Аз 1-уми феврал миқдори нафақа, стипендия ва ёрии моддӣ чӣ қадар меафзояд?

Аз 1-уми феврал миқдори нафақа, стипендия ва ёрии моддӣ чӣ қадар меафзояд?

  • Post category:Иқтисод

Бо қарори Президенти Ӯзбекистон аз 1-уми феврали соли 2020 музди меҳнати ходимони муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо 1,07 баробар зиёд карда шуданд. Ба ҳамин муносибат роҳбари гурӯҳи муайянкунандаи нафақа ва ёриҳои моддии шӯъбаи Хазинаи ғайрибуҷетии нафақа дар шаҳри Самарқанд Аминҷон Раббимзода барои муштариёни рӯзномаи «Овози Самарқанд» роҷеъ ба миқдори базавӣ барои ҳисоб кардани нафақа, нафақаи камтарин аз рӯйи синну сол, нафақаи бачаҳои ногиро, нафақаи шаҳрвандони собиқаи меҳнатии кофӣ ё ки лаёқати меҳнатӣ надошта маълумот дод.
Аз 1-уми феврали соли 2020 дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон:
– моҳонаи камтарини музди меҳнат 679330 сӯм (қаблан 634880 сӯм буд),
– миқдори базавӣ барои ҳисоб кардани нафақа – моҳе 238610 сӯм (қаблан 223000 сӯм буд),
– нафақаи камтарин аз рӯйи синну сол – моҳе 466680 сӯм (қаблан 436150 сӯм буд),
– нафақаи ногироҳо аз бачагӣ – моҳе 466680 сӯм (қаблан 436150 сӯм буд) муайян шуданд.
Миқдори ёрии моддиро низ зиёд карданд
Нафақа ба оилаҳое, ки бачаҳои то 14 сола доранд, нафақа барои парвариши бача то 2-солагӣ ва ёрии моддӣ ба оилаҳои камтаъминшуда ба миқдорҳои зерин:
– ба оилае, ки як нафар фарзанд дорад – 131000 сӯм (қаблан 122000 сӯм буд);
– ба оилае, ки ду нафар фарзанд дорад – 217000 сӯм (қаблан 203000 сӯм буд);
– ба оилаҳое, ки се нафар ва аз он зиёд фарзанд доранд – 304000 сӯм (қаблан 284000 сӯм буд);
– нафақа барои парвариши бача то 2-солагӣ 434000 сӯм (қаблан 406000 сӯм буд);
– ёрии моддӣ ба оилаҳои камтаъминшуда – аз 326000 сӯм то 653000 сӯм (қаблан аз 305000 то 610000 сӯм буд) муайян гардиданд.