зарур аст, ки бо ҷалби коршиносони бонуфузи байналмилалӣ лоиҳаи Кодекси экологӣ таҳия карда шавад.
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо бояд таҳия ва иҷрои бечунучарои барномаҳоро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, идоракунии партовҳо дар ҳар як минтақа ва дар ҳар як корхона таъмин кунанд.
Шашум, ба муассисаҳои фарҳанг ва ҳунар диққати махсус дода, барои таҳкими заминаи моддию техникии онҳо чораҷӯӣ карда шавад.
Имсол аз ҳисоби маблағҳои буҷа 22 бинои театр ва муассисаҳои фарҳангӣ сохта ва таҷдид карда мешаванд. Инчунин, дар заминаи шарикии давлатию хусусӣ 20 маркази фарҳангӣ, боғҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ кушода мешаванд.
Дар соҳаи кинематография бояд рушди саноати муосири филм, сохтани кинотеатрҳои нав ва эҷоди асарҳои бадеии баланд таъмин карда шавад.
Соли ҷорӣ низоми истеҳсоли маҳсулоти кинематографӣ дар асоси фармоиши давлатӣ такмил дода хоҳад шуд. Ба ин муносибат, бояд Консепсияи рушди соҳаи кинематография то соли 2030 ва қонун «Дар бораи кинематография» таҳия карда шавад.
Имсол мо бояд чорабинии дар ҳаёти фарҳангии кишвар муҳим – Фестивали дувуми байналмилалии санъати мақомро дар Шаҳрисабз баргузор кунем.
Инчунин, имсол мо бояд 145-солагии олим ва арбоби барҷаста Маҳмудхоҷа Беҳбудиро ҷашн гирем, ки дар он давраи мушкили таърихи мо далерона барои озодии Ватан ва маърифати мардум баромад кардааст.
Умуман, мо бояд таърихи ҳаракати ҷадидӣ, мероси аҷдодон – маърифатпарваронро амиқ омӯзем. Чӣ қадаре ки мо ин мероси маънавиро омӯзем, ёфтани ҷавоб ба саволҳои имрӯзаи мо осонтар мегардад. Чӣ қадаре ки мо онро фаъолтар тарғиб намоем, мардуми мо, хусусан ҷавонон, ба қадри ҳаёти орому озоди мо хоҳад расид.
Ҳамватанони азиз!
Ташкили системаи ҳамаҷониба андешидашуда ва самарабахши идоракунӣ шарти калидии иҷрои вазифаҳои васеъмиқёс мебошад.
Дар вохӯриҳои охирин бо депутатҳои навинтихобшуда мо ҳама масъалаҳои марбут ба ташкили босамари фаъолияти қонунгузорӣ ва назорати Олий Маҷлисро муҳокима кардем.
Мехоҳам диққати шуморо ба як қатор вазифаҳои рӯзмарраи ин самт ҷалб намоям.
Якум, ин таҳкими минбаъдаи нақш ва масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва намояндагӣ дар идоракунии давлатӣ мебошад.
Бояд низоми нави назоратро созмон дод, ки он имконияти муайян намудани онро фароҳам меорад, ки ҳокимон аз ваколатҳои васеи дар 3 соли охир ба онҳо додашуда то чӣ андоза самаранок истифода мебаранд ва инчунин ба самарабахшии фаъолияти сохторҳои ҳудудии вазорату идораҳо баҳо медиҳанд.
Ҳамин тавр, саволи одилона ба миён меояд: чаро Сарвазир, ҳама аъзои Ҳукумат, ҳокимони вилоятҳо ба парлумон ҳисобот медиҳанд ва роҳбарони ташкилотҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба Шӯроҳои маҳаллӣ ҳисобот намедиҳанд? Барои рафъи ин камбудӣ низоми ҳисоботи ҳокимони ноҳияҳо барои иҷрои барномаҳои худ ба Шӯроҳои минтақавӣ ҷорӣ карда мешавад.
