На сих сӯзаду на кабоб

На сих сӯзаду на кабоб

  • Post category:Иқтисод

Дар ҳоле, ки натиҷаҳои соли 2019-ро ҷамъбаст карда, дастовард ва сабабҳои амалӣ нашудани баъзе барномаҳо таҳлил карда мешаванд, табиист, ки саволҳои бо самаранокии фаъолияти иқтисодӣ вобаста ба миён меоянд. Ислоҳотҳоеро, ки соли чаҳорум бо усули нав барои таъмини устувории иқтисодӣ, муяссар шудан ба афзоиши босуръати он амалӣ мешаванд, чӣ хел такмил диҳем, мувофиқи мақсад мешавад? Ҷараёнҳои интегратсияи соҳаи байналхалқиро чӣ?
Бо фаро расидани муддати ташрифи пешбинишудаи Президенти мамлакатамон ба Федератсияи Русия зиёд шудани шавқи ҷамоатчигӣ ба саволи зерин табиӣ аст, албатта. Сухан дар бораи дар оянда чӣ хел ҳамкорӣ кардани Ӯзбекистон бо иттиҳодияи интегратсионие чун Иттифоқи Иқтисодии Евроосиё (ИИЕО) меравад.
Дар соли 2010 ҷумҳуриятҳои Федератсияи Русия, Белорус ва Қазоқистони собиқ Иттифоқ аввал Иттифоқи гумрукӣ ташкил карда, дар оғози соли 2015 онро ба Иттифоқи иқтисодӣ табдил доданд. Сипас ба ин иттиҳодияи иқтисодӣ Арманистон ва Қирғизистон аъзо шуданд. Мақсад созмони иттиҳодияи интегратсионӣ ташкили бозори ягонаи маҳсулот, сармоя (капитал) ва қувваи корӣ, инчунин, баланд бардоштани салоҳияти истеҳсолии аъзои Иттифоқ бо роҳи амалӣ кардани ҳамкории барои тарафҳо баробар мебошад. Аъзои ИИЕО мамлакатҳое мебошанд, ки салоҳияти иқтисодиашон аз ҳамдигар тафовути калон дорад. Омиле, ки панҷ мамлакати мазкурро ба ҳам вобаста кардааст, ҳамкории онҳо аз нуқтаи назари ҳарбӣ мебошад. (аъзои ташкилоти шартномаи амнияти дастҷамъи (ТШАД – «ОДКБ»).
Хӯш, Иттифоқ ба сифати сохтори ягона, ё ки ҳар як узви он робитаҳои интегратсиониро инкишоф дода, ба чӣ хел дастовардҳо муяссар шуданд? Маълум, ки Федератсияи Русия аз соли 2014 инҷониб дар иҳотаи муҷозот (санксия)-ҳое мебошад, ки мамлакатҳои Ғарб ҷорӣ кардаанд. Аз ҳамин сабаб дараҷаи инкишофи мамлакате, ки имконияти бузурги истеҳсолӣ дорад, табъи дил нест. Бояд таъкид кард, ки суръати афзоиши солонаи маҳсулоти умумии дохилӣ (МУД) аз 2 фоиз пасттар аст. Русия ва Белорус роҷеъ ба ташкил кардани мамлакати ягона шартнома бастаанд, вале ба туфайли мавҷудияти тафовути калон байни мамлакатҳо ҷараёни ба дараҷаи пешбинишуда расондани ин шартнома тӯлонӣ шуда истодааст. Солҳои охир Белорус аз Русия нефт ва гази табииро бо нархҳои имтиёзнок харида, аз коркарди онҳо фоида мегирифт. Бо пайваста кам кардани имтиёзҳо (нархи газро баланд бардошта) байни Русия ва Беларус низоъҳои муайян рӯй медиҳанд. Дар натиҷа Белорус низ бе маслиҳат бо дигар мамлакатҳои Иттифоқ бо Украина ва мамлакатҳои Иттифоқ мустақилона ҳамкориро васеъ мекунад. Ташаббускори асосии ташкил кардани Иттифоқи мазкур Президенти аввалини Қазоқистон Н. Назарбоев мебошад. Дар байни аъзои Иттифоқ мамлакате, ки ба натиҷаҳои баланд расидааст, айнан Қазоқистон ба ҳисоб меравад. Ба ҳар сари аҳолӣ ҳаҷми МУД‑и он қариб ба 10 ҳазор доллар баробар буда, аз рӯйи ин нишондиҳанда Қазоқистон ҳатто аз Русия дар пеш аст. тарафи афзалиятноки узви Иттифоқ будани Қазоқистон ҳамин, ки дар ин мамлакат афзоиши суръати иқтисодӣ пурқувват шуда, мамлакат зина ба зина ба кам кардани қарзи берунаи худ муяссар мешавад.
