Ҳикоёти пандомӯз

Ҳикоёти пандомӯз

Диоген (400-323 то мелод) шахси тануманди бақуввате будааст. Рӯзе яке аз варзишгарон (дар иштирокчии бозиҳои олимпӣ ҷаҳидан ба баландӣ) ба Диоген гуфтааст:
– Эҳ, афсӯс, ки ба ҳамин қадар қувваю иқтидорат нигоҳ накарда, ту дар мусобиқаҳои Олимпӣ иштирок намекунӣ! Агар иштирок мекардӣ, албатта, ҷойи аввалро мегирифтӣ.
– Ман аз бозиҳои олимпӣ дида, ба мусобиқаҳои муҳимтар иштирок мекунам.
– Вай чӣ хел мусобиқа будааст? – ҳеҷ чизро нафаҳмида пурсидааст варзишгар.
Диоген таънаомез сар ҷунбонда, гуфтааст:
– Охир ту хуб медонӣ-­ку, ман бо ахлоқҳои бад мубориза мебарам.


Рӯзе ҳамсари Суқрот (469-399 пеш аз мелод) Ксантиппа шавҳари аввалаашро хуб сарзанишу маломат сохта, баъд оби дида кард. «Гуфта будам-­а, – ғурунгос зада гуфт файласуфи шӯрпешона, – Ксантиппа дар аввал раъду барқ барин меғурраду баъд борон шуда меборад». Инро Алкивиад дида, боз як бор иқрор шуд, ки ба ҷанҷоли Ксантиппа тоқат кардан душвор аст. Суқрот ба Алкивиад мегӯяд:
– Ман ба ҷангу ҷанҷолҳои ӯ мисли ғиҷирроси беохири чархи ароба одат кардам. Масалан, худи ту ба ғув-­ғуви ғозҳо тоқат мекунӣ-­ку!
– Ҳамин хел шуд, вале ман дар ивази он аз ғозҳо тухм ва гӯшт мегирам, – ба файласуф гуфт Алкивиад.
– Ксантиппа ба ман фарзанд зоида медиҳад, – фаҳмонд файласуф.


Шахсе ба Антисфен (444-366) гуфт:
– Туро бисёриҳо таъриф мекунанд.
Антисфен аз ин ба тааҷҷуб афтода, пурсид:
– Чӣ, ман ягон кори номаъқуле кардам?


Рӯзе Аристипп (430-355-и пеш аз мелод) дар ҳузури Дионисии ҳукмдор дӯсти худро ҳимоя мекард. Вале дастгирии ӯ, ки нафъе набахшид, худро ба зери пойи ҳукмдор партофт. Яке аз аъзоёни давлат инро дида, ӯро мазоҳ кард.
Ба ӯ Аристапп гуфт:
– Айб дар ман не, айб дар пойҳояш ҷой гирифтани гӯшҳои Дионисий мебошад.


Диоген (400-323 пеш аз мелод) ба наз­ди як ҳайкале рӯ ба рӯ истода, ҳар хел талабу дархост мекард. Аз ӯ сабаби инро пурсанд, дар ҷавоб гуфт:
– Худамро ба шунидани ҷавоби рад одат кунонида истодаам!

Таҳияи Бахтиёри ҶУМЪА.