Акнун, ҳокимон бояд на камтар аз як маротиба дар як сол ба воситаҳои ахбори оммавӣ ва ҷомеа дар бораи иҷрои андозаҳо ва нишондиҳандаҳои мақсадноки дар фармонҳо, қарорҳо, консепсияҳо ва стратегияҳои муайяншуда иттилоъ диҳанд.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ пешниҳод менамоям, ки ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти намояндагӣ дар маҳаллаҳо институти дархости Шӯро ҷорӣ карда шавад.
Боз як масъалаи муҳим. Дар айни замон тибқи қонунгузорӣ аз ҷониби ҳокимиятҳо иҷро гардидани тақрибан 300 вазифа ва функсияҳо пешбинӣ шудааст. Аз онҳо 175-тояш, аз рӯи моҳият, ба салоҳияти асосии ҳокимон шомил нестанд ва вазифаҳои дигар идораҳоро такрор мекунанд, ки ба сифати кор ва интизоми иҷро таъсир мерасонанд.
Ба ин муносибат ба Сенати Олий Маҷлис тавсия дода мешавад, ки бо иштироки Вазорати адлия дар нимсолаи якуми соли равон ваколатҳои ҳокимонро дида бароянд ва оиди ба идораҳои дахлдор додани вазифаҳои ғайриоддӣ ва такрорӣ пешниҳод омода намоянд.
Дуюм, имрӯз мо аз созмонҳои ғайриҳукуматию ғайритиҷоратӣ ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ интизорем, ки онҳо таваҷҷӯҳи мақомоти давлатиро ба мушкилоте, ки шаҳрвандонро ба ташвиш мегузоранд, инчунин пешниҳоди асосноки онҳо фаъолтар ҷалб кунанд.
Бо ин мақсад, мо бояд бо ташкилотҳои ғайриҳукуматию ғайритиҷоратӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ шарикии иҷтимоиро ба роҳ монем ва ҳаҷми грантҳо ва фармоишҳои иҷтимоиро афзоиш диҳем.
Ҳамкории иҷтимоӣ низ бояд аз ҷониби вазорату идораҳо густариш дода шавад. Аз ин рӯ зарур аст, ки Фонди ҷамъиятии дастгирии ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва ниҳодҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис такмил дода шавад.
Ӯҳдадории гузаронидани машваратҳо бо ҷомеа ҳангоми қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар, ки мавриди таваҷҷӯҳи аҳолӣ қарор доранд, бояд дақиқ муайян карда шавад ва чунин қарорҳо танҳо бо розигии ҷомеа қабул карда мешаванд.
Барои пурзӯр гардондани назорати ҷамъиятӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич байни давлат ва ҷомеа пешниҳод мекунам, ки Палатаи ҷамъиятии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон таъсис дода шавад.
Умуман, зарур аст, ки ҳамкории амалӣ байни парламент, Ҳукумат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ба роҳ монда, оид ба ин масъала мунтазам соати парлумонӣ ва ҷамъиятӣ гузаронда шавад.
Депутатҳо ва сенаторони муҳтарам!
Самаранокии ислоҳоти мо асосан бо 4 омили муҳим – таъмини волоияти қонун, мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ ва ташаккули институтҳои пурқуввати демократӣ муайян карда мешавад.
Чи хеле ки маълум аст, дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия мо вазифаҳои афзалиятноки таъмини волоияти қонун ва такмил додани соҳаи судиро муфассал баррасӣ кардем.
Баробари ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба вазифаҳои навбатӣ ҷалб намоям.
Якум, яке аз муҳимтарини онҳо ин таъмин кардани мус­тақилии комили суд мебошад.
Такрор кардан мехоҳам, ки то ҳол ҳолатҳои вайрон кардани қонун дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ ба назар мерасанд, ки метавон онҳоро танҳо пас аз ба даст овардани мустақилияти воқеии суд бартараф кард.
Тадбирҳои қонунгузории қабулнамудаи мо аллакай натиҷаҳои мушаххас медиҳанд. Ҷаноби Диего Гарсиа-­Саян, Маърӯзачии махсуси СММ оид ба масъалаҳои мустақилии судяҳо низ тағйироти мусбатро дар ин самт эътироф кард.
Дар 3 соли охир, нисбати 1989 нафар, танҳо дар соли 2019-859 нафар ҳукми сафедкунӣ бароварда шудааст. Инчунин, соли гузашта 3 081 нафар аз толори суд озод карда шуда, нисбат ба 2 623 шаҳрванд айбдоркуниҳои беасос пешниҳодшуда ба дигараш иваз ё ки хориҷ карда шуданд.