Хӯш, ба вазъи иқтисодии ҳамсояи диёри мо Қирғизистон, ки се сол боз узви Иттифоқ аст, чӣ хел баҳо додан мумкин? Қирғизистониҳо ба имтиёзҳое, ки аз узвияти мамлакат ба Иттифоқ бармеояд, такя карда, аз фаъолияти муваққатии худ дар Русия ва Қазоқистон фоида мебинанд. Мехоҳам як нуқтаро таъкид кунам. Маълум аст, ки Қирғизистон чун Тоҷикистон потенсиали бузурги энергетикӣ дорад. Гап дар он, ки Тоҷикистон ба Иттифоқ аъзо нашуда ҳам, дар рӯёб намудани ин потенсиали энергетӣ ба натиҷаҳои назаррас расид, вале дар бораи Қирғизистон ба чунин хулоса омадан душвор аст. Инро ба инобат гирифта, Қирғизистон оҳиста-­оҳиста бо дигар мамлакатҳо ҳамкорӣ мекунад. Мисол, аз ҳисоби васеъ кардани тиҷорат бо Туркия нишондиҳандаи имрӯзаи 340 миллион доллараи савдои берунаро ба 1 миллиард доллар расонданист. Дар асл дар байни мамлакатҳои Осиёи Миёна даъвогари аввалин ба узвияти ИИЕО Тоҷикистон аст. Ба ин ҳамкории тӯлонии ҳарбӣ бо Русия, мигратсияи васеъмиқёси меҳнатӣ ва омили афғонро асос нишон додан мумкин. Вале то ҳол бо кадом сабабе ҳамсояамон чунин саъю ҳаракат надорад. Инро чӣ хел бояд фаҳмид? Гап дар сари он, ки Тоҷикистон дар оғози солҳои 2000-ум қувваҳои электриро бо ёрии Русия ба кор медаровард, вале шояд аз сабаби дар аксарияти ҳол ба фоидаи Русия ҳал шудани ҳисоб, ҳафсалааш пир шудааст. Чунин муносибатро дар байни Русияву Ӯзбекистон дар корҳои кофта гирифтани гази табиӣ дидан мумкин. Инҳоро ба инобат гирифта, мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон аз сиёсати кушодаи иқтисодӣ пеш бурдани мамлакатамон самаранок истифода бурда, бо суръати баланд инкишоф додани гардиши байниҳамдигарии тиҷорати берунаро афзал мебинанд.
Мамлакате, ки ба Иттифоқ аъзо мешавад, маҷбур аст, ки нисбати мамлакати саввӯм муносибатҳои байниҳам созишкардаро амалӣ кунад. Ин гуфтаҳо чӣ маъно доранд? Аъзои ИИЕО маҳсулоте, ки содирот (экспорт) карданианд, дар навбати аввал ҳатман ба аъзои Иттифоқ бояд пешниҳод кунанд. Ёки баръакс, воридот (импорт) кардани бошанд ҳам, маҷбуранд аввал аз аъзои Иттифоқ харид кунанд. Агар мамлакатҳои ба Иттифоқ аъзо рад кунанд, танҳо ҳамон вақт ҳуқуқи ба мамлакати саввӯм фурӯхтан ё аз он хариданро соҳиб мешаванд.
Аз оғози соли равон аъзои ИИЕО бозори ягонаи энергия ва молияро ташкил карданианд. Аз ин имкониятҳои бисёр калон ба вуҷуд хоҳанд омад. Чунки ҳоло аллакай Русия, дар ояндаи наздик Қирғизистон энергияи электриеро, ки ба Ӯзбекистон лозим мешавад, бемаҳдуд расонида метавонанд. Баъди аъзо шудан, мамлакат бояд аз барномаҳои барои муддати тӯлонӣ пешбинишудаи худ рӯ гардонад.
Омили калоне, ки барои ба ИИЕО аъзо шудани Ӯзбекистон хизмат мекунад, сабукиҳои муайяни барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба вуҷуд оянда аст. Гап дар он, ки шаҳрвандони Қирғизистон ва Арманис­тон дар Федератсияи Русия ҳангоми амалӣ кардани фаъолияти меҳнатӣ сарфу хароҷоти аз рӯйхат гузаштанро сарфа карда метавонад. Вале хароҷоти дигар, яъне коммуналӣ, иҷорапулӣ ва хизмати тиббӣ тағир намеёбанд. Аз ин рӯ имтиёзҳое, ки танҳо аз ҳисоби сарфаи хароҷоти аз рӯйхат гузаштан ба миён меояд, барои ба ИИЕО аъзо шудани Ӯзбекис­тон асос шуда наметавонад. Вазъи демографии Русия сабаби боз ҳам зиёд шудани талаб ба қувваи кории беруна шуда истодааст. Аз ин бармеояд, ки ҳукумати нави мамлакат дар солҳои наздик маҷбур мешавад, ки барои шаҳрвандони Ӯзбекис­тон шароити дахлдор фароҳам оварад. Зиёда аз ин, ба кадрҳои соҳибмалака дар дигар мамлакатҳо низ талаб калон аст. Барои ин сохтори таълими кадрҳоро бо ёрии тадқиқотҳои маркетингии байналхалқӣ аз вазъи мамлакатҳои қабулкунандаи қувваи корӣ баромада такмил додан зарур аст.