Аз ҷониби судяҳои мо бароварда шудани ҳукми сафедкунӣ, бешубҳа, дастоварди бузурги мо дар соҳаи суду ҳуқуқ мебошад.
Ҳамчун Президент, ман минбаъд низ ҷонибдори чунин принсип ва қатъияти судяҳо ҳастам.
Бо эътирофи барқарорсозии ҳуқуқи инсон маҳдуд набояд шуд. Вақти он расидааст, ки саволҳо оид ба сабабҳои вайронкунии онҳо ба таври дақиқ бардошта шаванд ва ба ҳолатҳои фишор дар ҷараёни мурофиаи судӣ ҷавоб диҳем.
Бояд мероси аз низоми кӯҳна боқимонда ва таҷрибаи амалкарди прокуратураро, ки қарорҳои судиро меомӯзанд, маҳдуд кард. Минбаъд прокурор метавонад танҳо пас аз расидани шикоят оид ба парванда қарори судро талаб кунад.
Бояд ваколати раисони судҳоро оид ба баҳогузорӣ ба фаъолияти судяҳо ва кушодани парвандаҳои интизомӣ нисбати онҳо аз нав дида баромад.
Шахсони масъули мақомоти давлатӣ бояд ба худ аниқ кунанд, ки масъалаи таъмини мустақилии судҳо минбаъд таҳти назорати қатъии Президент қарор хоҳад гирифт.
Ҳар як шахсе, ки остонаи судро убур мекунад, бояд итминон дошта бошад, ки дар Ӯзбекистон принсипҳои қонуният ва адолат қатъӣ риоя карда мешавад. Чуноне ки файласуфи машҳури олмонӣ Иммануэл Кант гуфтааст, «вақте ки адолат нопадид мешавад, чизе боқӣ намемонад, ки ба ҳаёт арзиш бахшад.» Мо набояд ҳеҷ гоҳ ин ҳақиқатро фаромӯш кунем.
Дар Ӯзбекистон судяҳо ҳимоятгарони оштинопазири қонун, такягоҳи мустаҳками адолат бошанд.
Ба Суди олӣ, Шӯрои олии судӣ ва Вазорати адлия супориш дода мешавад, ки дар муддати се моҳ лоиҳаи қонунро ворид созад, ки татбиқи ин пешниҳодҳоро пешбинӣ мекунад.
Дувум, қонунҳо ва кодексҳои асосии марбут ба соҳаи суду ҳуқуқ тақрибан 20-25 сол қабл қабул гардида, ҷавобгӯи талаботи замон набуданд.
Ба ин муносибат ба парлумон тавсия дода мешавад, ки дар солҳои оянда кодексҳои нави шаҳрвандӣ, ҷиноӣ, ҷиноию протсессуалӣ, кодекси ҷиноиву иҷро ва Кодекси ҷавобгарии маъмуриро қабул кунанд.
Дар ин ҳолат бояд ба татбиқи меъёрҳои пешқадами ҳуқуқи инсон дар таҷрибаи тафтишотӣ ва судӣ диққати махсус дода шавад.
Ҳангоми такмил додани қонунгузорӣ, моро бояд бештар на далели қабули қонунҳои нав, балки ба одамон чӣ нафъ овардани қонунҳои нав ва чӣ гуна ҳаёти онҳоро сабуктар гардондани онҳо ба ташвиш гузорад.
Сеюм, зарур аст, ки ислоҳот дар соҳаи пешакӣ пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ба зинаи нав бардошта шавад.
Мо барои такмил додани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ чораҳои ҷиддӣ меандешем. Аммо то ба ҳол онҳо ба сохторе табдил наёфтаанд, ки воқеан мардум онҳоро эҳтиром мекунанд.
Дар системаи онҳо меъёрҳои мушаххаси фаъолият оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ вуҷуд надоранд. Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки ислоҳотро идома дода, мақомоти корҳои дохилиро ба муҳофизони воқеии шаҳрвандон табдил додан зарур аст.
Дар тӯли панҷ соли оянда ҳайати нави парлумон, аз ҷумла Сенат бояд тамоми пояҳои зарурии ташкилӣ ва ҳуқуқиро фароҳам оварад ва чораҳои амалӣ андешад.
Бояд низоми такмили ихтисос ва тайёркунии мақсадноки роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳама сатҳҳо таҳия карда шавад.
Чорум, мутаассифона, коррупсия дар шаклҳои мухталиф ба рушди кишвар халал мерасонад.
Агар мо ин падидаи номатлубро решакан накунем, фазои воқеии мусоиди тиҷоративу сармоягузорӣ эҷод карда наметавонем ва ягон соҳаи ҳаёти ҷомеаи мо рушд нахоҳад ёфт.
Бояд иқрор шуд, ки соҳибкорон то ҳол дар чунин соҳаҳо, ба монанди додани замин, хидматҳои кадастр, гумрук, бонкӣ, иҷозатномадиҳӣ ва харидҳои давлатӣ бо коррупсия дучор меоянд. Инро муроҷиатҳои сершумор ба номи Президент, хабарҳо дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд.
То он даме, ки тамоми қишрҳои аҳолӣ ва мутахассисони беҳтарин ба мубориза бо коррупсия ҷалб карда нашаванд, то тамоми ҷомеаи мо, ба маънои рамзӣ, бо «ваксинаи ростқавлӣ» эм карда нашаванд, мо ба ҳадафҳои худ ноил шуда наметавонем. Мо бояд аз рафъи оқибатҳои коррупсия ба пешгирии барвақти он гузарем.
Худи замон таъсиси як сохтори алоҳидаи зиддикоррупсиониро дар назди парламент ва Президент тақозо дорад.
Бинобар ин, ба Маъмурияти Президент супориш дода мешавад, ки дар якҷоягӣ бо кумитаҳои палатаҳои Олий Маҷлис дар давоми се моҳ фармони дахлдори Президентро таҳия кунад.
Панҷум, худи ҳаёт аз мо талаб менамояд, ки як қадами муҳим дар таъмини ҳуқуқҳои инсон ва такмили қонунгузории шаҳрвандӣ гузорем.
Бояд барои ҳалли мушкилоти ҳамватанони мо, ки солҳои дароз дар кишвар зиндагӣ мекунанд, вале то ҳол мақоми шаҳрвандони Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро нагирифтаанд, тибқи қонун чораҳои ташкилӣ ва ҳуқуқӣ андешида шаванд. Аз ҷумла, шахсоне, ки то соли 1995 ба ҷумҳурӣ омада буданд ва аз он замон дар ин кишвар истиқомат мекунанд, бояд ба таври автоматӣ шаҳрвандони Ӯзбекистон шаванд. Ҳамин тариқ, мушкилоти ҳаётан муҳими қариб 50 ҳазор ҳамватанон ҳалли худро меёбанд.
Ба Девони Вазирон супориш дода мешавад, ки ин масъаларо дар якҷоягӣ бо Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис баррасӣ намуда, то 1-уми майи соли равон лоиҳаи қонунро пешниҳод кунад.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Мо барои таҳкими фазои ризоияти байни миллатҳо ва таҳаммулпазирии динӣ дар ҷомеа пайваста кор хоҳем кард.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии дӯстӣ, ки 30-юми июл ҷашн гирифта мешавад, пешниҳод мекунам, дар кишвари мо аввалин Ҳафтаи дӯстӣ ва Форум-­ҷашнвораи байналмилалии «Дӯстӣ» баргузор карда шавад.
Дар рӯзномаи маҷлис ҳамеша бояд масъалаҳои ба ҷомеа расонидани моҳияти ҳақиқии инсондӯстонаи дини ислом, эълом кардани арзишҳои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ, дар зиндагии мо қарор додани ғояи олии «Маърифат – зидди ҷаҳолат» ҷой дошта бошад.
Соли ҷорӣ конфронсҳои байналмилалии илмӣ ва амалӣ ва дигар чорабиниҳо оид ба кушодадилии динӣ, инчунин бахшида ба ҳаёт ва мероси илмии олими мутафаккир-­муҳаддис Имом Бухорӣ, теологи барҷаста Абӯ Мансур Мотуридӣ ва вориси кори ӯ Абӯ Муин Насафӣ ташкил карда мешаванд.