Маълум, ки мамлакатамон бо роҳи ташкил кардани минтақаҳои тиҷоратии озод бо аъзои ИДМ натиҷаҳои хубро ба даст меорад. Дар байни ҳамкорони тиҷорати беруна Русия дар ҷойи дуюм (6,6 миллиард доллар ё ки 15,7 %), Қазоқистон ҷойи саввум (3,3 млрд доллар ё ки 8 %) ва Қирғизистон ҷойи ҳафтум (829 миллион доллар ё ки 2 %) аст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фикрҳо роҷеъ ба пур шудани бозори дохилии мо бо маҳсулотҳои Русия ҳангоми ба ИИЕО аъзо шудани Ӯзбекистон ба назар мерасад. Вале агар ба вазъият ба таври реалӣ нигоҳ кунем, ҷой надоштани чунин хавфро дидан мумкин аст. Гап дар он аст, ки аз моҳи сентябри соли 2017 дар мамлакатамон сиёсати асъор (валюта) либералӣ карда шуд, яъне тадбиркори ихтиёрӣ метавонад аз имконияти мазкур истифода бурда, аз Русия маҳсулоти хостаашро воридот кунад. Вале бо васеъ шудани фаъолияти тиҷорати беруна пештахтаҳои тиҷоратии мамлакатамон аз маҳсулоти истеҳсоли Русия пур нашудааст. Чунки корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти истеъмолии Русия дар натиҷаи хусусигардонии нодуруст солҳо боз фаъолият надоранд. Дар асл, чун пешина мотосиклҳои «Урал», яхдонҳои «Зил», мошини ҷомашӯии «Саратов», телевизори «Рекорд» ва хонаҳои «фини»-и Русия биёранд, ин танҳо ба некӣ аст. Дар солҳои пеш маҳсулотҳои мазкур чунон босифат буданд, ки баъзе оилаҳо аз онҳо 30-35 сол боз истифода мебаранд. Мутаассифона, ҳоло илоҷи он нест.
Ба сифати хулоса ҳаминро бояд таъкид кард, ки узвият ба иттиҳоди интегратсионии дилхоҳ дар шароити дар иқтисодиёти дунё ҳукмрон будани барқарорӣ метавонад самара диҳад. Агар ин ҳолат бад шавад, ҳар як узви Иттифоқ кӯрпаро ба тарафи худ мекашад ва бе ҳеҷ шубҳа кӯрпа ба тарафи узви боқудрат бештар меравад. Ҳоло дар байни мамлакатҳои мутараққӣ «ҷанг»-ҳои тиҷоратӣ ва асъорӣ авҷ мегиранд ва дар чунин шароит салоҳияти иқтисодии худро ба таври мустақил нишон додани ҳар як мамлакат мувофиқи мақсад аст.
Агар номутаносибиҳое, ки дар солҳои истиқлол ба вуҷуд омадаанд, пайваста бартараф карда тавонем ва ба вуҷуд омадани навашро пешгирӣ кунем, Ӯзбекистон дар муддати кӯтоҳ дар тақсимоти меҳнат ҷойи муносиби худро ёфта метавонад. Дар шароити ҳозира барои мо роҳи мусоиди ҳамкории байналхалқии иқтисодӣ давом додани ташкили минтақаҳои тиҷоратии озод бо мамлакатҳои ИДМ, босуръат ба тамоюлҳои Ташкилотии байналхалқии тиҷоратӣ мос кардани иқтисодиётамон аст. Агар бо чунин роҳ пеш равем, на сих месӯзаду на кабоб. Барои ин ҳар як қонун ва қароре, ки дар роҳи мақсади олии ба қатори мамлакатҳои рақобатбардошт дохил шудан қабул карда мешаванд, асоснок кардан аз ҷиҳати илмӣ як тараф, вале ба қадри имкон аз муҳокимаи умумихалқӣ гузарондан тарафи дигар аст.

Илҳом ВАФОЕВ, иқтисодчӣ.