Дар бобати азнавсозии маҷмӯи ёдгории Имоми Бухорӣ дар Самарқанд дар асоси як лоиҳаи беназир мо корҳои зиёдеро анҷом медиҳем.
Ҳамзамон, мо 700-солагии таваллуди мутафаккири бузург Баҳоуддин Нақшбандро дар сатҳи баланди ташкилӣ бояд ҷашн гирем.
Солҳои охир дар чаҳорчӯбаи сиёсати инсонпарварӣ, ки дар кишвари мо амалӣ мешавад, барои ба зиндагии муқаррарӣ баргардондани шаҳрвандоне, ки аз роҳи дуруст роҳгум задаанд, корҳои муҳим анҷом дода шуданд. Ва имсол мо чораҳои муайянсозӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиву маишӣ, мутобиқшавии иҷтимоии одамонеро, ки ба фаъолияти экстремистии динӣ шомиланд ва самимона тавба кардаанд, идома хоҳем дод.
Вазъияти зудтағйирёбанда ва душвори таҳдидомез, муноқишаҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аз мо талаб менамояд, ки ҳамеша ҳушёр бошем, омода бошем, ки Ватани худро, ҳаёти орому осоиштаи мардуми худро ҳифз кунем ва ба ҳама таҳдидҳо вокуниш нишон диҳем.
Дар ҷамъомади охирини Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон мо вазифаҳои афзалиятнок ва чораҳои амалиро дар ин самт муайян кардем. Итминон дорам, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар иҷрои босамари вазифаҳоро таъмин хоҳад кард.
Мо корҳои васеъмиқёси оғознамудаи худро оид ба пурзӯр гардондани сиёсати хориҷии рӯшод, прагматикӣ ва амиқ андешидашуда, ки ҷавобгӯи манфиатҳои миллии мост, идома хоҳем дод. Мо ҳамкориҳоро бо ҳамаи кишварҳои хориҷии наздик ва дур густариш хоҳем дод.
Вобаста ба ин, зарур мешуморам, ки таваҷҷӯҳи шуморо ба афзалиятҳои зерин ҷалб намоям:
Якум. Мо бояд равобити дӯстона, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тамоми соҳаҳо таҳким бахшем.
Дуюм. Бояд робитаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ, фарҳангиву инсонпарвариро бо Федератсияи Русия, Ҷумҳурияти Халқии Хитой, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиё минбаъд низ инкишоф дода шаванд.
Сеюм. Мо ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Шӯрои ҳамкории давлатҳои турк­забон ва дигар сохторҳои бонуфузи байналмилалӣ тақвият хоҳем дод.
Дар соҳаи амиқсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти баҳри Арал мо ба Хазинаи трастии бисёршарикии оид ба амнияти инсонӣ, ки таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид барои минтақаи баҳри Арал ташкил шудааст, умеди калон дорем.
Мо ният дорем, ки дар мобайни солҳои 2021-2023 масъалаи узви Шӯро доир ба ҳуқуқҳои инсони Созмони Милали Муттаҳид гардидани Ӯзбекистонро муттасил пеш барем.
Дар сессияи 72-юми Сарассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид таҳияи Конвенсияи байналмилалиро дар бораи ҳуқуқҳои ҷавонон пешниҳод карда будем. Соли ҷорӣ бахшида ба ҳуқуқҳои ҷавонон гузаронидани Форуми Самарқанд роҷеъ ба ҳуқуқҳои инсон ва дар он муҳокима кардани лоиҳаи конвенсияро таклиф менамоям.
Қабули стратегияи миллиро доир ба ҳуқуқҳои инсон низ суръат бахшем.
Чорум. Самарабахшии фаъолиятамонро дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ташкилоти ҳамкории Шанхай бояд афзунтар созем.
Раисии Ӯзбекистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2020, барои мо дорои аҳамияти таърихист. Мо барои дар ҳамдӯстӣ васеъсозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдою иқтисод ва нақлиёту транзит, афзунсозии натиҷадории амалии қарорҳои аз тарафи ташкилот қабулгардида ва боз ҳам мустаҳкам кардани робитаҳои гуманитарии байни давлатҳо тамоми салоҳият ва имкониятҳои худро ба кор меандозем.
Рушди муносибатҳо бо Созмони ҳамкории Шанхай – самти муҳими сиёсати хориҷии Ӯзбекистон боқӣ хоҳад монд.
Ғайр аз ин, соли ҷорӣ гузаронидани тадбирҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиёи Марказӣ, Итттифоқи Аврупо ва кишварҳои Осиё дар сатҳи олӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ташрифҳо қабули барнома ва лоиҳаҳои ояндадор, ки барои манфиатҳои кишвар хизмат мекунанд, дар назар аст.
Аз фурсат истифода бурда, ба намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналхалқӣ, ки дар мустаҳкамсозии ҳамкориҳо бо Ҷумҳурияти Ӯзбекистон саҳми муносиб мегузоранд, миннатдории худро баён менамоям.
Ҳамватанони мӯҳтарам, меҳмонони азиз!
Соли 2020-ум дар миқёси байналхалқӣ 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Мо аз он барҳақ ифтихор дорем, ки халқи мард ва олиҳиммати мо ба ин Ғалаба саҳми бузург гузоштааст.
Умуман бигирем, дар ин ҷанги хунин беш аз 1,5 миллион писарону духтарони Ӯзбекистон барои сулҳ ва озодӣ размиданд, ҳар нафари сеюм ба хона, ба назди падару модар ва хешу ақрабо барнагашт, халқи мо қаҳрамонии онҳо ва фидокории нафаронеро, ки дар ақибгоҳ меҳнат кардаанд, фаромӯш нахоҳад кард.
Қарзи мо собиқадорони ҷангу меҳнатро на танҳо дар рӯзҳои ҷашн табрик кардан мебошад, балки мо бояд ҳамеша ба онҳо ғамхорӣ зоҳир намоем, аз вазъи саломатиашон хабар гирифта истем. Имсол ба ин масъала эътибори зиёд дода мешавад. Аз ҷумла, мо барои дар беҳтарин санаторияҳои кишвар муолиҷа гирифтани собиқадорон шароит фароҳам меоварем.
Оиди қаҳрамонию матонати халқи моро тавассути санъати киною театр, осори бадеию публитсистӣ, тадқиқоти илмӣ муассир намоиш додан ва ба фаҳми аҳолӣ, хусусан, ҷавонон расондан, корҳои васеъмиқёс анҷом дода мешаванд.
Масалан, дар ноҳияи Олмазори шаҳри Тошканд «Боғи Ғалаба» бунёд мегардад.
Мо бояд барои сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи хотираю қадр ва 75-солагии Ғалаба ҳамаҷониба омодагӣ гирем.
Ҳамватанони азиз!
Мо се сол қабл барои ба зинаи нави тараққиёт бардоштани мамлакатамон ба корҳои сарнавиштсоз оғоз бахшидем. Дар ин роҳ мо ба тавону имконият ва иқтидори зеҳнии халқамон такя карда, ба натиҷаҳои басе муҳим ноил гардидем. Акнун мо бояд комёбиҳоямонро таҳким бахшида, ба пеш қадамҳои устувор гузорем. Зеро ҷараёни ислоҳот ва навсозӣ дар кишварамон ба марҳалаи бебозгашт ворид шуд. Маҳаки асосии кору фаъолияти моро натиҷадорӣ ташкил медиҳад. Биноан, соли 2020 барои ҳамаи мо соли имтиҳон ва масъулият хоҳад шуд. Комёбиву натиҷаҳои дирӯза моро қонеъ намегардонанд, Ӯзбекистон имрӯз куллан тағйир ёфт, ҷаҳонбинии халқ низ дигар шудааст.
Ислоҳоти по ба марзи амал ниҳода меваи худро медиҳад, халқ онро дастгирӣ мекунад. Ва ин гуна ислоҳоту ҷараёни пуршиддатро ҳеч кас боздошта наметавонад.
Муҳимаш, мо бояд ба он ноил гардем, ки ҳар як оила, тамоми ҳамватанони мо дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ натиҷаи ислоҳотро ҳис кунанд.
Барори ин бояд роҳбарони ҳамаи зинаҳо аз паси фоизу рақамҳо надавида, кору фаъолияти худро ба таъмини манфиатҳои ҳар як инсон равона кунанд.
Танҳо дар ҳамон сурат собиқадорони муҳтарам, занони азиз, насли ҷавон, халқи сермиллати мо аз мо розӣ хоҳад шуд.
Агар баҳри ба амал татбиқ намудани ҳар як мақсаду вазифае, ки дар Муроҷиатнома имрӯз омадааст, аз ин нуқтаи назар наздикӣ ҷӯем, дуруст хоҳад шуд.
Бояд Девони Вазирон якҷо бо роҳбарони минтақаҳо бегуфтугӯ иҷрои ҳар як вазифаеро, ки дар Муроҷиатнома омадааст, таъмин намуда, дар ҳар семоҳа дар назди Олий Маҷлис ҳисобот диҳанд.
Ба Маъмурияти Президент ва Ҳукумат супурда мешавад, ки бо палатаҳои Олий Маҷлис дар тӯли 20 рӯз лоиҳаи давлатии барои соли 2020 пешбинишударо, баъди коркарди ҳамаҷониба, барои тасдиқ ворид намоянд.
Дар ҳамин ҷо диққати шумоёнро боз ба як чиз ҷалб намуданиям.
Тӯли се соли охир барои таъмини озодии сухан, рушди ҳамаҷонибаи расонаҳои ахбори оммавӣ, кору фаъолияти озоди журналистону блогерҳо асосҳои ҳуқуқӣ ва имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуд. Мо минбаъд низ ба кору фаъолияти озоду холисонаи намояндагони «ҳокимияти чорум», барои ба халқамон ва аҳли ҷомеаи ҷаҳон объективона равшан намудани ислоҳоте, ки дар кишварамон татбиқ мешаванд, шароити мусоид фароҳам меоварем.
Ман ба дастгирии ҳамаҷонибаи журналистони касбие, ки мушкилоту камбудиҳои дар маҳалҳо ҷойдоштаро холисона равшан менамоянд, омода ҳастам.
Дӯстони азиз!
Имом Бухории бузург дар як ҳадис сухани ҳикматомезеро овардааст, ки ин аст: «Ҳамаи амалҳо ба ният вобаста аст».
Бешубҳа, корҳои бо ниятҳои нек оғозёфта, самараи худро хоҳанд дод.
Имрӯз мо якҷо бо халқи мард, заҳматписанд ва босабру қаноатамон дар пеши худ мақсаду вазифаҳои бузург гузошта истодаем.
Дар пеш моро вазифаву имкониятҳои бузург мунтазиранд.
Бояд як ҳақиқатро ҳеч гоҳ фаромӯш накунем: мо халқе ҳастем, ки таъриху давлат ва фарҳанги бузургро офаридаем.
Мо халқи бузурге ҳастем, ки ҳеч гоҳ аз меҳнат намегурезем, душворӣ моро писанд нест, ба қадри адолат мерасем.
Агар мо аз як гиребон сар бароварда, аҳлона ҳаракат кунем, бо ниятҳои нек ҳалолу пок меҳнат кунем, қуллаи баландтаринро низ фатҳ менамоем, ба ибораи дигар, ба кушодани саҳифаҳои нави таърих қодирем.
Дар ин роҳ ба мардона паси сар кардани ҳама гуна душвориҳо омодаем.
Ман итминон дорам, ки дар ин корҳо ба мо Офаридгор, рӯҳи поки аҷдоди бузургамон мададгор хоҳад шуд.
Дар роҳи татбиқи мақсаду вазифаҳои бартариноке, ки дар Муроҷиатномаи имрӯз пешбинӣ шудаанд, ман қабл аз ҳама ба халқи заҳматписанду олиҳимматамон, ҷавонони қавииродаамон, ба ҳамаи ҳамватаноне, ки ба хотири шукуфоии Ӯзбекистони азиз фидокорона меҳнат мекунанд, такя менамоям.
Бори дигар ба шумоён тандурустӣ, хонаободӣ, комёбиҳои беназир ва бахти оилавӣ мехоҳам.
Барои эътиборатон ташаккур.